Тоҷикистон дар Туркия намояндагии ВКД-ро боз мекунад

Бинои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон

Мақомоти Туркия ба Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки намояндагии махсуси Вазорати корҳои дохилӣ дар он кишвар боз шавад. Ин пешниҳод, ки тарафи Тоҷикистон онро пазируфтааст, ҳафтаи гузашта ҳангоми мулоқоти як ҳайати баландпояи Вазорати корҳои дохилии Туркия бо ҳамтоёни тоҷикашон дар Душанбе садо додааст.

Ҳоло маълум нест, ин намояндагӣ кай боз мешавад, вале ин пешниҳодро коршиносон аз ҷумлаи иқдоме медонанд, ки ду кишвар талош доранд, муносибати наздиктаре бо ҳам дошта бошанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон танҳо дар Русия намояндагии расмӣ дорад, ки дар мувофиқа бо ҳамтоёни руси худ дар боздошту истирдоди гумонбарон ширкат мекунанд. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 16-уми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пешниҳоди ҷониби Туркия пазируфта шуд ва барои амалӣ шудани ин пешниҳод ҳуҷҷатгузорӣ бояд сурат гирад. Ӯ гуфт, “ҳадаф аз боз кардани намояндагӣ пешгирӣ аз хатари гурӯҳҳои террористӣ аст. Дар чанд соли ахир дидем, шаҳрвандони кишвари мо, ки ба гурӯҳҳои тундрав дар Сурияву Ироқ пайвастанд, роҳи Туркияро истифода карданд. Барои пешгирӣ кардани ҳамин гуна ҳолатҳо дар оянда боз шудани намояндагӣ ба манфиати кор аст.”

Фатҳулло Гулен

Ҳоло маълум нест, ин намояндагӣ кай боз мешавад, вале ин пешниҳодро коршиносон аз ҷумлаи иқдоме медонанд, ки ду кишвар талош доранд, муносибати наздиктаре бо ҳам дошта бошанд. Тайи ду соли ахир Туркия бар асоси шартномаҳои дуҷониба даҳҳо боздоштшуда, ки аксаран ба узвият дар гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” муттаҳам мешуданд, ба Душанбе супурд, ҳарчанд дар боздошту истирдоди аъзои “Гурӯҳи 24” ва Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дархостҳои ин кишварро бепосух гузоштааст.

“Табаддулоти давлатӣ” - дарди муштарак

Мақомоти ҷамъиятиву сиёсии Тоҷикистону Туркия зуд-зуд бо ҳам дидору гуфтугӯ мекунанд. Рӯзи 12-уми декабр дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ дар шаҳри Истанбул Қоҳир Расулзода бо Биналӣ Йилдирим, ҳамтои туркаш мулоқот кард. Ҷонибҳо гуфтанд, талош мекунанд, гардиши молу коло миёни ду кишвар ба 1 миллиард доллари амрикоӣ бирасад.

Маҳдии Собир

Матбуоти расмӣ гуфт, сарвазирони ду кишвар кӯшиши табаддулот дар кишварҳои якдигарро маҳкум карданд. Нуктае, ки дар сафари моҳи октябри Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон ба Туркия садо дода буд.

Маҳдии Собир, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, талоши анҷом додани “табадулоти давлатӣ” дар ҳар ду кишвар аз омилҳое буд, ки онҳоро ба ҳам наздиктар кард. Дақиқан, ҳамкориҳои Туркия ва Тоҷикистон пас аз соли 2015 бештар шуд. Замоне ки моҳи сентябри соли 2015 Тоҷикистон аз “ошӯби” Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъ ҷилавгирӣ кард. Баъдан, тобистони соли 2016 Туркия эълон кард, ки аз табаддулоти ҳарбии Фатҳулло Гюлен, рӯҳонии шинохтаи муқими Амрико дар ин кишвар пешгирӣ намуд.

Пас аз ин, Тоҷикистон бо дархости Туркия мактабҳои маъруф бо номи туркиро, ки ба Фатҳулло Гюлен, рӯҳонии турк таалуқ доштанд, баст. Мухолифони тоҷик, ки Туркияро ба як поноҳгоҳи аслии худ табдил дода буданд, аксаран ин кишварро тарк карданд ва онҳое, ки дар он ҷо боқӣ монданд, мисли гузашта назарҳои интиқодӣ нисбат ба ҳукумати Тоҷикистон надоранд.

Маҳдии Собир мегӯяд, “дарди мо бо Туркия дарди муштарак аст. Онҳо низ ду соли пеш кӯшиши табаддулотро аз сар гузарониданд ва мо ҳам. Аз ин рӯ, дар шароити муосир мо ҳамдигарро хуб мефаҳмем.”

Тарс аз макони мухолифин шудани Туркия

Туркия кишварест, ки бо Тоҷикистон низоми раводид надорад, ки рафтуои шаҳрвандони ин кишварро осон мекунад. Низоми бидуни раводид бо ҳадафи тиҷорат фаровон истифода мешавад. Ин аст, ки ҳоло дар бозорҳои кишвар либосҳои туркӣ пас аз либосҳои истеҳсоли Чин дар ҷойи дувум қарор доранд. Дар ин кишвар ҳам тибқи иттилои расмӣ то 3 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ва бар асоси ҳисобҳои ғайрирасмӣ то ҳафт ҳазор нафар ҷойи кор пайдо кардаанд. Аммо ҳамкориҳои амниятӣ миёни ду кишвар дар ҳоле ҷиддӣ гирифта шуд, ки аз соли 2013 тариқи ин кишвар даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайваст.

Абдуҳалим Назарзода

Фаридун Ҳодизода, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, аслан пас аз сард шудани муносибати Тоҷикистон бо Эрон ин кишвар талош дорад, як шарики ҳамвазн дар минтақа дошта бошад. Ин шарикро ба гуфтаи Ҳодизода Тоҷикистон феълан дар симои Туркия мебинад.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Фаридун Ҳодизода, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз тариқи Туркия ба Ироқу Сурия рафта буданд, бо ба ҳамин масир бармегарданд ва барои кишвар хатар эҷод мекунанд. Ин ҳам дар шароите, ки мақомоти афғон мегӯянд, пас аз шикасти ДИИШ дар Ироқу Сурия аъзои он ба Афғонистон бармеграданд. Кишваре, ки бо Тоҷикистон марзи дарозу душворназорат дорад.

Фаридун Ҳодизода

Бо ин далел, ҳоло бо ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Туркия кор мекунад ва аз он ҷо бармегардад, мақомоти тоҷик бо шубҳа менигаранд. Моҳи гузашта мақомоти турк низ даҳ шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар миёнашон як зан ва панҷ кӯдак буд, боздошт карданд. Мақомоти турк мегӯянд, бо эҳтимоли зиёд онҳо аз Сурия баргаштаанд.