Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии ҷиддии Э.Раҳмон аз вазъи мусалмонон дар Мянмар. ВИДЕО


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар як гуфтугӯи телефонӣ бо Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия аз вазъи мусалмонони қабилаи Роҳинҷа дар Мянмар (Бирмаи собиқ) нигаронии ҷиддӣ кардааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ гуфт, ки ин сӯҳбат бегоҳи 7-уми сентябр сурат гирифт ва дар он масъалаи сафари Эрдуғон ба Тоҷикистон низ баррасӣ шуд.

"Зимни баррасии масъалаҳои байналмилалӣ сарони ду давлат дар робита ба вазъе, ки нисбат ба ҷомеаи мусулмонон дар кишвари Мянмар ба амал омадааст, изҳори нигаронии ҷиддӣ намуданд. Онҳо афзоиши исломбадбиниро дар Мянмар ва ҳамзамон ҳамлаҳои мусаллаҳонаи гурӯҳҳои иртиҷоиро дар Ракхайн қотеъона маҳкум карданд”, - омадааст дар вебсайти расмии президенти Тоҷикистон.

Видео: Тоҷикон дар бораи Мянмар чӣ мегӯянд?

Тоҷикон дар бораи Мянмар чӣ мегӯянд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:17 0:00

Бино ба қавли манбаъ, раисони ҷумҳури Тоҷикистону Туркия барои “ҳалли одилонаи ҳама гуна низоъҳои этникӣ ва мазҳабӣ сирф бар асоси муколамаи мусолиҳатомез” таъкид карда, “аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намудаанд, “бо истифода аз воситаҳои муассир пеши роҳи чунин зуҳуроти хатарзо гирифта шавад”.

Баъзе аз муҳаққиқон ёдовар мешаванд, ки нафрату душмании мутақобили миёни буддоиҳо ва мусалмонон дар ин бахши Мянмар ба вижа дар рӯйдодҳои Ҷанги Дувуми ҷаҳонӣ, замоне ки Бирмаи Бритониёӣ аз сӯи Ҷопон ишғол шуд, бештар шуд.

Дар ғарби Мянмар бар асари даргириҳо миёни артишу пулис ва намояндагони ақаллияти Роҳинҷа, ки аксаран мусалмон мебошанд, дар як ҳафтаи охир беш аз 400 нафар кушта шудааст. Инчунин даҳҳо ҳазор нафар дар ин муддат ба кишвари ҳамҷавори Бангладеши мусалмоннишин паноҳанда шуданд ё дар ҷазираҳои халиҷи Бангол дар соҳилҳои рӯдхонаҳои тропикии наздики марзҳои ду кишвар, паноҳ бурдаанд.

Мянмар, ки дар он умдатан буддоиҳо сокин ҳастанд, ахиран аз қудрати истибдоди артиш халос шуд. Аз соли 1962 ба ин тараф артиш дар ин кишвар ба панҷаи оҳанин ҳукм меронд. Ин кишвар аз чанд даҳа ба ин тараф шоҳиди танишҳои байниқавмӣ, сиёсӣ, ҷиноӣ ва динӣ будааст.

Мақомоти Мянмар фишор алайҳи мусалмонони Роҳинҷаро, ки шуморе аз онҳо шиносномаи кишварро надоранд, панҷ сол пеш оғоз карданд. Соли 2012, ки пас аз даргирҳои хунин дар заминаи мазҳабӣ ва байниқавмӣ гурӯҳи чирикии “Ҷабҳаи озодибахши Аракан Роҳинҷа" таъсис ва Арабистони Саудӣ ба сармоягузорӣ аз он гумонбар мешуд.

Андешаҳо дар мавриди гузаштагони қавми Роҳинҷа мухталиф аст. Намояндагони ин мардум худро мардуми бумии аёлати Аракон меноманд. Бархе ба ин назар ҳастанд, ки онҳо аз қавми араб ҳастанд, ки дар асрҳои миёна ва дар замони авҷи қудрати арабҳо, ба инҷо омадаанд. Дар забони сокинони ин минтақа калима ва истилоҳоти зиёди арабӣ, форсӣ, санкскритӣ ва ҳатто португалӣ дида мешавад. Аммо воқеиятҳои таърихӣ нишон медиҳад, ки ин қавм банголӣ ҳастанд.

Баъзе аз муҳаққиқон ёдовар мешаванд, ки нафрату душмании мутақобили миёни буддоиҳо ва мусалмонон дар ин бахши Мянмар ба вижа дар рӯйдодҳои Ҷанги Дувуми ҷаҳонӣ, замоне ки Бирмаи Бритониёӣ аз сӯи Ҷопон ишғол шуд, бештар шуд. Мусалмонони Роҳинҷа дар ин рӯёрӯӣ бо Бритониё боқӣ монданд ва ба ҷанги чирикӣ оғоз карданд. Аммо буддоиҳои маҳаллӣ дар иёлати Аракан аз ишғолгарони ҷопонӣ пуштибонӣ намуданд.

XS
SM
MD
LG