40 миллион евро сармоягузории ИА ба иқтисоди сабзи Тоҷикистон

Иттиҳоди Аврупо барои гузариш ба энергияи сабз ва ба вуҷуд овардани занҷираи маҳаллии арзиши пахта дар Тоҷикистон 40 миллион евро ҷудо мекунад.

22 мииллион еврои ин ёрии молии Иттиҳоди Аврупо, ки барои кам кардани талафоти неруи барқ дар низоми энергетикии Тоҷикистон равона мешавад, аз тариқи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд татбиқ хоҳад шуд.

Бахши дигари ин ёрии молӣ, ки беш аз 18 миллион евро аст аз сӯйи Агентии рушди Олмон барои ба вуҷуд овардани занҷираи маҳаллии арзиши пахта равона мешавад.

Ба гуфтаи Йозеф Сикела, Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ, ин ёрии молиявӣ устуворӣ, гузариш ба иқтисоди сабз ва суботи иқтисодии Тоҷикистонро тақвият хоҳанд дод.

Тафсилоти бештар аз тарҳи нави ҳамкориҳои ИА ва Тоҷикистон дар рӯзҳои наздик дар Радиои Озодӣ нашр мешавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Як мансабдори Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон меоядЗиёд шудани истихроҷи ангишт дар ТоҷикистонЧаро таксиҳои барқӣ дар Душанбе кам шудаанд?"Фикр мекунанд, ки шояд девонаем." Роҳи нави мубориза бо партовҳои зарароварДуди сиёҳ дар осмони Душанбе. То соли 2037 Тоҷикистонро чӣ интизор аст?