ҶАДВАЛИ ГӮЁ: Пули муҳоҷирон - дарёе, ки ҷӯи борик шуд

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ баъди дарёфти патент дар як идораи ФМС дар Маскав

Омори нашркардаи Бонки марказии Русия нишон медиҳад, ки ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон имсол 3,5 маротиба коҳиш ёфта, тайи моҳҳои январ-март ҳамагӣ 103 миллион долларро ташкил додааст.

Бонки марказии Русия рӯзи 14 июн омори наваш дар бораи ҳаҷми интиқоли пул аз ин кишвардар семоҳаи аввали соли 2016-ум нашр кард. Бино ба ин омори расмӣ, тайи моҳҳои январ – март аз Русия аз тариқи ширкатҳои пулфиристӣ ба хориҷ ҳамагӣ 1 миллиарду 212 миллион доллар пул фиристода шудааст. Ин назар ба 2 миллиарду 129 миллион долларе, ки аз Русия дар семоҳаи аввали соли 2015 ба хориҷ таҳвил шуда буд, 43 дарсад камтар аст.

Дар муқоиса бо як соли пеш аз ҳама бештар интиқоли пул ба Тоҷикистону Узбакистон – ду кишвари умдаи муҳоҷирфиристи Осиёи Марказӣ кам шудааст.

Омори Бонки марказии Русия маблағҳои ирсолшуда аз тариқи 10 ширкати умдаи пулфиристӣ - Anelik, BLIZKO, Contact, InterExpress, Вестерн Юнион, Золотая корона, Колибри, ЛИДЕР ва Почта России-ро дар бар мегирад.

Бино ба ин манбаъ, тайи семоҳаи аввали сол аз тариқи ин 10 ширкати пулфиристӣ аз Русия ба Тоҷикистон ҳамагӣ 103 миллион доллар камтар пул рафтааст. Ин назар ба 225 миллион доллари дар семоҳаи охири соли гузашта ба Тоҷикистон ирсолшуда беш аз 2 маротиба ва назар ба 362 миллиони семоҳаи аввали соли 2015 алакай 3,5 маротиба камтар аст. Ин 103 миллион “ҳосил”-и се моҳи аввали соли равон бо 644 миллионе, ки аз Русия ба Тоҷикистон дар моҳҳои январ-марти соли 2014 ирсол шуда буд, дигар ҳатто қобили қиёс нест.

Бино ба омори ФМС – Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия - то рӯзи 5 апрели соли 2016 дар ин кишвар 878 ҳазору 536 муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Ин дар ҳолест ки дар солҳои қабл аз бӯҳрони иқтисодии Русия дар ин мавсими сол аз Тоҷикистон дар Русия ҳудуди 1,2 миллион нафар кор мекард. Як манбаи аслии коҳиши шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия ихроҷи ҳазорон мардикори тоҷик аз он кишвар аст. Бино ба ҳисоби Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, то рӯзи 26 март шумори он шаҳрвандони тоҷике, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд, ба 330 ҳазор нафар расидааст.

Интиқоли пул дар семоҳаи аввали сол аз Русия ба Узбакистон, ки дар Русия 1 миллиону 775 ҳазор муҳоҷири корӣ дорад, низ қариб 2 маротиба ба коҳиш ёфта, ба ҷои 496 миллион доллари семоҳаи аввали соли гузашта ҳамагӣ 256 миллион долларро ташкил додааст.

Зиёни муҳоҷирон аз Қирғизистон – сеюмин кишвари умдаи муҳоҷирфиристи Осиёи Марказӣ – назар ба муҳоҷирони тоҷику узбак зоҳиран камтар аст. Нозирон инро ба пайвастани Қирғизистон ба узвияти Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё, як созмони таҳти меҳвари Маскав, рабт медиҳанд. Вале бо вуҷуди узвият дар Иттиҳоди АвроОсиё, боз ҳам дар семоҳаи аввали сол аз Русия ба Қирғизистон ҳамагӣ 150 миллион доллар пул интиқол додаанд. Ин рақам як сол пеш 223 миллион ва дар семоҳаи якуми соли 2014 ҳудуди 386 миллион долларро ташкил медод.

Вале як нуқтаи ҷолиби таваҷҷӯҳ ин аст, ки муҳоҷирони қирғиз барои бори аввал дар таърихи навини муҳоҷират аз ҳамтақдирони тоҷики худ дар ҳаҷми интиқоли пул пеш гузаштанд.

Ду кишвари дигари Осиёи Марказӣ – Туркманистону Қазоқистон – аз пули муҳоҷирони худ дар Русия вобастагии чандоне надоранд ва омори Бонки марказии Русия мегӯяд, ки имсол аз ин кишвар ба Қазоқистон 52 миллион ва ба Туркманистон, ки дар Русия буду шуд ҳудуди 24 ҳазор муҳоҷир доштааст, ... ҳамагӣ 2 миллион доллар фиристодаанд.

Аммо пулҳои интиқолии муҳоҷирон барои се кишвари боқимондаи минтақа – Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон – аҳамияти фавқулоддае дошта, ба бовари нозирони умур, як манбаи умдаи таъмини суботи иҷтимоӣ ва ҳам манбаи асосии гузарони зиндагии аксари хонаводаҳо дар ин се кишвар ҳамин пулҳои фарзандони муҳоҷирашон мебошанд.

Бо ин ҳол, аз нимаи дувуми соли 2014 ба ин тараф ба далели бӯҳрони иқтисодии Русия ва шадидтар шудани қоидаҳои муҳоҷирати он кишвар сатҳи даромади муҳоҷирони корӣ беист пойин меравад. Барои мисол, агар соли 2013 интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон 4,1 миллиард ва соли 2014 ҳудуди 3,8 миллиард долларро ташкил дода бошад, соли 2015 аз Русия ба Тоҷикистон ҳамагӣ 1,2 миллиард доллар пул омад.

Оморҳо дар бораи боз ҳам башиддат коҳиш ёфтани ҳаҷми интиқоли пул аз Русия дар ҳолест, ки Бонки ҷаҳонӣ дар поёни моҳи май дар гузориши наваш навишт, ки "беҳтар шудани шароити иқтисодии Русия ва ба эътидол омадани мизони табодули рубл бо доллар, мумкин аст, интиқоли пули муҳоҷирон ба Осиёи Марказиро имсол то 5.1 дарсад зиёд кунад".

Аммо омори Бонки марказии Русия мегӯяд, дар семоҳаи аввали соли равон аз Русия ба Осиёи Марказӣ тавассути ширкатҳои пулфиристӣ ҳамагӣ 562 миллион пул фиристодаанд. Дар айни ҳамин давраи соли гузашта ин рақама 1,1 миллиард ва дар семоҳаи аввали соли 2014 беш аз 2 миллиард долларро ташкил медод.