Соли 2016: Ними нони муҳоҷирон боз ним шуд

Омори расмии Русия нишон медиҳад, ки интиқоли пул аз ин кишвар имсол ҳатто дар муқоиса бо соли гузашта боз қариб ду маротибаи дигар коҳиш ёфтааст.

Бонки марказии Русия рӯзи 20 апрел омори охирин дар бораи ҳаҷми интиқоли пул аз ин кишварро нашр кард. Бино ба ин омор, тайи ду моҳи аввали соли 2016 аз Русия тавассути 10 ширкати пулфиристӣ ба хориҷ ва асосан ба кишварҳои пасошӯравӣ ҳамагӣ 690 миллион доллар (310 миллион – дар моҳи январ ва 380 миллион – дар моҳи феврал ) интиқол дода шудааст.

Ин назар ба 1 миллиарду 277 миллион долларе, ки дар ду моҳи аввали соли 2015 аз Русия ба хориҷ рафта буд, қариб ду маротиба ё 587 миллион доллар камтар аст.

Бино ба омори Бонки марказии Русия, аз 690 миллион долларе, ки имсол аз тариқи ширкатҳои пулфиристӣ ба хориҷ фиристодаанд, 528 миллионаш ба кишварҳои пасошӯравии узви Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ ва 162 миллионаш ба боқӣ кишварҳои дунё интиқол ёфтаанд.

Омори Бонки марказии Русия маблағҳои ирсолшуда аз тариқи 10 ширкати умдаи пулфиристӣ - Anelik, BLIZKO, Contact, InterExpress, Вестерн Юнион, Золотая корона, Колибри, ЛИДЕР ва Почта России-ро дар бар мегирад.

Аз хидмати ин ширкатҳо бештар муҳоҷирони корӣ истифода мебаранд ва коҳиши ҳаҷми интиқоли пул тавассути онҳо нишон медиҳад, ки зоҳиран даромади муҳоҷирони корӣ дар Русия имсол ҳатто нисбат ба соли сахти 2015 ҳам камтар хоҳад шуд.

Омори нави Бонки марказии Русия ҳанӯз кишвар ба кишвар мушаххас накардааст, ки кадоми онҳо аз муҳоҷиронаш дар Русия дар ду моҳи аввали сол чӣ қадар пул дарёфт кардааст?

Аммо як намояндаи ширкати "Золотая Корона" дар Маскав рӯзи 20 апрел ба Озодӣ гуфт, ба сурати умум эҳсос мешавад, ки муҳоҷирон дигар мисли солҳои қабл ба зодгоҳҳои худ пул намефиристанд: "Мо пеш барои фиристодан ба Тоҷикистон пули зиёд мегирифтем. Ҳоло - хеле кам. Даромади муҳоҷирон, тавре ба назар мерасад, камтар шудааст. Қарори Бонки миллии Тоҷикистон ҳам, ки бо рубли русӣ додани пулҳои интиқолшударо манъ кард, ба ин таъсир гузоштааст. Муштариёни мо мегӯянд, ки аз табдили пулашон ба сомонӣ зиён мебинанд. Аз ин рӯ, шояд бештар бо роҳҳои қочоқӣ мефиристанд, ҳарчанд хатарнок аст."

Нашри омори Бонки марказии Русия як моҳ баъд аз омори солонаи ин ниҳоди молист, ки мегуфт, ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба кишварҳои умдаи муҳоҷирфиристи Осиёи Марказӣ – Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистон – дар соли 2015 низ ба шиддат коҳиш ёфтааст.

Бино ба ин омори расмӣ, ҳаҷми умумии пулҳои интиқолӣ аз Русия ба хориҷ дар соли гузашта 2,1 маротиба коҳиш ёфта, 9 миллиарду 719 миллион долларро ташкил дод. Дар соли 2014 аз Русия ба хориҷ 20 миллиарду 856 миллион доллар интиқол дода шуда буд.

Аз ин наздики 10 миллиард доллар пулҳои интиқолӣ аз Русия 6 миллиарду 65 миллионаш дар соли гузашта ба 5 кишвари Осиёи Марказӣ рафта буд. Дар соли 2014 кишварҳои и минтақа аз Русия қариб ду маротиба бештар - 11 миллиарду 949 миллион доллар дарёфт карда буданд.

Дар соли гузашта аз ҳама бештар – 3 маротиба – интиқоли пул ба Тоҷикистон кам шуда, ба ҷои 3 миллиарду 831 миллион доллари соли 2014 дар соли гузашта ба ин кишвари хеле вобастаи пули муҳоҷиронаш аз Русия ҳамагӣ 1 миллиарду 278 миллион доллар ворид шуд.

Узбакистон, ки дар соли 2014 аз Русия 5,5 миллиард доллар пул гирифта буд, соли гузашта ҳамагӣ ҳудуди 2,4 миллиард доллар ва Қирғизистон ба ҷои 2 миллиард доллари соли 2014 аз Русия дар соли гузашта ҳамагӣ 1 миллиард доллар пул гирифтааст.

Туркманистону Қазоқистон, ки вобастаи пулҳои муҳоҷирони худ нестанд, соли гузашта аз Русия мутаносибан 16 ва 318 миллион доллар пул ворид кардаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон ва ниҳодҳои молӣ асосан се омил – ҷорӣ шудани патент барои муҳоҷирон аз 1 январи соли 2015 ва ба дунболи он, афзудани харҷи “қоғазбозӣ”- и ин мардум, бӯҳрони иқтисодии Русия ва уфти башиддати қурби рубли русиро далели чунин башиддат коҳиш ёфтани ҳаҷми пулҳои интиқолӣ аз Русия ба кишварҳои асосии муҳоҷирфирист дар соли 2015 ном мебаранд.

Далели дигар коҳиши теъдоди муҳоҷирон, аз ҷумла ба маҳзи ихроҷи ҳазорон нафари онҳо ба сабаби вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷирати Русия аст. Бино ба омори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, то 1 январи соли 2016 шумори он шаҳрвандони тоҷике, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд, ба 333 391 нафар мерасад, ки ин тақрибан сеяки ҷамъи муҳоҷирони тоҷик дар Русияро ташкил медиҳад.

Созмонҳои байналмилалии молиявӣ мегӯянд, ба эҳтимоли ғолиб мушкилоти иқтисодии Русия дар соли 2016 низ давом хоҳад кард ва ба ин маъноест, ки даромади муҳоҷирони корӣ дар ин кишвар имсол боз ҳам бештар коҳиш хоҳад ёфт.

Си Си Ю

Си Си Ю, роҳбари дафтари Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон, ахиран дар як матлаб бо ишора ба идомаи мушкилоти иқтисодии Русия навишт, ки зоҳиран таъсири манфии буҳрони кунунӣ ба иқтисоди Тоҷикистон “сахттару тӯлонитар” аст, “чунки ҳанӯз маълум нест, иқтисоди ҷаҳонӣ, аз ҷумла Русия, кай дубора ба сатҳи рушди қаблиаш боз мегардад." Си Си Ю ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додааст, то аз ин фурсати бӯҳронӣ барои анҷоми ислоҳоти иқтисодӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ истифода барад.

Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши моҳи апрелаш дар масъалаи муҳоҷират Тоҷикистонро дар байни кишварҳои қораи Аврупо ва Осиёи Марказӣ вобастатарин кишвар ба пули муҳоҷирони кориаш ном бурда, навиштааст, ки пулҳои фиристодаи муҳоҷирони тоҷик дар соли гузашта ба 36,6 дарсади ҷамъи иқтисод ё маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон баробар шудааст. Барои муқоиса ин нишондиҳанда барои Қирғизистон 30,3 дарсад, барои Молдова 26,2 ва барои Узбакистон 9,3 фоизро ташкил медиҳад.

Бино ба омори расмӣ, аз Узбакистон дар Русия беш аз 2 миллион муҳоҷири корӣ, аз Тоҷикистон ҳудуди 1 миллион, аз Қазоқистон ҳудуди 700 ҳазор, аз Қирғизистон беш аз ним миллион ва аз Туркманистон ҳамагӣ 22 ҳазор муҳоҷири корӣ кору зиндагӣ мекарданд.