Бо гузашти шаш моҳ аз манъ шудани издивоҷҳои хешутаборӣ дар Тоҷикистон, ҳанӯз мардум дар баробари ин муқаррарот масъулият эҳсос намекунанд. Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон бо зикри ин матлаб рӯзи 25 январ дар баробари хабарнигорон гуфт, ки агар дар масъалаи шадидтар кардани бархӯрд бо никоҳҳои хешутаборӣ масъалагузорӣ шавад, ниҳоди онҳо пешниҳоди худро ворид хоҳад кард. Муқаррароти манъи издивоҷҳои хешутабориро Тоҷикистон соли 2015 қабул кард ва он аз таърихи 1 июли соли 2016 ҳукми иҷро гирифт.
Намояндаи вазорати адлияи Тоҷикистон бо назадошти ин ки мардум ҳоло ҳам аз риояи ин қонун сарпечӣ мекунанд, гуфт, ки шояд дар оянда зарур шавад, ки дар оянда ин талабот аз чаҳорчӯби ҷазоҳои маъмурӣ ба чаҳорчӯби ҷурмҳои ҷиноятӣ кашонда шавад. Ба гуфтаи мақомот, баъди ҷоришавии ин муқаррарот, танҳо аз вилояти Суғд ба онҳо садҳо аризаи бозбинӣ шудани ин қонун ворид шудааст. Вилояти Суғд дар заминаи нигоҳҳои хешутаборӣ дар муқоиса бо манотиқи дигар пешсаф будааст.
Вазири адлия Рустами Шоҳмурод гуфт, ки дар амал издивоҷҳои хешутаборӣ вуҷуд доранд ва шумори никоҳҳои ғайрирасмиро афзоиш додаанд. Вале бо зикриин матлаб ӯ аз овардани омори мушаххас худдорӣ кард.
Бисёриҳо ба хотири сарбасар назадан бо қонун дар Тоҷикистон, ки никоҳҳои хешутабориро дар хориҷи кишвар сабт кунанд ваё дар бадтарин ҳолат, бо никоҳи мусалмонӣ иктифо кунанд ва аз қайди расмӣ нагузаранд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Фарзандони маъюб - ҳосили издивоҷҳои хешутаборӣ
Тарафдорони ин муқаррарот аз он нигаронанд, ки аз миёни атфоли
Авлоди мо саидзодаҳо ҳастанд, ки дар урфи мо никоҳ бо ғайри хеш мумкин нест. Мардум аз таборҳои дигар ҳатто орзуи издивоҷ бо духтарони саидзодаю эшонҳоро надоранд. Пас ин духтарон чӣ кор кунанд? Сайёфи Мизроб
маъюб дар Тоҷикистон ҳар нафари сеюм дар натиҷаи издивоҷҳои волидони ҳамхун ва ё ба ҳам хеш чашм ба дунё мекушоянд. Дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 25 ҳазор тифли маъюб ба сар мебарад ва ҳар нафари сеюми онҳо фарзандони волидони ҳамхун ё хешутаборанд. Бархе аз кӯдакони маъюб дар муассисаҳои вижаи давлатӣ бо таълиму тарбия фаро гирифта шуда, аксарашон бо сабаби надоштани шароити молӣ маҷбур мешаванд, тамоми умр дар хона бимонанд. Аксари онҳо аз мушкилии рӯзгору маҳдудиятҳои ҷисмонӣ худро бадбахт меҳисобанд.
"Зеҳнҳо ҳанӯз тағйир наёфтааст"
Ним соли кори муқаррароти манъкунандаи қайди издивоҷи хешутабори наздик, аз ҳисоби фарзандони амаку тағо ва аммаву хола, ки аз 1 июл шурӯъ шудааст, зоҳиран дар зеҳнҳои ҷомеа тағйироти ҷиддӣ наовард. Ҳарчанд сокинони Тоҷикистон ба сурати умум хатари никоҳҳои хешутабориро дарк мекунанд, аммо чунин ба назар мерасад, осону ихтиёрӣ аз он даст кашиданӣ нестанд.
Онҳое, ки издивоҷҳо хешутабориро раво медонанд, ба омилҳои иҷтимоӣ такя мекунанд. Беш аз 30 дар сади аҳолии Тоҷикистон дар фақр ба сар мебарад ва имкони додани маҳру харидани ҷиҳозу барпо кардани тӯйро надоранд, талош мекунанд, фарзандонро бо фарзандони хоҳару додари худ бар асоси машваратҳои дохилиоилавӣ хонадор кунанд ва ҳавола ба худо кунанд, ки фарзанди солим ба дунё ояд.
Арӯси худӣ - гарави суботи оила?
Дар аксари ингуна хонаводаҳо ақидае ҷой дорад, ки издивоҷ бо хешутабор суботи оилаҳои ҷавонро таъмин мекунад. Сабаби дигар - бегона нашудани пулу дороист ва баъзе хонаводаҳо ба ин хотир ба издивоҷҳои хешутаборӣ тарҷеҳ медиҳанд.
Исломиддин, як сокини ноҳияи Ҳисор, ки мухолифи издивоҷҳои хешутаборӣ нест, мегӯяд, масъала дар шинохти арӯс ва хешутабори ӯст, ки узви нави оилаи шумо мешавад ва овардани як меҳмони наву аз лиҳози хулқу хӯ ношинос ба хона ҳамеша як нигароние дорад. Вай гуфт, барояш ин масъала муҳимтар буд ва чанд соли пеш бо сад орзу ва харҷи маблағҳои зиёд писарро бо духтари холааш хонадор кард.
“Масалан, ман ба писарам духтари холаашро келин кардам. Чи хеле ки мардум ба хонаи арус мебаранду сарф мекунанад мо ҳам кардем. Мувофиқи шароити ҳозира тӯй кардем, ҳоло зинданиашон нағз, ду фарзанд доранд”.
Ишқ чӣ мешавад?
Дар миёни тарафдорони дигари бетағйир мондани муқаррароти пешина онҳое ҳам ҳастанд, ки ба суннатҳои ҷоуфтодаи милливу мазҳабӣ такя мекунанд. Ба эътиқоди Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи мустақили “СССР”, ки бо хеши наздики худ издивоҷ кардааст, ба ҳангоми таҳияи тағйирот ба Кодекси оила ду ҷанбаъ ба назар гирифта нашудааст: ишқ ва омили мазҳабӣ. Яъне, агар ҷавон ба духтари холааш ошиқ шаваду никоҳи онҳо мамнӯъ бошад, ин ҷавон чӣ кор кунад? Ё ки 98 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон мусалмон буда ва дар Қуръон ташреҳ дода шудааст, кадом никоҳ раво асту кадом не.
Вай гуфт: “Авлоди мо саидзодаҳо ҳастанд, ки дар урфи мо никоҳ бо ғайри хеш мумкин нест. Мардум аз таборҳои дигар ҳатто орзуи издивоҷ бо духтарони саидзодаю эшонҳоро надоранд. Пас ин духтарон чӣ кор кунанд? Дар давоми беш аз ҳазор сол хешони мо бо ҳамдигар издивоҷ мекунанд, шукри худо, то ҳол ягон фарзанди маъюб, ноқисулақл ва ё бо нуқсҳои дигари ирсӣ таваллуд нашудааст. Ин ба хун вобастагӣ дорад. Олимон исбот кардаанд, ки агар хун мувофиқ наояд, агар волидайн аз кишварҳои мухталиф ҳам бошанд, фарзанди маюб ба дунё меояд”.
Журналист Сайёфи Мизроб мутмаин аст, ки мақомоти тоҷик пеш аз қабули қарору тасмимҳои баҳсбарангез бояд таҳқиқот ва ҳам пурсиши афкори умум барпо кунанд ва баъди шунидани фикри мардум қонун қабул кунанд.
Талоши фирор аз қонунҳои Тоҷикистон
Бино ба маълумоти Раёсати сабти асноди шаҳрвандии Вазорати адлияи Тоҷикистон то 1 июли соли гузашта, то замони манъи никоҳи хешутаборӣ дар кишвар 412 чунин никоҳ сабт шуда ва ҳоло дар ЗАГС ё сабти ҳолатҳои шаҳрвандӣ назорат барои бақайдгирии никоҳҳои хешутаборӣ ташдид шудааст. Аз ҷумла, арусу домод забонхат медиҳад, ки хешу табор нестанд ва дар сурати додани маълумоти бардурӯғ ҷавобгариро дар назди қонун ба ӯҳда мегиранд.
Карим, як сокини ноҳияи Ашт, гуфт, ки бо духтари холааш аз кӯдакӣ “гаҳворабахш” шуда ва ҳоло тибқи қонунҳои нав имкони издивоҷи онҳо вуҷуд надорад. Вай гуфт: “Падари ман дар Русия кору зиндагӣ карда ва шаҳрвандии ин кишварро дорад. Ба ман маслиҳат доданд, ки назди падарам рафта шаҳрвандии Русияро гираму баъд дар ин кишвар бо духтари холаам ба таври расмӣ никоҳ кунам”.
Масъалаи издивоҷҳои хешутаборӣ бештар хусусияти ахлоқӣ дорад ва ба хонаводаҳои зиёд, аз ҷумла дар сатҳи мақомоти Тоҷикистон марбут аст. Масъулони Вазорати адлияи Тоҷикистон низ гуфтанд, бархе аз шаҳрвандон дар муроҷиатҳои худ ба ин ниҳод ҳушдор додаанд, дар сурати ғайриимкон будани сабти никоҳи хешутаборӣ дар ин кишвар ин корро дар хориҷи кишвар анҷом хоҳанд дод. Вале бар асоси қонунҳои Тоҷикистон шаҳрвандони ин кишвар метавонанд танҳо дар сафорату консулгариҳо никоҳро сабт карда ва никоҳ дар ниҳодҳои кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон эътироф нахоҳад шуд.
Қонун бояд дар миёни аъзои ҷомеа шарҳ дода шавад
Марям Давлатова, ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, санади манъи никоҳи хешутаборӣ аз боло таҳия шуда, аз лиҳоз барои мардум чандон фаҳмою рӯшан нест ва дар иҷрои он мушкилу нофаҳмиҳо ба миён омадааст. Вай гуфт: “Қонун шарҳ мехоҳад. Барои роҳандозӣ шудани он бояд бо мағзҳо кор кард ва ба онҳо дарки маъниҳоро додан лозим аст. Дар ғайри ин қонун кор намекунад. Қонунҳои кишвари мо хуб ҳастанд, аммо дар иҷрои он мушкилот пеш меояд.
Вақте қонунро қабул мекунем, фикр мекунем, ки он худ аз худ кор мекунад. Ин андеша дуруст нест. Бо дарназардошти менталитет ва афкори мардум санадҳоро ба онҳо ташреҳ бояд дод. Дар муддати 16 сол созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи инсони Тоҷикистон тавонистанд мафҳуми “гендер”-ро, ки дар солҳои аввал мардум аслан қабул надоштанд, бо корҳои ҳаррӯза бифаҳмонанд”.
Тарафдорони манъи издивоҷҳои хешутаборӣ мегӯянд, ки мисли ҳар қолабшикании дигар, ки дар гузашта ҳам роиҷ буд, якбора даст кашидани мардум аз одатҳои асрҳо вуҷуддошта кори осон нест. Вале маҳз дар сатҳи қонун ҷорӣ шудани ин муқаррарот метавонад вазъро тағйир диҳад. Коршиносон мегӯянд, замоне қонуни танзими анъанаҳо ҳам ҳамингуна тарафдору мухолифи зиёд дошт, имрӯз ҳам шояд сад дар сад иҷро намешавад, вале боз ҳам дар зеҳни мардум ин ақида ҷой шудааст, ки сарфаи барзиёд ва ташкили маъракаҳои бештар аз маъмул бар зиёни будҷа ва ҳам боиси муҷозоти соҳибмаърака мешавад.
Як ҳамсӯҳбати дигари радиои Озодӣ гуфт, ки дар татбиқи чунин ташаббусҳо давлат бояд фаровон аз ҳамкоронаш дар ҷомеаи шаҳрвандӣ – созмонҳои ҷамъиятӣ ва журналистон истифода кунанд, то ки онҳо тавонанд бо забони соддаву дастрас зарурати ин қонунро шаҳр дода тавонанд.