Марги фоҷиабори Наимҷон Неъматов ва зану чор фарзандаш. ВКД – хомӯш, мардум – нигарон

Акси Наимҷон Неъматовро наздиконаш ба Радиои Озодӣ фиристоданд

Бо гузашти ду рӯз аз марги мармузи аъзои як хонавода дар деҳаи Шӯробқалъаи шаҳри Конибодом, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳанӯз хабар ё шарҳе нашр накардааст.

Ҷасади Наимҷон Неъматов ва ҳамсару чор фарзандашро шоми 8-уми декабр аз хонаашон дар деҳаи Шӯробқалъа (Шӯрқӯрғон) ёфтанд. Ин ҳолат сокинони минтақаро ба ташвиш андохтааст.

Хабарнигори Радиои Озодӣ ба ҷойи ҳодиса рафт ва дид, ки чанд корманди ниҳодҳои тафтишотӣ пайи таҳқиқ ҳастанд, вале онҳо аз додани ҳамагуна ҷузъиёт худдорӣ карданд.

Ҳамсояҳо чӣ гуфтанд?

Хешовандони кушташудаҳо ва сокинони деҳаи Шӯробқалъа донистан мехоҳанд, ки дар ин хона чӣ воқеа рӯй дод ва сабабу омили марги фоҷаибори онҳо чист. Ба нақли наздикон, оилаи Неъматовҳо тифоқу осуда буда, зиндагии миёнҳолона доштанд ва асосан дар Русия кор мекарданд.

"Мо ба хонаашон надаромадем. Намегузоранд. Дақиқ намедонем, ки чӣ шудааст. Дар бораи душманашон ягон чӣ намедонем. Зиндагиашон нағз ва одамони қобил буданд," – гуфт Шаҳодат Раҳмонова, сокини деҳаи Шӯробқалъаи Конибодом, рӯзи 9-уми декабр.

Ширинҷон Эгамбердиева, сокини дигари ҳамин деҳа, гуфт: "Ягон бор ҷангу ҷанҷол накарда буданд. Оилаи нағз буданд. Ягон бор шикоят надоштанд."

Деҳаи Шӯробқалъа (Шӯрқӯрғон)-и Конибодом

Ба гуфтаи мусоҳибони мо, марги мармузи Наимҷон Неъматови 37-сола, Нафиса Неъматоваи 33-сола, Аминаи 13-сола, Фотима ва Зӯҳрои 10-сола ва Муҳаммадюсуфи 2-сола аҳли деҳа ва сокинони минтақаро сахт андӯҳгин карда, онҳоро дар ҳолати тарсу бим гузоштааст.

"Ҳама хавотир"

Мақсудҷон, сокини шаҳри Конибодом, гуфт, “дар ин маҳалла як хоҳарам ҳаст. Ба ӯ ягон нохушӣ рӯй надиҳад гуфта, ба наздаш омадам. Дар чунин ҳолат ҳама хавотир мешавад. Ҳама аз мо мепурсад, ки дар Шӯрқурғон (Шӯробқалъа) чӣ гап аст? Ҳолат ана ҳамин хел аст”.

Дар ҳоле ки мақомот дар ин бора маълумот намедиҳанд, чанд манбаи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки зоҳиран аъзои ин хонавода аз ҷониби як ё якчанд нафар кушта шудаанд. Дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи таҳқиқотии Вазорати корҳои дохилӣ кор мекунад, аммо намояндагони он омода нашуданд, дар ин бора шарҳе диҳанд. Ин вазъ бисёре аз хонаводаҳо ва пайвандони онҳоро, ки дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ва кишварҳои дигар ҳастанд, нигарон кардааст.

Видеоро дар ино бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Конибодом: Тафтиши куштори 6 узви оилаи Неъматов

Куштори хонаводаи Неъматовҳо дар ҳолест, ки шаҳри Конибодом бештар аз як сол боз бо чунин ҳодисаҳо дар сархати расонаву шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифтааст. Дастикам чанд аъзои шаш оила дар ин минтақа бо аломатҳои қасдан ба ҳалокат расондан ёфт шудаанд.

Шаби 16 ба 17-уми апрели соли 2024 дар ҷамоати Ғафурҷон Ортиқови шаҳри Конибодом як зану шавҳар дар хонаашон кушта шуданд. Мақомоти корҳои дохилӣ гуфтанд, ки дар ҷасади Музаффар Урмонов ва Иноят Урмонова нишонаҳои марги маҷбуриро диданд.

Шаби 28 ба 29-уми майи 2024 шаш узви ду оила дар деҳаи Санҷидзори шаҳри Конибодом кушта шуданд. Як оила тоҷик ва хонаводаи дигар қирғиз. Оилаи тоҷик аз модар ва ду фарзанд иборат буд: Маҳбуба Аҳмедоваи 38-сола, Нозанин Аҳмедоваи 17-сола ва Дамир Аҳмедови 14-сола. Пайвандонашон гуфта буданд, ки дар бадани онҳо аломати куштори маҷбуриро диданд. Зулхо Иброҳимоваи 54-сола, додараш Абдуфаттоҳ Иброҳимови 47-сола ва Қурбонгул Иброҳимоваи 46-сола аз оилаи қирғизтабор буданд. Дар шаби ҳодиса се кӯдаки Абдуфаттоҳ Иброҳимов ва Қурбонгул Иброҳимова низ ҳамроҳашон буда, зинда мондаанд.

Масъулони мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, қисме аз чунин ҳодисаҳо ба ҷанҷолҳои хонаводагӣ рабт доштанд ва таҳқиқи дигар ҳодисаҳо идома дорад. Дар як маврид аз даст доштани як нафар ё гуруҳи беруна суҳбат шуда буд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Куштори пайиҳам, вале мармузи аъзои чанд оила дар Конибодом