Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як гумонзад дар куштори чанд сокини Конибодом. Шаҳрдор чӣ гуфт?


Абдусалом Тухтасунзода, раиси шаҳри Конибодом, аз боздошти як гумонзад дар куштори чанд сокини деҳаи Санҷидзор хабар дод. Ин ҳодиса ду моҳ пеш рух дода, дар минтақа сарусадои зиёд барпо кард.

"Гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии Прокуратураи генералӣ (Додситонии кул) ин корро пеш мебарад. Бино ба хабарҳое, ки ман дорам, як нафар боздошт шудааст. Боқимондаи кор идома дорад. Дар рӯзҳои наздик боз хабар медиҳанд," – гуфт ӯ рӯзи 31-уми июл дар нишасти матбуотӣ.

Дар ҳоле ки шарҳдори Конибодом аз додани ҷузъиёт дар бораи шахсият ва мақсади ин қатлҳо худдорӣ кард, баъзе аз манбаъҳои Радиои Озодӣ гуфтанд, "ҳадафи куштор дуздидани молу амвол будааст".

Боздошти гумонзад, ба иттилои дарёфтӣ, тақрибан як ҳафта пеш сурат гирифтааст, аммо ҷузъиёти он ба сабаби ба тафтишот халал нарасондан гуфта намешавад. Мақомоти интизомӣ ва қудратии Тоҷикистон хабарро шарҳ намедиҳанд ва ба ҳамин сабаб дар бораи шахсияти гумонзад маълумоти зиёд нест.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи Абдусалом Тухтасунзода панҷ ҳодисаи куштор дар нимсолаи аввали имсол дар ҳудуди шаҳр сабт шудааст. Вай афзуд: "Ин ҳодисаҳо ба якдигар пайвандӣ надоранд, он тарзе ки расонаҳо гуфтанд. Ман бо ҳамаи ҳолат шинос шудам, ҳамин ҷо ҳастам, медонам. Кушторҳо ба ҳам алоқамандӣ надоранд."

Шаҳрдори Конибодом, инчунин, баъзе аз наворҳои интернетиро дар бораи дуздию ғоратгарӣ ва ваҳшатафканӣ шарҳ дод. Ӯ гуфт, ҳолатҳои дуздӣ дар шаҳр дар ин муддат хеле кам шуданд ва гапу овозаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ асос надошт:

"Сиёҳпӯшҳо дар ҳудуди шаҳри Конибодом набуд. Он видеое, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ партофтанд, ба ягон ҷойи шаҳри Конибодом монанд набуд ва чунин одам ҳам нест. Ҳамаи ҳамин чиз барои мардумро ба таҳлука андохтан буд."

Ин вазъ бисёре аз хонаводаҳо ва пайвандони онҳоро, ки дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ва кишварҳои дигар қарор доранд, нигарон кардааст.

Онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва шарҳҳои худ дар сафҳаи Ютюби Радиои Озодӣ навиштанд, ки "мардум дар чунин рӯзҳои вазнин танҳо гузошта шуд" ва "муносибати мақомот ба қатли шаҳрвандон шубҳабарангез аст". Нишасти хабарии шаҳдори Конибодом, даргумон аст, ки ин шубҳаи корбаронро бартараф карда бошад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Раиси Конибодом аз боздошти як гумонбар хабар дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:56 0:00
XS
SM
MD
LG