Ҳодиса шаби 16 ба 17-уми апрели имсол рӯй дод. Мақомоти интизомӣ баъзе аз хешовандонро бозпурсӣ ва якеро дастгир кардаанд. Пайвандон мегӯянд, зери фишор баёнот доданд ва биноан хоҳони таҳқиқи дубора ва одилона ҳастанд.
“Гуфтанд, шавҳарат гуноҳро ба гардан гирифт, чаро ту намегирӣ?”
Ҳоло Шарифҷон Ашӯрови 66-сола ба гумони даст доштан дар қатли бародару янгааш дар Боздоштгоҳ аст. Музаффар Урмонов ба номи падараш насаб гирифта, бародарону хоҳаронаш насаби Ашӯров доранд.
Хоҳараш Шарифа Холматова (Ашӯрова) ва узви дигари оила Дилором Ашӯрова дар Шуъбаи корҳои дохилии Конибодом бозпурсӣ ва дертар раҳо карда шудаанд. Шарҳи мақомот барои шубҳаашон нисбат ба аъзои хонавода феълан дастрас нест. Хешовандоне, ки бозпурсӣ шудаанд, аз фишор шикоят доранд.
“Маро заданд, дод гуфтам. Шояд акоям (Шарифҷон Ашӯров) инро шунида, раҳмашон омад ва иттиҳомро ба гардан гирифтанд. Туҳмат кардам, бахти акоямро сиёҳ кардам,” – нақл кард Шарифа Холматова.
Дилором Ашӯрова, ҳамсари Шарифҷон Ашӯров, мегӯяд: “Ба ман гуфтанд, ин корро шавҳарат кардаасту ба гардан гирифт, чаро ту намегирӣ? Шавҳарамро дидам, нишаста наметавонистанд. Ба ман гуфтанд, рав як куртаамро гиру тасдиқ кун, ки дастонаш хун буд ва ман онро тоза кардам. 44 сол боз зиндагӣ дорем. Гуфтани ин гапи дурӯғро виҷдонам намебардорад.”
Хонум Ашӯрова мегӯяд, шаби ҳодиса шамол буду ҳамроҳи шавҳараш дар хона нишаста буданд. Пайвандони дигари оила ҳам ба даст доштани онҳо дар ҳодиса шубҳа доранд, чун аз хонаи кушташудаҳо молу дороии зиёде рабуда шудааст.
“Бо корд ва болға ба пушти сари бародару янгаам задаанд, то шинохта нашаванд. Рӯяшон кабуд ва дастҳояшон шикаста буд,” -- ба ёд овард Шарифа Холматова, хоҳари Музаффар Урмонов.
Музаффар Урмонов ва Шарифҷон Ашӯров дар ҳамсоягӣ зиста, дар Хоҷагии деҳқонии Комилҷон Султонови деҳаашон мироб буданд. Хайрулло Урмонов, писари Музаффар Урмонов, мегӯяд, “рости гап, бо амакам дар як ҷо зиндагӣ мекунем. Ҳамроҳи бачаҳояшон бозӣ карда, калон шудем. Ягон бор даъвои падару модарамро бо амакам нашунидаам”.
Видеоро дар инҷо бинед:
“Аз хона тилову доллар гум шудааст”
Дар ҳамин ҳол, пайвандони як оилаи дигар дар Конибодом аз фарзия ва тарзи таҳқиқи марги чанд хешовандашон дар ташвишанд.
Бино ба хабарҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, шаби 28 ба 29-уми март Муҳиддин Шарифови 65-сола гуё ҳамсараш Марям Шарифоваи 60-сола, Фирӯза Шарифова, набераҳояш Абубакр Шарифов ва Азиза Кабирзодаро кушта, сипас худашро ба дор овехтааст. Фарзандонаш, ки он замон дар Русия буданд, иддаои дигар доранд.
“Аз хона тило, доллар, сомонӣ, рубли Русия ва чанд чиз гум шудааст. Дар бадани падарам захмҳои бисёр аст, задаанд. На ҳамсарам, на модарам ва ягон каси дигар аз падарам шикоят надошт,” – мегӯяд Кабир Шарифов, писари Муҳиддин Шарифов.
Пайвандони ин ду оила дар Конибодом аз мақомот хостаанд, ки ҳодисаҳоро мӯшикофона таҳқиқи карда, гунаҳкоронро ёбанд ва ҷазо диҳанд. Бино ба нақли онҳо, гуё Додситонӣ ҳам аз мақомоти интизомӣ дар маҳал хостааст, ҳодисаҳоро дигарбора бисанҷанд.
Дар се моҳи охир дар бораи кушта шудани аъзои дастикам чор оила дар шаҳри Конибодом гузориш расид. Ду ҳодиса дар охири моҳи май рӯй дод. Ангезаи куштор норӯшан монда, омилон боздошт нашудаанд. Маълум нест, ин ҳодисаҳо ҳалқаҳои як занҷиранд ё аз ҳам ҷудо, дуздию ғоратгариянд ё ваҳшатангезӣ.