Сирри умри 90-сола

Барои касе ҳаргиз дер нахоҳад буд мувозибат ба саломатиашро оғоз кунад. Мутолеъоти ахир нишон додааст, ки мардон дар синни 70-солагӣ бештар барои дарозумрӣ кушиш мекунанд. Онҳо ба шароити солими зист бештар майл пайдо мекунанд ва ба саломатии худ бештар рӯ меоранд, бо вуҷуди он ки дар ҷавонӣ ба ин кор таваҷҷӯҳ надоштаанд.

Тибқи мутолеъоте, ки анҷом гирифтааст, дар саросари ҷаҳон занони солманд ё бузургсол, ки болотар аз 90 сол умр доранд, нисбат ба мардон бештаранд. Шумораи мардони болотар аз ин сол чандон зиёд нест.

Коршиносони маркази мутолеъотии Бостони Амрико намунаҳои ташхиси бадани 970 мардро, ки ба 90-солагӣ расидаанд, омухтанд ва ба натиҷаҳои ғайричашмдошт расиданд. Онҳо бо чунин ташхис муаян карданд, ки хулқу хуи ин афроди солманд дар ҷавонӣ чӣ будааст ва онҳо чӣ хислату одат доштаанд. Коршиносон натиҷаҳои ин таҳқиқи худро дар ахирин шумораи нашрияи "Бойгонии беҳдошти дарунӣ", яъне "Бойгонии беҳдошти аъзои дарунии бадан" ба чоп расонданд. Дар натиҷаи ин таҳқиқот онҳо дарёфтаанд, ки дарозумрии мардони 70-сола ба он иртибот надорад, ки онҳо дар он 70 соли умри худ чӣ тарз зиндагӣ кардаанд. Ҳатто ба он ҳам иртибот надорад, ки гузаштагони онҳо дарозумр будаанд ё баръакс. Дар ин мутолеъот падидаи комилан дигар ошкор шуд. Дарозумрии мардон ба он вобаста будааст, ки онҳо баъд аз расидан ба 70 солагӣ дар даҳ соли баъдӣ чӣ тарз зиндагӣ мекунанд. 54 дарсади мардони 70-сола, ки сигор намекашанд, парҳезро риоят мекунанд, вазнашон ҳам муқаррарист, фишори хун надоранд ва пайваста машқҳои ҷисмонӣ ё машқи бадан мекунанд, метавонанд то 90-солагӣ бирасанд. Тибқи ин таҳқиқот танҳо 30 дарсади дарозумрӣ меросӣ будааст, ки аз ниёкон ба фарзандон мегузарад.

Тарзи зист, ба вижа машқи бадан барои дарозумрӣ нақши бориз дорад. Ононе, ки дар 70-солагӣ машқи баданро қатъ мекунанд ва даст ба сигор мебаранд, шонси онҳоро барои расидан ба 90-солагӣ 50 дарсад камтар мекунад. Машқи мунтазам ё пайвастаи бадан на танҳо барои расидан ба синни 90, балки барои ҳаловат бурдан аз зиндагӣ низ муҳим будааст.

Дар нашрияи "Бойгонии беҳдошти аъзои дарунии бадан" мақолаи дигаре дар бораи дарозумрии ҳам мардон ва ҳам занон чоп шудааст, мардону заноне, ки ба сад солагӣ расидаанд. Бино ба таҳқиқи коршиносон, заноне, ки мехоҳанд дарозумр бошанд, нисбат ба мардон бештаранд. Чунин занон ҳатто омодаанд, марҳалаи поёнии зиндагиашон ба истилоҳ чандон "фараҳбахш" нагзарад. Шояд ҳамон масали "Ҷон ширин аст" дар ҳамин маврид дуруст бошад. Хулоса, чунин занони солманд ҳатто бо бемориҳои гуногун, аз қабили бемориҳои куҳнаи қалбӣ, фишори хун ва амсоли он дар пиронсолӣ мехоҳанд зиндагиро боз ҳам идома диҳанд. Дар вожаи дарозумрӣ болотар аз синни 90 солагиро дар назар доранд.