Оё шумо медонед, ки яъне чандсола ҳастед?
Дар посух додан ба ин савол шитоб накунед. Мо ба шумо хабари хуш дорем, дақиқтараш олимони тибби донишгоҳи Каролинска ба шумо хабари хуш доранд, онҳо мегӯянд, синни ҳақиқии инсон аз синну соле, ки дар шаҳодатномаи таваллудаш навишта шудааст, хеле ҷавонтар аст.
Чӣ тавр? Ҷавоби ин савол хеле оддӣ ба назар мерасад. Олимони шведӣ мегӯянд, ки ҳуҷайраҳои қариб ҳар як узви бадани инсон, ба шумули пӯст, мушак, хун ва ғайра ҳамеша нав мешаванд. Яъне ҳуҷайраҳои кӯҳна бо навбат аз байн рафта, ҷойи онҳоро ҳуҷайраҳои нав мегиранд.
Масалан, ба гуфтаи олимони шведӣ, новобаста ба ин, ки шумо чандсола ҳастед, мушакҳои шумо 15 сола мебошанд, яъне ҳуҷайраҳои мушак ҳар 15 сол пурра нав мешудаанд. Хуни шумо чаҳормоҳа аст, яъне ҳуҷайраҳои хун танҳо чаҳор моҳ умр медидаанд, ва баъди ин муддат ҷойи худро ба ҳуҷайраҳои нав медодаанд. Ҳуҷайраҳои пӯст танҳо ду ҳафта умр доштаанд. Устухонҳои "пиртарини" шумо танҳо даҳ сол доранд.
Профессори Донишгоҳи Каролинска Йосеф Фризен ҳатто синни баъзе, таъкид мекунам, баъзе ҳуҷайраҳои мағзи сари инсонро низ пажуҳиш кард. Ба гуфтаи ӯ, ҳуҷайраҳои "серебеллум", ки ҳаракат ва самтгирии инсонро "назорат" мекунад, ҳадди аққал се сол аз синни аслии мо ҷавонтар мебошанд.
Вале он ҳуҷайраҳое, ки ҳофизаи инсонро дар бар мегиранд, нав намешаванд. Хуб аст, зеро дар акси ҳол мо ҳама чизеро, ки омӯхтаем, фаромӯш мекардем ва бо ҳуҷайраҳои нави мағзи сар на роҳи хонаи худро меёфтему на касе аз дӯстону наздикони худро мешинохтем. Агарчи ҳуҷайраҳои мағзи сар нав намешаванд, хабари хуш он аст, ки мағзи инсон миллионҳо ҳуҷайра дорад, вале ҳатто олимони бузургтарин низ танҳо як миқдори ками онҳоро истифода мебаранд.
Ҳоло олимони шведӣ ва ҳамкорони амрикоии онҳо машғули омӯхтани ҳуҷайраҳои дил ва чашм мебошанд.
Агар шумо дар ин бора мехоҳед маълумоти бештар дошта бошед, лутфан, маҷаллаи Барги Саби Радиои Озодиро пайгирӣ кунед, зеро дар ҳафтаҳои наздик ман мехоҳам бо олимони шведии донишгоҳи Каролинска, яъне муаллифони ин пажуҳиш сӯҳбат кунам. Агар шумо ҳам ба онҳо саволе дошта бошед, лутфан, тавассути е-майли радиои озодӣ ба мо нависед, ман саволи шуморо низ аз онҳо мепурсам.
Дар ҳоле, ки ман ба ин мусоҳиба чанд саволи илмиро омода кардаам, як саволи на чандон илмӣ аз сарам дур намешавад: оё баъди ин ҳама навшавии ҳуҷайраҳо, дар охир аз он бадани аслие, ки мо бо он таваллуд шудаем, чӣ боқӣ мемонад?