Ёров: Агар бозор аз Кабирӣ намебуд, касе кораш надошт

Кабирӣ дар бозори "Саховат". 15 апрел

Додгоҳи шаҳри Турсунзода рӯзи 21 апрел бо судури як қарор бозори "Саховат"- дар ин шаҳрро, ки ба наздикони Муҳиддини Кабирӣ тааллуқ доштааст, давлатӣ кард.
Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 21 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳ бурҳону далелҳои онҳоро дар мавриди «авф» шудани ин бозор дар афви молии соли 2007 ва ҳамчунин гузаштани мӯҳлати даъворо нодида гирифта, баҳсро ба фоидаи Оҷонсии мубориза бо коррупсия ҳал кард: «Ин ҳалнома тамоми санаду ҳуҷҷатҳои хусусигардониро ғайриқонунӣ шумурда, хусусигардониро бекор кард. Бинобар ин бозор тахриб карда мешавад, чунки гӯё ин объект на ба ҳукумати Турсунзода, балки ба ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчунин клуби варзишӣ тааллуқ доштааст ва он бояд ба ҳолати аввалааш баргардонида шавад. Аммо ҳоло ин бозор ба ихтиёри шӯъбаи маорифи ин шаҳр вогузор шуд.»

Бузургмеҳр Ёров ҳукми додгоҳи Турсунзодаро фармоишиву сиёсӣ ва ғайриодилона номид ва гуфт, аз ин қарор ба Додгоҳи олӣ шикоят хоҳад бурд: «Ин ки додгоҳ чунин ҳалнома содир мекунад, аз қабл маълум буд. Агар соҳибмулки бозор завҷаи Муҳиддин Кабирӣ намебуд, ҳеҷ кас ба ин бозор кордор намешуд. Чун мақомот маълум карданд, ки бозор ба хонаводаи Кабирӣ тааллуқ мегирад, зуд даъво карданд.»

Бозори «Саховат» дар шаҳри Турсунзода, 55-километрии ғарбии пойтахт ҷойгир буда, соҳибмулки он Мастура Раҳматуллоева, ҳамсари Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва вакили Маҷлиси намояндагон маҳсуб мешавад. Ба гуфтаи соҳибмулкон, ҳоло дар бозор 670 соҳибкор ба тиҷорати сару либос ва дигар ашёи мавриди ниёзи мардум машғули кор ҳастанд. Аммо ахиран Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз додгоҳ хостааст, ки «бо сабаби дар вақташ ғайриқонунӣ» хусусӣ кардани ин бозор онро давлатӣ кунанд.

Қаблан Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ ба Озодӣ хабар дода буд, ки додгоҳи Турсунзода рӯзи 21 апрел бозори "Саховат"-ро аз дасти наздикони Кабирӣ гирифт ва дубора давлатӣ кард. Вай афзуд, додгоҳ масъалаи ҷуброни маънавии соҳибмулконро ба эътибор нагирифтааст.

Ибтидоқарор буд, ки ҳукми бозори "Саховат" рӯзи 19 апрел содир шавад, вале қозии парванда Муҳаббат Пардаева дар охирин лаҳазот эълони ҳалномаашро то ду рӯзи дигар ба ақиб андохт. Афроди хушбин зимнан аз 15 апрел ба ин тараф ду дафъа ба таъхир уфтодани эълони ҳукми бозори “Саховат”-ро як фоли нек барои соҳибони ин бозори воқеъ дар шаҳри Турсунзода, 50-километрии ғарби Душанбе медонистанд ва мегуфтанд, ин нишон медиҳад, ки ҳанӯз қарори сиёсӣ дар мавриди ин ки бозорро аз Муҳиддини Кабирӣ бигиранд ё на?, гирифта нашудааст.

Аммо манобеъи огоҳ аз ҷараёни баррасии парвандаи бозори “Саховат” мегуфтанд, додгоҳ дар ниҳоят ба эҳтимоли ғолиб аз даъвои Оҷонсии мубориза бо фасод, ки давлатӣ кардани ин бозор бо 700 дӯконашро талаб дорад, ҳимоят хоҳад кард, то аз наздикони Муҳиддини Кабирӣ ва чунин ҳам шуд.

Ғаффор Мирзоев

Оҷонсии зиддифасод мегӯяд, дар биное ки ҳоло бозори “Саховат” амал мекунад, бояд маҷтамаи варзишӣ сохта мешуд ва ин бино дар поёни солҳои 90, дар замони дар минтақаи Турсунзода нуфуз доштани фармондеҳи вақти Горди президентӣ генерал Ғаффор Мирзоев ғайриқонунӣ хусусӣ гардонда шудааст. Раиси собиқи Турсунзода Ҳамидуллоҳ Алишеров аммо дар додгоҳ гуфтааст, ки Ғаффор Мирзоев ба онҳо фишор наоварда буд, балки гуфтаааст, агар инҷо бозор сохта шавад, дар оянда аз ҳисоби он метавон чандин маҷтамаи варзишӣ бунёд кард.

Дар ҳар сурат, ин маҷтамаи варзишӣ аз ҷониби Лутфия Неъматуллоева бо нархи 7000 сомонӣ харида ва дар соли 2009 ба Мастура Раҳматуллоева – ҳамсари Муҳиддини Кабирӣ – дар баҳои 836 000 сомонӣ фурӯхта шудааст.

Дар ҷараёни мурофиа намояндаи бахши варзиши ҳукумати Турсунзода шиква кард, ки варзишгарони Турсунзода ба маҳзи ин ки толорҳои варзишӣ хусусӣ шудаанд, ба мушкили зиёд рӯбарӯ ҳастанд ва маҷбуранд, барои иҷораи ин толорҳо пули зиёд масраф кунанд. Дар баробари Оҷонсии зиддифасод бахши варзиш танҳо ниҳоде буд, ки дар додгоҳ аз дубора давлатӣ кардани бозори “Саховат” пуштибонӣ кард. Ба гуфтаи манобеи огоҳ, боқӣ ниҳодҳои зидахл, аз ҷумла нозироти андози Турсунзода, гуфтаанд, ки бо масъулони кунунии бозори “Саховат” мушкиле надоранд.

Ин видеоро хабарнигори Озодӣ рӯзи 14 апрел аз бозори "Саховат"-и Турсунзода овардааст:

​Далели асосии Оҷонсии зиддифасод дар ҳоли ҳозир ин буда, ки қарор дар бораи хусусӣ кардани биноро бояд ҳукумати марказӣ мебаровард, на ҳукумати маҳаллӣ. Вакили мудофеи наздикони Кабирӣ Бузургмеҳр Ёров дар рӯзи охирини мурофиа – 18 апрел – гуфтааст, танҳо ҳадаф аз ин даъво иваз кардани соҳиби бозор аст, вагарна мақомот ҳатто аз масъулияти пардохти ҷуброн ба соҳибони кунунии бозор, ки онро ҳамчун “харидори бовиҷдон” аз дасти дувум, баъди чандин соли хусусӣ шуданаш харидаанд, саркашӣ намекард.

Муҳиддини Кабирӣ рӯзи 18 апрел дар додгоҳ барои ҳалли сулҳомези қазия 3 пешниҳод дод:
  • Ҷудо кардани замин, то бозорро бо 700 дӯконаш бикӯчонанд
  • Сохтани як маҷтами дигари варзишӣ аз ҳисоби соҳибони бозори “Саховат”
  • Пардохти ҳаққи иҷораи толорҳо барои варзишгарони Турсунзода аз ҳисоби бозор.

Кабирӣ гуфтааст, агар додгоҳ ин се пешниҳоди ӯро ҳам напазирад, пас маълум хоҳад шуд, ки ин парванда супоришӣ аст ва дигар кардани соҳиби бозорро ба ҳадаф дорад.

Вақте додгоҳи Турсунзода дар оғози моҳи апрел, тоза ба баррасии парвандаи бозори “Саховат” оғоз карда буд, Муҳиддин Кабирӣ дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, “рӯшан аст, ки ин ҳадафи сиёсӣ дорад ва ба хотири фишор овардану заиф кардан аз лиҳози иқтисодист.”

Барои исботи ангезаҳои сиёсии қазия тарафдорони ҲНИТ ин нуктаро меоранд, ки Оҷонсии зиддифасод ва ниҳодҳои дигари давлатӣ дар зарфи чанд моҳи охир якбора 5 ило 6 ширкату корхонаи марбут ба наздикони Кабириро тафтиш карданд ва ҳатто бинои маркази таҳлилии “Диалог” ва як бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ дар маҳаллаи километри 9-ум, дар канори шарқии Душанберо, ки низ ба наздикони Кабирӣ тааллуқ доштааст, ҳудуди 1 миллион сомонӣ, муодили 200 000 доллар, ҷарима бастаанд.

Қазияи бозори “Саховат” дар додгоҳи Турсунзода дар ҳоле идома дорад, ки ҲНИТ дар пешорӯи интихоботи порлумонии соли 2015 ба мавҷи наву боз ҳам шадидтари фишорҳо рӯбарӯ шудааст. Ин ҳизб дар интихоботи порлумонии соли 2010 баъд аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ ҷои дуюмро гирифта, соҳиби ду курсӣ дар Маҷлиси намояндагон шуд, вале иддао дошт, ки нисбаташ “зулм шудааст” ва дар асл ҲНИТ дар он корзор дастикам 35-40 дарсад раъйи мардумро ба даст оварда буд. Соҳибназарон мегӯянд, як ҳадафи мавҷи нави фишорҳо ва аз ҷумла тазъифи иқтисодии ҲНИТ шояд пешгирӣ аз такрори комёбии 4 сол пеши ин ҳизби мухолифи соҳиби беш аз 40 000 узв дар интихоботи навбатии порлумонӣ бошад.