Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парванда алайҳи бозори "Саховат"-и Кабирӣ


Додгоҳи иқтисодии ноҳияи Турсунзода бар асоси даъвои Оҷонсии зидди корупсия ба баррасии парвандаи бозори «Саховат», воқеъ дар шаҳри Турсунзода, ки ба Муҳиддин Кабирӣ ва наздикони ӯ, таалуқ доштааст оғоз намуд.

Бозори «Саховат» дар шаҳри Турсунзода, 55-километрии ғарбии пойтахт ҷойгир буда, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва вакили маҷлиси намояндагон яке аз соҳибмулкони ин бозор дониста мешавад.

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъи бозори «Саховат» рӯзи 3-юми апрел бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, ки дирӯз 2-уми апрел дар мурофиа Муҳиддин Кабирӣ ба унвони яке аз соҳибмулкони ин бозор даъват карда шуд, ки вай дар онҷо назари худро баён доштааст. Ба гуфтаи Ёров,Муҳиддин Кабирӣ санҷиш ва кушодани парванда нисбати ин бозорро "супоришӣ" донистааст.

«Ин даъво ва ин парванда на танҳо супоришӣ, сиёсӣ ва ноодилона аст, балки ба ягон мантиқ рост намеояд. Ҳам муҳлати пеш овардани даъво гузаштааст, ҳам ин моликият тибқи чандин санади ҳуқуқӣ афв шудааст ва ҳам ягон далеле барои содир шудани камбудӣ аз тарафи соҳибмулкон вуҷуд надорад», зикр кардааст ҷаноби Кабирӣ дар ин мурофиа.

Дар ҳамин ҳол як намояндаи Оҷонсии зидди коррупсия рӯзи 3-юми апрел ба радиои Озодӣ гуфт, ки пас аз ворид шудани нома аз Кумитаи амнияти миллӣ дар мавриди санҷиши 7 моликияти хусусие, ки ба Муҳиддин Кабирӣ ва наздикони вай тааллуқ дорад, муфаттишони Оҷонсӣ, аз ҷумла фаъолияти бозори «Саховат» дар Турсунзодаро омӯхта, ба Додгоҳи иқтисодии ин ноҳия ариза пешниҳод кард, ки бозор давлатӣ карда шавад. Ин манбаъ гуфт, ки аз тарафи Кумитаи андози Тоҷикистон дар мавриди омӯзиши фаъолияти ин бозор ба Оҷонсии зидди коррупсия нома ворид гаштааст.

Бозори "Саховат" дар шаҳри Турсунзода дар ҷои як маҷтамаи варзишӣ таъсис ёфта, ба ақидаи мақомот, молики қаблиаш Лутфия Неъматова ин заминро ғайриқонунӣ хусусӣ гардонда, сипас ба моликони кунуниаш фурӯхтааст.

Бузургмеҳр Ёров гуфт, ки Муҳиддин Кабирӣ дар мурофиаи дирӯз таъкид кардааст, ки «дар бораи сиёсӣ будани ин қазия қариб, ки шак надорад. Танҳо сатҳи мақоми супоришдодаро намедонад, агарчи дар даст санади имзокардаи муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллиро дорад, ки дар як нома ба мақомоти андоз ва Агентии зидди коррупсия номи чанд корхонаи тиҷоративу истеҳсолиро овардааст, ки бояд санҷида шаванд».

Ин тақрибан 7 корхона ба аъзои хонавода ва хешу табори Муҳиддин Кабирӣ тааллуқ доштаанд.

Кабирӣ дар ин мурофиа бо назардошти ҳамаи меъёрҳои ҳуқуқӣ, мантиқӣ ва ахлоқӣ аз додгоҳ хоҳиш кардааст, ки ин даъворо баргардонад.

Ҷаноби Кабирӣ ҳамчунин зикр кардааст, ки «агар супориши сиёсӣ аз болотарин сатҳ барои гирифтани ин бозор аз хонаводаи мо содир шуда бошад, на ин суханронии ман ва на вакилони дифоъу ин додгоҳ, ҳатто сарқонун дигар кӯмак намекунад... Шояд касоне ҳастанд, ки бо фишорҳо алайҳи дигарандешон мехоҳанд сафи норозиёни ҳукуматро бештар кунанд ва бо лой кардани об ба ҳадафҳои худ бирасанд.»

Бозори «Саховат» дар шаҳри Турсунзода 15 сол ба ин тараф фаъол аст ва ба гуфтаи вакили дофоъ тибқи моддаи 7-и Қонуни Тоҷикистон дар бораи афви молу мулк аз соли 2007 бар асоси амволи то лаҳзаи қабули қонун мавриди хариду фурӯш ва соҳибмулк қарор гирифта, дар сурати набудани даъвои додгоҳӣ то қабули қонун мавриди афв қарор мегирад.

Тавре Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, то замони қабули қонуни мазкур ягон даъво алайҳи ин бозор вуҷуд надошт ва муҳлати даъвои дар нисбати фаъолияти ин бозор низ гузаштааст. Пас аз суханронии Муҳиддин Кабирӣ дар мурофиаи мазкур додраси парванда баргузории мурофиаи навбатиро ба рӯзи 10-уми апрел вогузоштааст.

Матни пурраи суханронии Муҳиддин Кабирӣ дар додгоҳи Турсунзода:

"Мӯҳтарам раиси суд ва ҳозирини гиромӣ!
Ташаккур мегӯям, ки ба ман иҷозати баромад дар ин нишасти додгоҳ додед, то мавқеъи худ ва аҳли хонадонамонро бигӯям, ҳамчун соҳибмулкони муштараки ин бозор. Як чиз барои ман ва хонаводаамон ошкор аст, ки агар супориши сиёсӣ аз болотарин сатҳ барои гирифтани ин бозор аз хонаводаи мо содир шуда бошад, на ин суханронии ман ва на вакилони дифоъу ин додгоҳ, ҳатто сарқонун дигар кумак намекунад.

Дар бораи сиёсӣ будани ин қазия қариб, ки шак надорам. Танҳо сатҳи мақоми супоришдодаро намедонам, агарчи дар даст санади имзокардаи муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллиро дорам, ки дар як нома ба мақомоти андоз ва Агентии зиддикорупсионӣ номи чанд корхонаи тиҷоративу истеҳсолиро овардааст, ки бояд санҷида шаванд. Ин корхонаҳо дар минтақаҳои гуногун ва мутааллиқ ба шахсони ҷудогона мебошанд. Саволе ба миён меояд, ки чаро танҳо чанд корхона дар як мактуб зикр шудаанд, ки бояд мақомот бо супориши Кумитаи амният онҳоро бисанҷанд ва чора бинанд? Ҷавоб ин аст, ки ҳамаи ин корхонаҳо ба аъзои хонавода ва хешу табори ман тааллуқ доранд. Пас маълум мешавад, ки мавриди таваҷҷуҳи мақомоти давлатӣ қарор гирифтани ин корхонаҳои мавҷуда дар ноҳияҳои гуногун ва мутааллиқ ба афроди гуногун танҳо ба хотири наздикии соҳибонашон ба ман мебошанд. Ба ибораи дигар, ман сабаб гашатаам, ки хешовандони ман мисли ҳар шаҳрванди дигари кишвар аз ҳаққи тиҷорат ва соҳибкорӣ маҳрум шаванд. Яъне, онҳо наметавонанд соҳиби молу мулке ва шароити беҳтари зиндагӣ бошанд ва бояд барои наздикӣ бо ман ҷазо бикашанд.

Ман аз ҳама наздиконам, ки аз руйи ман шуда имрӯз аз молу мулкашон маҳрум мешаванд ва ин ҳама хасорати моливу равониро мекашанд, узр мепурсам ва воқеан хиҷолатам пеши онҳо. Ва ташаккур ҳам мегӯям, ки то имрӯз касе аз онҳо изҳори нороҳатӣ накарда, баръакс талош мекунанд, ки дар паҳлӯи мо бошанд ва моро дилбардорӣ карданӣ мешаванд. Хиҷолатам на фақат аз он аст, ки имрӯз молашонро аз даст медиҳанд, балки ман сабаб шудам, ки онҳо тиҷораташонро аз Русия ба Тоҷикистон бикучонанд.

Солҳои ҳиҷрат дар қатори ҳазорҳо ҳамватан дар ш. Маскав тиҷорати худро ба роҳ монда, дар бузургтарин бозори молфурушии Черкиз соҳиби мағоза ва тиҷорати хуб буданд, ки чандин ҳамватани дигарро бо кор таъмин мекарданд. Пас аз имзои Созишномаи сулҳ ва аҳди бародарӣ байни тоҷикон, ман ҳамчун узви Комиссияи оштии миллӣ ва ёвари раиси КОМ, Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ тиҷорати худро ба Тоҷикистон кучондам ва дустону хешовандонро низ ташвиқ ба ин кор кардам. Аз ҷумла, писарони аммаҳоямро, ки дар бозори Черкиз машғули тиҷорат буданд, ташвиқ кардам, ки ба ватан баргарданд ва сармояи худро дар тиҷорати ватанӣ ва барои ободонии Ватан сарф кунанд.
Барои он, ки боварӣ дошта бошанд, пешниҳод кардам, ки метавонем шарикӣ кор кунем. Мехостам онҳо бовар кунанд, ки дар кишвари мо сулҳу ваҳдат ҷиддӣ аст ва ҳама шаҳрвандон, новобаста аз тарафдори ҳукумат ё мухолифин будан аз ин пас дар назди қонун баробаранд ва ҳама ҳаққи баробари кору фаъолият доранд. Ва онҳо ҳам бовар карда, тиҷорати худро дар Маскав қатъ карданд ва мо якҷоя ин бозорро харидем.

Барои осон шудани кор ва боварии ҳамагон, бозорро дар номи ҳамсари ман, Раҳматуллоева Мастура сабт кардем ва директори бозор яке аз писарони аммаам таъйин шуд. Имрӯз онҳо ҳақ доранд аз ман бипурсанд, ки чи шуд он замонатҳои додашуда, ки тоҷикон ҳамдигарро бахшидаанд ва дигар барои андешаҳои сиёсӣ инсонҳо таъқиб намешаванд. Чун онҳо дида истодаанд, ки танҳо ба хотири хешу табор будан бо ман аз моликияташон маҳрум мешаванд ва сармояи солҳо ҷамъовардаашон бо як супориш ё қарори суд аз онҳо гирифта мешавад. Боз ҳам миннатдорам, ки то ҳол ин ҳарфро ба мо нагуфтаанд, вале ин маънои онро надорад, ки ман эҳсосе масъулият накунам. Аз ҳама аламовараш он аст, ки ҳеч кадоми онҳо ба сиёсат сару кор надоранд ва танҳо аз пайи зиндагии хеш мебошанд.

Мӯҳтарам суд!
Шояд баъзеҳо фикр кунанд, ки ин як қазияи сирф ҳуқуқӣ ё гражданӣ мебошад ва мо беасос онро сиёсӣ мекунем. Агар ҳадафи мо сиёсӣ кардани қазия мебуд, аз рӯзи аввал ин корро мекардам. Ҳол он, ки нусхаи номаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар бораи корхонаҳои мо чанд моҳ боз дар дасти ман ҳаст, вале на дар матбуот ва на дар ҷои дигар онро ошкор накардаам, ғайр аз адвокат ва худи кормандони мақомот, ки нусхаи он дар парвандаи шумо низ вуҷуд дорад.
Ин бозор 15 сол боз кор мекунад ва агар камбудие дар санадгузории он бошад, пас тибқи қонунгузории Тоҷикистон муҳлати даъво аз тарафи мақомот ё шаҳрвандон кайҳо гузаштааст ва инро ҳар як ҳуқуқшинос медонад.

уҳлати ҳадди аксари даъвои иқтисодиро қонунгузор се сол муайян кардааст. Ҳол он, ки дар байн чандин санад, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи афви молу мулк аз соли 2007 қабул шудааст, ки тибқи моддаи 7, амволи то лаҳзаи қабули қонун мавриди хариду фуруш ва соҳибмулк қарор гирифта, дар сурати набудани даъвои судӣ то қабули қонун мавриди афв қарор мегирад. Шумо медонед, ки то қабули қонуни мазкур ягон даъво алайҳи ин бозор вуҷуд надошт, пас мавриди афв қарор гирифтааст, агар камбудие дар санадгузориаш дошта бошад. Афв ҳам мантиқан барои амволе қабул мешавад, ки ягон камбудие дар муомилот ё санадгузорӣ роҳ дода шудааст. Агар камбудӣ надошта бошад ва ҳама чиз сад дар сад мувофиқу қонунгузорӣ бошад, пас қонунҳо ва санадҳои зиёди афв барои кадом ҳолатҳо қабул шудаанд? Ҳол он, ки аз тарафи мо, сохибмулкони имрӯзаи бозор бо эътирофи худи мақомоти тафтишотӣ ягон қонуншиканӣ содир нашудааст ва тибқи Сарқонуни кишвар ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ давлат вазифадор аст, ки моликияти хусусии шаҳрвандонро ҳимоят кунад ва кафолат диҳад.

Як қоидаи маъруфи ҳуқуқӣ аст, ки дар сурати баҳси иқтисодӣ байни мақоми давлатӣ ва шаҳрванд, дар сурати гунаҳкор набудани шаҳрванд, бояд манфиати шаҳрванд авлавият пайдо кунад. Дар ҳолати мо, шаҳрванд ҳамчун харидори бовиҷдон назди қонун ягон камбудӣ надорад ва давлат, аз ҷумла мақоми судӣ, ки яке аз шохаҳои мустақили давлатӣ ном гирифтааст, бояд аз манфиати шаҳрванд ҳимоят кунад.

Тибқи Конститутсия, Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ эълон шудааст. Ва ҳар қароре, ки вазъи иҷтимоии шаҳрвандро аз пешина бадтар мекунад, наметавонад ҳукми қонунӣ дошта бошад. Агар қарори суд Худое накарда ба гирифтани моликияти мо содир карда шавад, на як шаҳрванд, балки садҳо шаҳрвандон бо айби мақомоти давлатӣ зарари молӣ ва маьнавӣ мебинанд, ки барои давлати иҷтимоӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ муносиб нест. Зеро дар ин бозор бештар аз 700 соҳибкор фаъолият мекунанд, ки ҳар кадом чандин нафари дигарро мехуронанд.
Мӯҳтарам суд!

Мехостам диққати Шуморо ба як нуқта ҷалб намоям. Тоҷикистон тибқи Сарқонун аз се шохаи ҳокимият иборат аст: иҷроия, суд ва қонунгузор. Салоҳияти фуруши амволи давлатӣ ба души мақомоти иҷроия мебошад ва объекти мазкур дар вақташ барои фуруш аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ омода шудааст. Тавре, ки аз гузориши намояндаи Ҳукумати иҷроия маълум гашт, ин раванд чандин марҳаларо гузаштааст ва чанд маротиба дар расонаҳо эълони фуруш вуҷуд доштааст. Комиссияи дахлдори мақомоти иҷроия онро санҷидааст ва ҳуқуқшиносони мақомот зери он имзо кардаанд. Агар камбудие ҷой дошт, пас камбудии худи мақомот мебошад. Имрӯз намояндагони дигари ҳамин Ҳокимияти иҷроия ҳамчун даъвогар баромад карда истодааст, ки гуё замоне ин моликияти давлатӣ нодуруст фурухта шудааст. Саволе ба вуҷуд меояд, ки агар 15 сол пеш камбудие содир шудааст, ин камбудиро кадом шохаи ҳокимият содир кардааст? Иҷроия? Суд ё қонунгузор? Ё шаҳрвандон, ки ба мақомоти иҷроия бовар карда онро харидаанд ва боз бо қарори ҳукумати иҷроия маблағ сарф карда, бозори калон сохтаанд? Магар худи ҳокимияти иҷроия масъулияти фуруши амволи давлатиро надорад? Магар ҳамин моликият 15 сол пеш аз тарафи мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроия ба фуруш гузошта нашуд ва ин камбудиро содир накард? Модоме ки чунин аст, пас мантиқи ҳуқуқӣ куҷо мешавад ки худи гунаҳкор имрӯз аз болои камбудии содиркардаи худ даъво биёрад ва ҷуброни камбудии содиркардаи ӯро шаҳрвандони бегуноҳ пардохт кунанд?

Ин даъво ва ин парванда на танҳо супоришӣ, сиёсӣ ва ноодилона аст, балки ба ягон мантиқ рост намеояд. Ҳам муҳлати пеш овардани даъво гузаштааст, ҳам ин моликият тибқи чандин санади ҳуқуқӣ афв шудааст аа ҳам ягон далеле барои содир шудани камбудӣ аз тарафи соҳибмулкон вуҷуд надорад.

Аз руйи тамоми меъёрҳои ҳуқуқӣ, мантиқӣ ва ахлоқӣ ин даъво бояд баргардонида шавад. Агарчи пештар ҳам нисбати ман ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон ҳукми суд содир шуда буд, ки бояд барои суханрониам дар ҷаласаи парлумон узрхоҳӣ намоям. Ин ҳукм на танҳо дар таърихи кишвари мо, балки дар таърихи парламентаризми дунё намунае надорад ва исбот кард, ки мақомоти судии мо ҳанӯз ҳам натавонистаанд ба истиқлолияти комили конститутсионии худ бирасанд ва аз фишори мақомоти иҷроия раҳо ёбанд. Табиист ки вақте вакил наметавонад назари хешро дар парлумон озодона бигӯяд, тибқи фаҳмиши ин мақомот, ӯ чигуна метавонад соҳиби молу мулк бошад ва дар баробари истиқлолияти сиёсӣ боз истиқлолияти иқтисодӣ низ дошта бошад?!

Аниқ аст, ки ташаббускорони ингуна парвандаҳо ҳеҷгоҳ дар фикри манфиатҳои давлату миллат набудаанд ва нестанд. Агар мебуданд, манфиатҳои шахсӣ ва гуруҳии худро болотар аз манфиатҳои дигар шаҳрвандон ва қонун намегузоштанд. Ин маънои онро дорад, на қонун, балки танҳо шахсиятҳои алоҳида муайян мекунанд, ки дар ин Ватан кӣ моликияту тиҷорат дошта бошад ва кӣ муҳтоҷу мунтазири дасти дигарон бимонад.

Мӯҳтарам суд!
Бо назардошти гуфтаҳои боло, агар шумо имрӯз ё ҳар вақти дигар ҳукми гирифтани моликияти моро ҳам содир кунед, аз шумо ва низоми судии кишвар гиламанд нахоҳам буд. Чун мушаххас аст, ки қарор дар он сурат сиёсӣ хоҳад буд, на ҳуқуқӣ. Ҳукми гирифтани моликияти мо танҳо дар як сурат метавонад содир шавад ки агар супориши қатъии мақомоти баланди давлатӣ вуҷуд дошта бошад. Дар ин сурат шумо илоҷе дигаре надоред. Дигар ягон далел вуҷуд надорад. Ин ҳамаро аз фаъолияти сиёсӣ ва мавқеъи шаҳрвандии худ медонам.
Эътиқод дорам, ки ризқро Худованд медиҳад ва бо гирифтани моликияти мо касе таъсир болои мавқеъҳои шахсии мо расонида наметавонад. Ҳеч тағйире дар мавқеъҳои мо нахоҳад буд. Ва фикр нашавад, ки дар сурати гирифтани моликияти мо мавқеъи тундтаре хоҳем гирифт. Шояд касоне ҳастанд, ки бо фишорҳо алайҳи дигарандешон мехоҳанд сафи норозиёни ҳукуматро бештар кунанд ва бо лой кардани об ба ҳадафҳои худ бирасанд.

Агар ҳадафи мо моликият мебуд, мисли дигарон хушомадгуйӣ мекардем, вале тули фаъолияти соҳибкориам танҳо ба хотири истиқлолияти иқтисодии хеш ва наздиконам фаъолият доштаам. Бо доштани имконият, ҳанӯз ҳам бо ҳафт фарзанд дар хонаи сеутоқа зиндагӣ мекунем, вале даҳҳо варзишгару адибу донишҷуёнро, шукри Худованди карим тавонистем кумаки молӣ намоем.
Агар мабодо қарори суд бар зидди мо содир шавад, умедворам, касоне ки ин моликияти моро дар оянда соҳиб мешаванд, ба назар хоҳанд гирифт, ки ин моликият аз моли ҳаллоли ҳамватанонашон ба даст омада буд ва даромадаш дар кори ҳалол сарф мешуд. Ва онҳо ҳам даромади ин бозорро дар корҳои ҳалол сарф хоҳанд кард.

Инчунин, садҳо хонадон аз ин макон ризқашонро то имрӯз меёфтанд ва умедворам, ки мақомот ба хотири мо онро вайрон нахоҳанд кард. Агарчи, дар сурати қонеъ гардонидани даъво онҷо дигар наметавонад бозор бошад, вале ба таври истисно ё бо тафсири дигари қонун нигаҳ доштани он ба мақсад мувофиқ мебуд.

Бори дигар ташаккур мекунам, ки ба мо фурсати суханро додед, мӯҳтарам суд."
XS
SM
MD
LG