Қамари Аҳрор бо 120 сомонӣ ҷарима "халос" шуд

Tajikistan,Sughd region, Qamari Ahror, a tajik journalist,16October2014

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 29 октябр хабарнигори маҳаллӣ Қамари Аҳрорро бар асоси даъвои пулиси шаҳр 120 сомонӣ ҷарима баст. Баррасии ин парванда дар додгоҳ қариб 2 ҳафта идома дошт.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 29 октябр билохира ба даъвои шӯъбаи умури дохилаи шаҳр бо Қамари Аҳрор, рӯзноманигори нашрияи “Нигоҳ” ва Оҷонси иттилоотии “Тоҷнюс” нуқтаи таммат гузошт ва хабарнигорро ба маблағи баробари 3 нишондоди маоши ҳадди аққал, яъне 120 сомонӣ, ҷарима кард.

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз шаҳри Хуҷанд иттилоъ дод, ки “додгоҳи шаҳри Хуҷанд, имрӯз ҳалномаи худро нисбатии ин хабарнигор бо ҷазои пардохти ҷарима дар ҳаҷми 3 нишондо, баробар ба 120 сомонӣ содир кард.”

Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ додгоҳ алайҳи ин рӯноманигор мутобиқи банди 479-и Кодекси мурофиавии Тоҷикистон ҷазо таъин кардааст. Аммол Қамари Аҳрор ва вакили дифояш аз ҳалномаи додгоҳ изҳори норозиятӣ карда ва гуфтаанд, ки ба зинаи болоии додгоҳӣ шикоят мебаранд.

Додгоҳ ба барасии ин қазия рӯзи 16-уми октябр оғоз карда буд.

Пулиси шаҳри Хуҷанд даъво дошт, ки рӯзноманигори минтақавии нашрияи “Нигоҳ” ва Оҷонсии иттилоотии “Тоҷнюс” рӯзи 6 августи соли равон, ҳангоми баргузории мусобиқаи байнулмилалии муштзанӣ дар толори варзишии марказии вилояти Суғд, аз иҷрои амри кормандони пулис, ки ба вай аз масофаи наздик ба саҳна (ринг) наворбардориро манъ карданд, сарпечӣ кардааст.

Дар пайи он кормандони пулис ӯро аз толор ба идораи худ бурда, алайҳаш мутобиқи банди 479 -и Кодекси мурофиавии Тоҷикистон маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб додаанд. Қамари Аҳрор мегӯяд, ки даъвои пулис сохта аст ва ӯ зимни наворбардории муштзании Мавзуна Чориева бо ҳарифаш аз Узбакистон танҳо вазифаи касбии худро иҷро мекард ва ба ҳеҷ гуна нақзи қонун роҳ надодааст.

Зафар Сафиев, муовини сардори ШКД-и шаҳри Хуҷанд ду ҳафта пеш дар додгоҳ гуфт, баҳси пулис бо рӯзноманигорон дар толори варзишӣ аз он сар зад, ки онҳо ва дар байнашон Қамари Аҳрор муштзаниро аз масофаи наздик, тақрибан 3 метрии ринг, ба навор мебардоштанд. Ва ин ба тамошову ҷараёни сабқат халал мерасонд ва довари бозӣ дархост кардааст онҳоро аз назди саҳна дур кунанд. Дар ҳоле, ки тибқи тартиби муқарраркардаи Федеретсияи бокси Тоҷикистон, наворгирӣ ҳадди ақал аз масофаи 6 метр дур аз саҳна иҷозат дода шудааст. Ҷаноби Сафиев афзуд, Қамари Аҳрор бо смартфон навор мегирифт ва худро низ ба пулис муаррифӣ накард ва вориди баҳс шуд.

Вале ба дунбол яке аз шоҳидони айнӣ, корманди идораи сӯхторнишонӣ зимни бозпурсӣ дар додгоҳ гуфт, Қамари Аҳрор шаҳодатномаи рӯзноманигории худро ба кормандони пулис нишон дод ва маълум буд, ки вай аз пайи иҷрои вазифаи касбӣ дар толор ҳузур дорад.

Банди 479- и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон – итоат накардан ба амри пулис – ба қонуншикан ҷазои аз 150 то 200 сомонӣ ҷарима ё 5 рӯзи ҳабсро пешбинӣ мекунад.

Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон ва маҳфилҳои рӯзноманигорӣ, ба шумули НАНСМИТ, иттиҳоди расонаҳои мустақили Тоҷикистон даъвои ШКД- и шаҳри Хуҷанд алайҳи рӯзноманигор Қамари Аҳрорро фишор болои матбуот ва маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои рӯзноманигорон унвон карда буданд.