Анҷумани Миллии Расонаҳои Мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ ба Додситонии Хуҷанд дар нисбати кормандони Раёсати умури дохилӣ борои боздошт ва зӯран ба Шӯъбаи корҳои дохилӣ бурдани хабарнигори "Тоҷнюс" ҳангоми гирифтани навори видеоӣ аз як мусобиқаи байналмилалии бокс рӯзи 6-рӯзи август аризаи шикоятӣ хоҳад бурд. Нуриддин Қаршибоев раиси НАНСМИТ имруз бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дирӯз кормандони милисаи Хуҷанд хабарнигори Тоҷнюс Қамари Аҳрорро ҳангоми наворбардорӣ аз ҷараёни мусобиқаи бокс монеъ шуда уро пас аз як гуфтумон боздошт карда зуран ба ШКД бурда ӯро аз иҷрои фаъолияти хабарнигорӣ маҳзрум кардаанд. Қамари Аҳрор хабарнигори Тоҷнюс дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки вақте Мавзуна Чориева бо ҳарифи узбакаш муҳориба дошт, вай ба назди ринг омада аз наздиктар мехостааст ба навор гирад, вале кормандони милиса аз ҷумла Наим Аҳмадов монеи ӯ шуда маҷбураш кардаанд ки толорро тарк кунад. Қамар мегуяд, ки вай хостааст,ки навори видеояшро ба охир расонад, вале кормандони милиса монеъ шуда уро боздошт карда ба зурӣ ба ШКД мебаранд ва пас аз навишани протокол ва гирифтани баёнот раҳояш мекунанд. «Охир ман натавонистам ки навори видеоии худро пурра анҷом диҳам ва дар онҷо ҳамроҳи ман аксбардорон аз нашрияҳои дигар низ буданд, вале фақат маро манъ карданд» -- мегӯяд Қамар Аҳроров.