Раҳбари Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский баъди баргашт аз сафари Тоҷикистону Узбекистон мавзеъгирие кард, ки барои ӯ хос набуд. Ӯ аз фаъолтар шудани сиёсатмадорони Кремлин дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳимоят кард. Ва ҳамчунин давъат намуд, ба таври фаврӣ ҳамаи мувофиқатномаҳое, ки бо ин кишварҳо имзо шудааст, ба тасвиб расанд.
Изҳороти ӯро мешавад ба сифати "лоббигарӣ" пазируфт, вале намедонем, ки ҳадафҳои шахсии Жириновский то куҷо бо нақшаҳои Кремлин мувофиқат мекунандДаниил Кислов
Мавқеи зиддунақиз
Владимир Жириновский, ки бо изҳороти миллатгароёнаи худ дар баробари зодагони Қафқози Шимолӣ ва Осиёи Миёна маъруф аст, 6-уми ноябр дар Думаи давлатӣ вакилони русро барои бетаваҷҷуҳӣ нисбат ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ танқид кард. Ин изҳорот баъди баргаштани Жириновский аз Тоҷикистону Узбекистон садо дод, ки ӯ ба ҷуз корҳои дигар бо чеҳраҳои расмии ин кишварҳо низ мулоқот кард.
Дар суханронии худ ин сиёсатмадори ҷанҷолӣ барои тақвияти ҳамкориҳо бо кишварҳои ҷанубушарқӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Узбекистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ба таъбири ӯ бояд маҳаки сиёсати берунии Русияро ташкил диҳанд, даъват кард.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Жириновский ба ҳимоят аз муҳоҷирони тоҷик садо баланд кард“Барои он ки бо мо то кунун бо фарқ аз Соҳили Балтик ва Украина муносибати хубтар мекунанд. Пас, чаро тамоми ин солҳо мо хеле кам ба ин минтақа таваҷҷуҳ кардем, хусусан ба Узбекистон? 25 сол ҳеч ҳайати намояндагие аз мо ба он ҷо ва аз онҳо ба мо сафар накардааст. Чӣ касе ин гуна кор мекунад?”, - изҳор кард сиёсатмадор.
Зимни ёдоварӣ аз дидорҳояш дар ин кишварҳо, Жириновский гуфт, “дар онҷо шаҳрвандон мехоҳанд забони русиро биомӯзанд” ва дархост кард, ки мактабҳои русӣ боз шавад. Ин сиёсатмадори рус ҳамчунин нигаронии худро аз вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистон изҳор намуд ва аз Русия даъват кард, ки ба Тоҷикистон барои ҳимоят аз марзҳои давлатияш ёрии зарурӣ бирасонад.
"Жириновский тасмимҳои Маскавро баён мекунад"
Сергей Абашин, профессори донишгоҳи Санкт-Петербург ва коршиноси масоили муҳоҷират, гуфт, Жириновский мисли ҳамеша талош мекунад ҳамон руҳияеро дошта бошад, ки Кремлин дорад. “Дар ин маврид ӯ бар асоси сиёсатҳои пешрави Кремлин, ки дар ин авохир таваҷҷуҳи бештар ба Осиёи Марказӣ менамояд, амал мекунад. Дар асл бархе аз гардишҳо дар баробари Осиёи Марказӣ алакай дар Кремлин мураттаб шудааст ва Жириновский онҳоро танҳо баён мекунад”, - таъкид кард ин коршинос рӯзи 10-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Ба таъбири ӯ, аз нуқтаи назари лоббигарӣ изҳороти Жириновский ҷолиб ба назар мерасад, вале бо вуҷуди ин ҳамаи кор дар сатҳи Кремлин ва ҳукумат ҳал карда мешаванд.
Изҳороти дағалона ва аксаран таҳоҷумии Владимир Жириновский борҳо ба сифати баҳона барои низоъ ҳам дар дохили Русия ва ҳам берун аз он қарор гирифтаанд. Баъзеҳо дар симои ӯ як сиёсатмадори фартутеро мебинанд, ки изҳороташ ҳеч маъно надорад. Бархеи дигар бар ин назаранд, ки ӯ “баландгӯяки” ҷиддии Кремлин аст ва маъмулан мавзеъгириҳоии ғайрирасмии Маскавро баён мекунад.
“Баландгӯяк”-и ҳукумат?
Дар ҳар сурат Ҳизби либерал демократи Русия яке аз се ҳизбе аст, ки дар тамоми 7 даъвати интихоботҳои баъд аз соли 1991 ширкат кардааст. Инчунин, яке аз ду ҳизбе мебошад, ки бар асоси натиҷаҳои интихобот ҳамеша дар палатаи поёнии порлумон – Думаи давлатӣ – намоянда доштааст. Худи Жириновский 5 бор дар интихоботи президентии Русия иштирок ва ҷойҳои 3-5-ро гирифтааст. Дар соли 2017 ин ҳизб аз буҷет 1 миллиард рубл ё 149 миллион доллар гирифтааст. Имсол 97 дар сади даромадҳои ин ҳизб аз ҳисоби пардохтҳои Буҷети федеролӣ будаанд.
Даниил Кислов, рӯзноманигор ва сардабири хабаргузории “Фарғона” дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ёдовар шуд, ки ҳама гуна суханрониҳои Жириновский ба ин ё он шева садои Кремлин ё назарсанҷии афкори умум ва ё ҳаракатҳои таблиғотӣ мебошанд.
“Он чи ба тақвияти марзҳои Тоҷикистону Афғонистон бастагӣ дорад, зоҳиран ҳамоҳанг бо тарҳи музокироти имрӯзии ҳукумати Русия бо Толибон мебошад. Эҳтимол Русия мехоҳад, ба наҳве дар ин минтақа қад рост кунад ва Жириновский радикалтарин ҳадафи Русия барои баргаштан ба марзҳои Тоҷикистону Афғонистонро баён мекунад”, - гуфт Кислов.
Дар ҳамин ҳол, ин коршинос гуфт, ба изҳороти Жириновский бояд бодиққат бархӯрд кард, аммо набояд хулосаҳои осемасар баровард, зеро ҳамин одам то чанде пештар зодагони Осиёи Марказиро бо алфози қабеҳ ном мебурд. “Изҳороти вайро мешавад ба сифати “лоббигарӣ” пазируфт, вале мо намедонем, ки ҳадафҳои шахсии Жириновский то куҷо бо нақшаҳои Кремлин мувофиқат мекунанд”, - изҳор намуд ӯ.
Раванди тақвияти ҳамкорӣ
Коршиноси дигари рус дар умури Осиёи Марказӣ Григорий Михайлов чунин меҳисобад, ки изҳороти Жириновский маънии хос надоранд, вале онҳо дар маҷмуъ равандеро инъикос мекунанд, ки Русия барои тақвияти ҳамкориҳо бо кишварҳои минтақа руйи даст гирифтааст.
“Русия, воқеан, бар ин назар аст, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ эҳтимоли бархӯрдҳои мусаллаҳона бештар мешавад, ки инҳо метавонанд аз Афғонистон интиқол ёбанд ё тавассути равандҳои дохилӣ таҳрик шаванд. Дар робита ба ин, бархоста аз манофеи Русия хоҳиш пайдо мешавад, ки ин таҳдидҳо ба ин ё он васила пешгирӣ шаванд ё эҳтимоли сар задани онҳо поин бурда шавад. Аз ҷумла, ба василаи тақвияти ҳамкориҳо дар умури низомӣ, фарҳангӣ, молиявӣ ва омӯзишӣ”, - мегӯяд Михайлов.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Жириновский муҳоҷирон ва оилаҳои онҳоро "муфтхӯр" номидБа таъбири ин коршинос, ҳама гуна ҳодисаҳои инчунинӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон метавонанд ба Қазоқистоне интиқол ёбанд, ки Русия сарҳади дурудароз ва нокофӣ ҳифзшуда дорад. Ҳамин аст, ки Русия дар таъмини амният манфиатдор аст.
Бояд гуфт, пештар Жириновский яке аз сиёсатмадорони рус буд, ки дар сатҳи расмӣ пешниҳод кард, бо кишварҳои Осиёи Марказӣ раводид ҷорӣ шавад ё ин кишварҳо ба сифати губернияҳо ба ҳайати Русия ворид карда шаванд. Барои чунин изҳороти тавҳиномезаш ин сиёсатмадорро Қирғизистон ва Қазоқистон ба таври расмӣ мамнуъ-ул-вуруд кардаанд.