Раиси ҷиноҳи Ҳизби либерал-демократии Русия дар Думаи давлатӣ, муаллифи баёнияҳои ҷанҷолбарангез Владимир Жириновский аз ҳукумати Русия хостааст, аз маблағҳое, ки муҳоҷирон ба ватани худ мефиристанд, андоз ситонида шавад. Вай гуфтааст, ин чораи маҷбурӣ барои он зарур аст, ки худи муҳоҷирон аз даромади худ, ки ғолибан "муфт" аст, молиёт намедиҳанд. Аммо ӯ тавзеҳ надодааст, ки талаби ӯ танҳо ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ дахл дорад ва манзараро ба гунае тасвир кардааст, ки гӯё Русия аз заҳмати муҳоҷирон фоида намегирад.
Ин дар ҳолест, ки чанде пеш раҳбари Бунёди кӯмак ба барномаҳои иҷтимоӣ “Муҳоҷират –асри 21” Вячеслав Поставнин гуфт, муҳоҷирон солона ба Русия 400 миллиирд доллар фоида меоранд, аммо Хадамоти муҳоҷирати Русия ин ададро ҳамагӣ 6-8 дарсад нишон медиҳад.
Дар бораи сабаби чунин фарқи бузург, раҳбари Бунёди “Муҳоҷират –асри 21” Вячеслав Поставнин мегӯяд, Хадамоти муҳоҷирати Русия ба оморе такия мекунад, ки тибқи он муҳоҷирони ғайриқонунӣ 3,5 миллион нафарро ташкил медиҳанд. Аммо амалан, ба гуфтаи ҷаноби Поставнин ин адад бояд боз 5 миллион муҳоҷири қонуниро низ фаро гирад. Вай ҳамчунин меафзояд, теъдоди куллии муҳоҷирон дар Русия 12 миллион нафарро ташкил медиҳад.
Раҳбари Бунёди кӯмак ба барномаҳои иҷтимоӣ “Муҳоҷират –асри 21” Вячеслав Поставнин дар мусоҳиба бо хабаргузории “Вести” гуфтааст, ин шумора бар пояи маблағҳое тахмин зада мешавад, ки муҳоҷирон ба кишварҳои худ мефиристанд. Чунончӣ, дар соли гузашта ҳаҷми чунин сармоя 21 миллиард долларро ташкил додааст.
Аммо Владимир Жириновский дар изҳороти худ нагуфтааст, ки маблағи умумии мефиристодаи муҳоҷирон чӣ қадар аст ва кадом бахши он аз андозбандӣ эмин мемонад.
Раиси Ҳизби либерал-демократҳои рус инчунин талаб кардааст, занони муҳоҷир аз таваллуди фарзанд дар қаламрави Русия андоз супоранд: “Мо наметавнем ба зани ҳомила хидмати тиббӣ нарасонем, чун ин ёрии таъҷилӣ шумурда мешавад ва ройгон аст. Онҳо аз ҳамин имконият суистифода мекунанд, дар ҳоле ки барои ин зербино харҷе накардаанд. Хоса, ки ин гоҳе сабаби сироят, бемориҳо ва зарурати карантин мешавад, зеро шароити зисти онҳо дар кишвар хилофи қоидаҳои беҳдоштист.”
Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки хабари дар кӯча зоидани як муҳоҷир аз Узбакистон расонаӣ шуд. Аввали моҳи ноябр ин шаҳрванди Узбакистон дар сари зинаҳои зоишгоҳ таваллуд кард, зеро пизишкон бо баҳонаи такмил набудани аснодаш ӯро ба таваллудхонаи дар Владивосток роҳ надоданд. Баъд аз ин воқеа ва дар заминаи он ки зоишгоҳҳои Русия аксаран аз қабули муҳоҷирон сарпечӣ мекунанд, созмонҳои ғайридавлатӣ ба Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон пешниҳод карданд, ки занони обистан ба Русия муҳоҷир нашаванд.
Гумон аст, изҳороти Владимир Жириновский аз тарафи Думаи давлатӣ пазируфта шавад, аммо он дар ташаккули афкори умум ва бегонаситезӣ дар Русия нақш хоҳад дошт. Ин дар ҳолест, ки фаъолони ҳизби “Ватан”-и Дмитрий Рогозин ҳафтаи гузашта пешниҳод карданд, дар Русия тамғаи молии колое ҷорӣ шавад, ки бе истифода аз неруи муҳоҷирон сохта шудааст. Бо ташбеҳи он ба “Нишонаи сифат”-и давраи Шӯравӣ аъзои ин ҳизб гуфтаанд, мехоҳанд, молҳоеро ба харидорон таблиғ кунанд, ки бе иштироки муҳоҷирон сохта шудаанд. Онҳо афзудаанд, ки мухолифи ҳузури “бегонагон” дар иқтисоди Русияанд.