Иттиҳоди мусулмонони Қазоқистон бо ирсоли як нома ба Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон, аз ӯ хостааст ҳанӯз ки зиндаву саломат аст, зимоми қудратро ба дасти нафари дигаре супорад. Вагарна, ба гуфтаи масъулони Иттиҳод, "як ҳарҷу марҷе натанҳо Узбакистон, балки ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказиро интизор аст".
Иттиҳоди мусулмонони Қазоқистон як созмони динии ғайридавлатист, ки ҳоло дар Петропавловску Остона ва Алмаато намояндагии расмӣ дорад. Ин иттиҳод аз Муфтиёти Қазоқистон ҷудост. Мурод Телибеков, раҳбари ин иттиҳод дар сӯҳбат бо бахши узбакии Радиои Озодӣ, муроҷиати онҳо замоне ирсол шуд, ки ҳамвора аз бад шудани вазъи сиҳҳати Ислом Каримов хабарҳо паҳн мешавад.
Каримов дар охири моҳи январи соли ҷорӣ ба синни 77 расид ва аз охирҳои соли 1980 ба ин сӯ зимоми қудрат дар Узбакистонро дар даст дорад. Ҳафтаи гузашта "Ҷунбиши мардумии Узбакистон", як созмони сиёсии мухолиф бо режими Ислом Каримов, эълон кард, ӯ рӯзи 28 январи соли ҷорӣ дар қароргоҳаш ба ҳолати кома ва ё беҳушӣ рафтааст. Иттилое, ки баъдан манобеи бахши узбакии Радиои Озодӣ тасдиқ накарданд.
Мурод Телибеков дар сӯҳбат бо бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтааст, “дар ҳоли ҳозир бояд Ислом Каримов ба истеъфо биравад. Чаро ки вазъи сиҳҳати ӯ хеле бад аст ва метавонад вазъи тамоми Осиёи Марказиро бадтар кунад. Агар ҳоло Каримов 40 ё 50-сола мебуд, гапи дигар. Аммо синнаш ба 77 расидааст.”
Дар посух ба ин суол, ки Нурсултон Назарбоев -- раиси ҷумҳури Қазоқистон ҳам мисли Каримов беш аз бист сол боз сари қудрат аст, Телибеков гуфтааст, “мутаассифона, дар кишварҳои пасошӯравӣ пойбанд мондани раҳбарон ба қудрат хеле хатарнок аст.”
Дар мавриди он ки дар Узбакистон фикр доранд, Ислом Каримов танҳо кафили суботу пешрафти ин кишвар аст, раҳбари Иттиҳоди мусулмонони Қазоқистон дар Алмаато гуфтааст, “ман ҳам инро истисно намедонам. Аммо дар минбаъда чӣ хоҳад шуд? Баъди аз байни рафтани кафолат Узбакистонро чӣ интизор аст? Қалъае, ки аз коғаз сохта мешавад, дар як дам ба хокистон табдил хоҳад ёфт. Наход, мардуми Узбакистон ин фикрро надошта бошанд, ки нафари дигар ҳам метавонад Узбакистонро раҳбарӣ кунад? Ба ҳар ҳол, фикр мекунем, Каримов бояд дар вақти буданаш қудратро ба нафари дигар супорад.”
Ислом Каримов, раиси ҷумҳури 77-солаи Узбакистон ҳоло номзад ба мақоми курсии президентӣ дар интихоботи моҳи марти соли ҷорист. Бар асоси хабари расонаҳои дохилии Узбакистон, ӯ сиҳҳат буда, рӯзи ҷумъа дар як маъаракаи пешазинтихоботӣ ҳам иштирок кардааст.
Номзадии ӯ аз тарафи Ҳизби либерал-демократи Узбакистон пешниҳод шуда, дар баробари Каримов се тани дигар ҳам барои соҳиб шудан ба курсии президентӣ сабқат мекунанд. Ислом Каримов аз соли 1988 ба ин тараф дар қабзаи оҳанин Узбакистони 30 миллионнафараро нигаҳ медорад. Ин кишвар ҳамвора барои назорати шадиди ҷомеа ва маҳдудияти озодиҳои шаҳрвандон аз сӯи кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон интиқод шудааст.
Каримов зодаи шаҳри бостонии Самарқанд аст. Ҳомиёни ҳуқуқи башар, ҳукумати ӯро ба поймол кардани ҳуқуқи инсон ва ба зиндон андохтани садҳо нафар аз дигарандешон айбдор мекунанд. Кишварҳои Ғарб дар соли 2005 дар пайи саркӯби хунини эътирозҳои Андиҷон алайҳи ҳукумати Каримов таҳримот ҷорӣ карда буданд.