Тарафдорони раҳбари мухолифин дар Қирғизистон мегӯянд, то замоне, ки Омурбек Текебоев аз боздошт раҳо нашавад, майдони Ала-Тоо дар маркази Бишкекро тарк нахоҳанд кард. Собиқ муовини раиси парлумон ва узви ҳизби “Ота Макон” Асия Сасиқбоева гуфт, то охирин лаҳза озод шудани раиси ҷиноҳи парлумониро талаб хоҳанд кард.
Омурбек Текебов шаби 26 феврал аз ҷониби ходимони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз дохили ҳавопаймо баъди бозгашташ аз Маҷмааи парлумонии САҲА дар Вена боздошт шуд. Баъдан мақомот гуфтанд, ки сиёсатмадори маъруфро ба мӯҳлати 48 соат дастгир мекунанд. Имрӯз қарор аст додгоҳ дар нисбати сарнавишти минбаъдаи Текебоев тасмим гирад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Президент: "Дигар касе масуният нахоҳад дошт"
Рӯзи 27 феврал президент Алмосбек Отамбоев дар мулоқоташ бо
Саҳми Текебоев дар рушди демократияи кишвар хеле зиёд аст. Вай барои ҳақиқат мубориза бурдааст. Мо кӣ будани Маевскийро ҳам фаҳмидем. Ба шарофати Маевский, ҳоло ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ бояд бо ҳам муттаҳид шаванд. Роза Отунбоева
созмонҳои ҷамъиятии маҳаллӣ гуфтааст, ки “дигар дар Қирғизистон афроди дорои масуният вуҷуд надоранд. Ин тасмим марбут ба ҳама раҳбарони амалкунанда ва гузаштаи ҳукумат мебошад”. Ҳарчанд дар ин мулоқот, ки ҳамчунин бо ҳузури наздикони қурбониёни инқилоби 7 апрели соли 2010 гузашт, Отамбоев қазияи боздошти Текебоевро ба забон наовард, аксар ҳозирин ва журналистон инро ҳамчун мавқеи президент дар нисбати ин қазия қабул карданд.
Отунбоева: "Текебоев ҳамеша барои ҳақиқат мубориза бурдааст"
Рӯзи 27 феврал тахминан 500 тарафдори мухолифон дар Қирғизистон дар муқобили сохтмони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба нишони эътироз аз боздошти сиёсатмадор гирди ҳам омаданд. Ин сохтор гуфтааст, ки сиёсатмадори мунаққиди давлат дар як қазияи ришвагирӣ гумонбар дониста мешавад. Эътирозгарони боздошти Текебоев – раиси ҷумҳурии собиқи Қирғизистон ва аз тарафдорони ӯ Роза Отубоева ва чанд раҳбари дигари мухолифон ба озодшавии билофосилаи сиёсатмадор пофишорӣ карданд. Отунбоева дар муроҷиат ба эътирозгарон гуфт:
“Ман ба мардум, аъзои ҷомеа ва ҳизбҳои сиёсӣ муроҷиат мекунам. Омурбек Текебоев як ходими мӯътабари давлатӣ аст. Ӯро дирӯз мисли як террористи байналмилалӣ дар фурудгоҳи Манас боздошт карданд. Мо аз ин хабар хеле нороҳат шудем. Саҳми Текебоев дар рушди демократияи кишвар хеле зиёд аст. Инро ҳама медонад. Вай барои ҳақиқат мубориза бурдааст. Мо кӣ будани Маевскийро ҳам фаҳмидем. Ба шарофати Маевский, ҳоло ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ бояд бо ҳам муттаҳид шаванд”.
Мухолифон боздошти Текебоевро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд
Онҳо мегӯянд, боздошти Текебоев сирф ангезаҳои сиёсӣ дорад. Отунбоева ва чанд сиёсматдори дигари узви ҳизби “Ота Макон” соли 2010 баъди интиқлоби апрелие, ки бо сарнагунии ҳукумати Қурмонбек Боқиев анҷомид, дар ҳукумати муваққатии Қирғизистон аъзо буданд. Субҳи рӯзи 27 феврал тарафдорони Текебоев дубора ба майдони эътироз баргаштанд.
Боздошти Текебоев соати 3 субҳи 26 феврал, баъди фуруд омадани ҳавопаймо аз Истамбул боздошт шуд. Додситонии Қирғизистон гуфт, ки давоми 48 соати аввали баъди боздошташ Текебоев бояд аз рӯи як қазияи марбут ба ришвахорӣ ба саволҳои тафтишот посух диҳад.
Дар давоми чанд ҳафтаи охир Текебоев сеюм узви ҳизби “Ота Макон” шуд, ки аз рӯи парвандаи ришват боздошт шудааст. Дар оғози моҳи феврал мақомот Алмамбет Шикмаматов ва Аида Саляноваро барои бозпурсӣ боздошт карданд. Ин боздошт дар ҳоле сурат гирифт, ки ҳарсеи онҳо ба унвони аъзои парлумон аз ҳақи масуният бархурдор буданд. То ҳол нисбати он ду нафар ҳам ҳеҷ иттиҳоми расмӣ эълон нашудааст.
Роҳи Текебоев - аз як муттафиқи президент ва мунаққиди ашадии ӯ
Замоне Текебоеви 58-сола як муттафиқи президент Алмосбек Отамбоев буд. Вале тобистони соли 2016 Текебоев ҳам ба як мунаққиди сиёсии Отамбоев табдил шуд. Он замон президент ба тағйири конститутсияи Қирғизистон, ки ҳузури тӯлонимуддати ӯро дар қудрат таъмин мекард, мухолифат кард. Айнан ҳамон коре, ки дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ анҷом шуд. Баъди ин тарҳи тағйиротро парлумон ва ҳизбҳои сиёсии муттафиқи Отамбоев қабул карданд. Бо ин вуҷуд, ки мӯҳлати раёсатҷумҳурии Отамбоев соли 2017 хотима меёбад ва ӯ ҳақи интихоби дубора ба ин мақомро надорад, мунаққидон мегӯянд, тағйирот ба конститутсия ба муттафиқони Отамбоев имкони таҳкими қудратро баъди аз мақом рафтани ӯ фароҳам меорад.
Ин тағйирот мавқеи нахуствазирро бориз мекунад ва дар миёни мухолифон чунин ақида пойбарҷост, ки дар асл Отамбоев баъди тарки курсии президентӣ мехоҳад ба мақоми сарвазирӣ нишинад ва ё роҳи як муттафиқи дигари худро ба ин вазифа ҳамвор кунад. Текебоеву тарафдоронаш шадидан мухолифи тағйироти конститутсионӣ баромад кардаанд.
Текебоев импичменти президентро талаб мекард
Текебоев ба импичмент ва ё эълони нобоварӣ ба президент Отамбоев даъват кард ва аз мақомот даъват кард, ки худи раиси ҷумҳур ва аъзои оилааш аз назари даст доштанашон дар фасоду ришвахорӣ санҷида шаванд. Интихоботи навбатии президентӣ дар Қирғизистон рӯзи 19 ноябр баргузор мешавад.
Дар сурати аз ҳақи масунияти парлумонӣ маҳрум ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб шудани Текебоев, ӯ аз ҳақи ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии имсол маҳрум мешавад.
Асия Сасиқбоева, як узви ҳизби “Ота Макон” гуфт: "Эҳтимолан, бо ҳадафи аз сабқат берун кардани ин номзад, онҳо ҳоло як парвандаи ҷиноӣ месозанд. Ба ман гуфтанд, ки ҳоло ӯро аз рӯи моддаи 303, ки хеле ҷиддӣ ва марбут ба фасод аст, боздошт кардаанд. Нақшаи дарозмуддати онҳо ба интихоботи президентӣ робита мегирад".
Асия Сасиқбоева инчунин гуфт, ки Текебоевро барои фош кардани як нақшаи азими фасод, ки дар он дасти президент Отамбоев ҳам дида мешавад, муҷозот мекунанд.
Вале муфаттишон мегӯянд, ки боздошти Текебоев ба ҳодисае бармегардад, ки гӯё дар замони муовини нахуствазири Қирғизистон буданаш баъди инқилоби соли 2010 рух додааст.
Маевский ва 1 миллион доллар пора
Онҳо иддао мекунанд, ки Текебоев гӯё аз як соҳибкори рус Леонид Маевский порае дар ҳаҷми 1 миллион доллар талаб кардааст ва гӯё ин пул барои он тақозо шудааст, ки соҳибкори рус ва ширкаташ “Алфа Телеком” иҷозати ворид шудан ба бозори тиҷоратии Қирғизистонро ба даст оварад. Саҳмияҳои ин ширкат қисман дар ихтиёри давлати Қирғизистон аст. Текебоев ҳама иттиҳомотро дар ин замина рад кардааст. Дар як изҳороти рӯзи 26 феврал додситонҳо иддао карданд, ки Текебоев “ӯҳдадориҳои худро ба ҷо намеорад ва ба бозгардони пулҳо омода нест”. Додситонӣ иддао кард, ки Текебоев ба ҷои эътирофи гуноҳ "ба ҷони Маевский таҳдид кардааст" ва талаб кардааст, ки аҳли ҷомеа аз вазъият огоҳонида шавад.
Рӯзе, ки Текебоев дар фурудгоҳи байналмилалии Бишкек боздошт шуд, дар шаҳри Ӯш ҳам тахминан 50 нафар эътироз карданд. Дар наздикии фурудгоҳ ҳам баъди ин таҷаммӯи тарафдорони ӯ мушоҳида шуд. Бархе аз онҳо боздошт ва худи ҳамон рӯз раҳо шуданд. Дар миёни онҳо – узви парлумон аз ҳизби “Ота Макон” Қанибек Имоналиев ва хабарнигори радиои Озодӣ дар Бишкек Улан Эгизбаев ҳам буданд.
Таҳлилгарон мегӯянд, ки ҳодисаҳои ахир метавонад паёмадҳои ҷиддие дар ҳаёти сиёсии ин кишвар ва ҳам дар соли интихоботи президентии Қирғизистон ба бор орад.