Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти пешвои мухолифони Қирғизистон дар Бишкек


Омурбек Текебоев
Омурбек Текебоев

Омурбек Текебоев яке аз пешвоёни бонуфузи мухолифин дар Қирғизистонро бо иттиҳоми фасодкорӣ дастгир карданд ва мумкин аст, ӯ натавонад, дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ ширкат кунад. Омурбек Текебоевро рӯзи 26-уми феврал баъди вурудаш ба фурудгоҳи шаҳри Бишкек соати сеи вақти маҳаллӣ ва ҳангоми бозгашт аз шаҳри Истанбул дастгир карданд.

Аз ин пештар додситонии Қирғизистон гуфт, ки ба муқобили раиси Ҳизби Отамакон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Омурбек Текебоев барои ширкат дар ҷаласаи Маҷмаи порлумонии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба шаҳри Вена рафта буд ва аз онҷо аз тариқи Истанбул ба ватанаш баргашт.

Омурбек Текебоеви 58-сола дар гузашта яке аз муттафиқони Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон буд, вале тобистони соли гузашта баъди пешниҳоди ҳукумат барои ислоҳи Қонуни асосӣ ба мухолифони аслии ӯ табдил ёфт. Бо вуҷуди онки Алмосбек Отамбоев ҳаққи ширкат дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳуриро надорад, вале мунтақидонаш мегӯянд, ки ислоҳи Қонуни асосӣ барои нигаҳ доштани мутаффиқони раиси ҷумҳур дар қудрат сурат гирифт. Мӯҳлати раёсати ҷумҳурии Алмосбек Отамбоев, имсол ба 2017 ба поён мерасад.

Бар асоси Қонуни асосии нав салоҳиятҳои нахуствазир зиёд шуд ва мунтақидонаш мегӯянд, мумкин аст, Алмосбек Отамбоев, худаш ба ин мақом бирасад, ё яке аз муттафиқонашро таъйин кунад. Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Қирғизистон рӯзи 19-уми ноябри имсол баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG