Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омурбек Текебоев ҳангоми бозгашт аз Австрия “боздошт шуд”


Омурбек Текебоев
Омурбек Текебоев

Омурбек Текебоев – раҳбари ҷиноҳи Ҳизби “Ота Макон” дар порлумони Қирғизистон – субҳи барвақти 26 феврал ҳангоми бозгашт аз сафари хидматӣ аз Австрия дар фурудгоҳи “Манас”-и шаҳри Бишкек боздошт шудааст. Тарафдоронаш гуфтанд, ки маъмурони интизомӣ ӯро барои бозпурсӣ ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон бурдаанд. Ойгул Текебоева, ҳамсари Омурбек Текебоев, низ ба Радиои Озодӣ гуфт, баробари ба фурудгоҳ расидани шавҳараш ӯро низомиён бо худ бурданд.

Маъмурони пулис чанде аз тарафдорони ин вакили порлумонро, ки дар назди фурудгоҳ ҷамъ омада буданд, боздошт кардаанд. Ҳоло ҷонибдоронаш мегӯянд, дар назди бинои Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гирди ҳам хоҳанд омад. Онҳо гуфтанд, ки ҳанӯз ба назди ӯ адвокатро роҳ надодаанд.

Акси Омурбек Текебоев (байн), Алмамбет Шикмаматов (чап) ва Аида Салянова (рост)
Акси Омурбек Текебоев (байн), Алмамбет Шикмаматов (чап) ва Аида Салянова (рост)

Ин ҳодиса дар ҳоле иттифоқ афтод, ки рӯзи 25 феврал Додситонии кулли Қирғизистон расман Омурбек Текебоевро барои “ришват” ва “қаллобӣ” муттаҳам кард. Бино ба иттилои Додситонии кулл парванда алайҳи Текебоев бар асоси шикояти Леонид Маевский, молики чанде аз ширкатҳои мухобиротии Русия боз шудааст. Маевский дар аризааш гуфтааст, ки соли 2010 Текебоев ба ҳайси муовини ояндаи раиси ҳукумати муваққатии Қирғизистон барои “буд кардани” кори ӯ як миллион доллар гирифтааст. Вай гуфтааст, баъдан Текебoев на танҳо масъулияти худро иҷро накард ва пулро барнагардонд, балки ӯро таҳдид кардааст. Таҳқиқи ин қазия идома дорад.

Худи Текебоев рӯзи шанбе ва пеш аз бозгашташ аз Австрия дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки аз ин парванда хабар надорад, чун барои иштирок дар ҷаласаи зимистонаи Ассамблеяи порлумонии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Вена, пойтахти Австрия, қарор дорад. Омурбек Текебоев вакили севуми Ҳизби "Ота Макон" аст, ки дар тӯли тақрибан се моҳи охир ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Додситонии кулли Қирғизистон моҳи декабри соли гузашта алайҳи Аида Салянова ва моҳи феврали имсол бар зидди Алмамбет Шикмаматов, намояндагони Ҳизби "Ота Макон", парванда боз карда, онҳоро барои берун рафтан аз ваколатҳои мансабӣ, ришват ва хунукназарӣ муттаҳам намудааст.

XS
SM
MD
LG