Таъсиси "Бозори замин" дар Тоҷикистон. ВИДЕО

Дар Тоҷикистон мехоҳанд дар чаҳорчӯбаи лоиҳа оид ба рушди бозори замин дар доираи ташаббуси "Озуқаворӣ ба хотири оянда", ба сокинон барои хариду фурӯши ҳуҷҷат ва санадҳои замин, мусоидат кунанд. Ин лоиҳа, ки аз ҷониби Оҷонсии байналмилалии Амрико оид ба рушд ё USAID роҳандозӣ шудааст ва то 4 соли дигар дар 12 ноҳияи вилояти Хатлон амалӣ хоҳад шуд.

Рӯзи 7-уми феврал дар маросими ифтитоҳи ин лоиҳа, ки бо ширкати сафири Амрико Элизабет Миллард, раиси Кумитаи замин ва геодезӣ Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндагони дигар ташкилоту барномаҳо доир гашт, ҳамчунин гуфта шуд, ки то соли 2020 бояд барои тағйири сиёсати замин дар Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда шавад.

Умеда Худоназарова, масъули ин барнома дарсуҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар қадами аввал худи қонунро бояд беҳтар кард ва сипас бақайдгирии заминро содда сохт. Ба гуфтаи вай, гоми баъдӣ замин бояд нархгузорӣ шавад ва дар марҳилаи чаҳорум баланд бардоштани сатҳи дониши деҳқонон ва зиёд кардани ҳосилнокии замин дар назар дошта шудааст.

Ташкили бозори хариду фурӯши ҳуҷҷати истифодабарии замин ҳамчун моликияти ғайриманқул, яке аз ҳадафҳои ин барнома дониста мешавад. Ба таври мисол, як нафар, ки соҳиби замин аст ва қонун ба ӯ иҷозат додааст, ки якумр истифода барад, метавонад ҳуҷҷати онро ба каси дигар ба мерос гузорад, бифурӯшад ваё онро харад. Барои амалӣ шудани ин раванд ва баҳогузорӣ ба қитъаи замин, дар назар дошта шудааст, ки бозоршиносони мустақилро ҳам омода кунанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тарҳи Амрико барои рушди бозори замин дар Тоҷикистон

Акрам Қаҳҳоров, як масъули Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ мегӯяд, “барои он, ки имрӯз шаҳрванд, деҳқон тавонад, ки барои худ як роҳи ба бозор воридкардани молашро пайдо кунад, мо дар қонун тағйирот ворид кардем, ки ҳуқуқи истифодаи қитъаи заминро ҳамчун моликияти ғайриманқул амал кунад. Яъне, вай метавонад заминро ба гарав монад, ё инки ба дигар шахс тӯҳфа намояд, ё ба дигар шахс ба мерос гузорад.”

Масъулони Кумитаи назорати замин ва геодезӣ мегӯянд, ки бо вуҷуди тағйироти ахири кодекси замин, он аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ҳамчун гарав пазируфта намешуд. Ин лоиҳа ки дар ноҳияҳои Бохтар, Ҷомӣ, Дӯстӣ, Хуросон, Носири Хисрав, Қубодиён, Ҷайҳун, Балхӣ, Сарбанд, Шаҳритус, Ёвон ва Вахш амалӣ мешавад, 9,7 миллион будҷа доллар дорад. Дар назар аст бо бунёди бунгоҳ дар ин ноҳияҳо, ба сокинон, хусусан ба деҳқонон дар масъалаҳои истифодаи замин маслиҳат дода ва кӯмаки ҳуқуқӣ намоянд.