Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намоядагони Тоҷикистон дар баррасии ислоҳу иловаҳо ба «Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон» аз афзоиши мавориди тахриби манозили маскунӣ ва иншооти марбут ба сокинони кишвар, ки дар заминҳои обӣ бунёд шуда ва ҳамин ҳоло аз сӯи ҳукуматҳои маҳаллӣ вайрон мешаванд, изҳори ташвиш карда таъкид намуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муваззафанд масъулони ин амалҳоро ошкор кунанд ва ба ҷавобгарӣ кашанд.
Зуҳуров таъкид кард, ки дар сурати мушаххас кардани омилони чунин амалҳои ғайриқонунӣ, масъалаи ҷуброни хисороти расида ба шаҳрвандон низ набояд сарфи назар шавад. Ислоҳи «Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон» барои заминфурӯшӣ ҷазои сангинтареро пешбинӣ мекунад
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи пешниҳодӣ аз сӯи раиси ҷумҳурии ин кишвар барои сангинтар кардани ҷазо ба тақсими ғайриқонунии замини обиро таъйид карданд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо онки қабули ин тарҳро дар амри ҷилавгирӣ аз тақсими ноодилона ва ғайриқонунии заминҳои обӣ муҳим арзёбӣ кард, ҳамзамон мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳоро аз омилони асосии эҷоди мушкил дар бештари манотиқи кишвар арзёбӣ кард.
Раиси парлумони Тоҷикистон ба унвони намуна аз сарнавишти печида ва норӯшани оилаи Рақибовҳо дар ноҳияи Файзобод ёдовар шуд, ки ҳамакнун бо тахриби манзили зисташ дар фасли сармо намедонад, арзашро пеши кӣ бибарад. Ҷаноби Зуҳуров ин ҳарфҳоро дар бадали сӯҳбатҳои вакили парлумони Меъроҷиддин Ҳакимов, ки аз ноҳияи Файзобод дар парлумон намояндагӣ дошта ва бархе аз паҳлӯҳои лоиҳаи пешниҳодиро ба вакилон ташреҳ мекард, баён дошт.
Зимнан манзили маскунии Атоулло Рақибов, як сокини ноҳияи Файзободро дар соли гузашта ба далели ба таври ғайриқонунӣ бино карданаш дар замини обӣ мақомот тахриб карданд. Ин дар ҳолест, ки ҷаноби Рақибов аснодеро дар даст дорад, ки барои сохтмони ин манзили зист мақомот ба ӯ иҷоза додаанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки сарнавишти Рақибовҳо танҳо маврид ва ё ҳодисаи ягона дар қаламрави кишвар нест. Дар моҳи гузашта ҷамъе аз сокинони деҳаи Қӯштеппа ноҳияи Рӯдакӣ низ бо чунин мушкилӣ мувоҷеҳ шуданд ва мақомоти маҳаллӣ даҳҳо бинои истиқоматӣ дар ин мавзеъро вайрон карданд.
Ба ин далел Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон аз ҲНИТ пешниҳод кард, ки барои расидагӣ ба ин масоил як комиссиюни махсус аз шумори вакилони парлумон таъсис шавад.
Аммо ин пешниҳоди ҷаноби Кабирӣ аз сӯи раиси маҷлис дафъатан рад шуд ва раиси Маҷлис Намояндагон гуфт, ин масъаларо дар замоне, ки оқои Кабирӣ дар сафарҳои хориҷӣ ба сар мебурд ба ниҳодҳои зидахли кишвар матраҳ карда ва посухи онҳоро интизор аст. Ба дунболи ин, як мубоҳисоте тунде миёни раиси парлумон ва вакилон аз ҲХДТ бо Муҳиддин Кабирӣ-вакил аз ҲНИТ барпо шуд, ки ҳарду ҷониб аз мавзеъгириҳои ҳамдигар дар ин замина шадидан интиқод карданд. Раиси ҲНИТ гуфт, ки аксарияти заминҳои обии ба таври ғайриқонунӣ ба сокинон тақсимшуда аз сӯи масъулоне дода шудааст, ки бештарини онҳо узви Ҳизби халқӣ-демократианд.
Бо ин ҳол бар пояи тағйири ворида ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои афроде, ки ба таври ғайриқонуни дар заминҳои обӣ манзил ва ё иншоот бунёд мекунанд, то ҳашт соли зиндон пешбинӣ шуд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки тайи чанд соли ахир беш аз 30 000 гектар замини обии ҳосилхез ба аҳолӣ ба таври ғайриқонунӣ тақсим шудааст. Аммо ислоҳоти ворида ба қонуни мазкур танҳо баъди интишор ва барои онҳое татбиқ хоҳад шуд, ки баъди ба марҳилаи иҷро даромадани он, даст ба нақзи қонун зада бошанд.