Таҳсили динӣ дар Қирғизистон қонунӣ мешавад

Намоз дар масҷиди марказии Ӯш

Вакилони парлумони Қирғизистон тарҳи қонуни нави таҳсили диниро пас аз мутолиаи аввал маъқул донистанд, аммо нукоте барояшон баҳсбарангез буд.
Вакилони маҷлиси қонунгузори Қирғизистон, ки тарҳи қонуни нави таҳсили диниро дар қироати аввал пазируфтанд, ба ин боваранд, ки қабули қонуни таҳсили динӣ низоми маорифи мазҳабиро дар ин кишвар ба тартиб хоҳад овард ва аз зуҳури равияҳои бегона ва хатаромези динӣ пешгирӣ хоҳад кард.

Яке аз муаллифони тарҳи нав, раҳбари кумитаи маориф, илм, фарҳанг ва варзиши порлумони Қирғизистон Канибек Усмоналиев мегӯяд, мактабҳои динии Қирғизистон аз равияҳои гуногун ва гоҳе зидди ҳамдигар пайравӣ мекунанд: «Ҷойи пинҳон кардан нест, дар баъзе аз мадрасаҳои мо равияи мактабҳои динии Покистон ба кор бурда мешавад ва қисмҳои дигар ба шеваҳои таҳсили динии Арабистони Саудӣ, Кувайт ва Урдун тақлид мекунанд. Чанде аз мардрасаҳои дигар аз усули мисрӣ ё туркии таълими динӣ истифода мебаранд ва дар натиҷа ҳар кадом барномаҳо ва дастурҳои мухталифи таълимӣ доранд, ки ба ҳамдигар мувофиқ нестанд.»

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Қирғизҳои муҳофизакор аз қарори нав хурсанд шуданд


Бино бар маълумоти вакилони маҷлиси Қирғизистон, дар ин кишвар 91 муассисаи таълими динӣ мавҷуд аст. Аз онҳо 75 муассиса исломӣ ва 16-то дигар насрониянд. Вале маълум нест, дар ин муассисаҳо чӣ теъдод аз наврасону кӯдакон таълими динӣ мегиранд. Аз инҳо танҳо се мактаби динии ҷомеаҳои насронӣ ҳамчун муассисаи таълимӣ аз вазорати маориф иҷозаи кор гирифта, бақия ба ҳайси созмонҳои ҷамъиятӣ дар вазорати адлия сабти ном шудаанд. Вакилон пинҳон намекунанд, ки тарҳи пешниҳодии онҳо беш аз ҳама ба муассисаҳои таълимии исломӣ дахл дорад ва онҳо мехоҳанд, таҳсил дар онҳо тибқи меъёрҳои ягона ҷараён гирад.

Қонуни нав ҳамчунин номнависи чунин мактабҳоро дар вазорати маориф ва тафтиши давра ба давраи барномаҳои таълимӣ, адабиёти дарсӣ ва сатҳи омӯзгоронро ҳатмӣ хоҳад кард.


Масҷиди марказии Бишкек

Ташаббускори тарҳи нав Канибек Усмоналиев мегӯяд, таълим дар ин мактабҳо бояд ба гунае сурат гирад, ки хатмкунандагони чунин макотиб тавонанд монанди ҳамсолонашон "номаи камол" гиранд ва таҳсили худро дар донишгоҳҳои дунявӣ идома диҳанд. Вай бовар дорад, ки чунин ислоҳот дар низоми маорифи динии Қирғизистон имконпазир аст ва ба истиснои чанде аз мадрасаҳо, бақия хоҳанд тавонист, ба талаботи нав ҷавобгӯ бошанд.

Дар ҳоли қабул шудани қонуни таҳсилоти динии Қирғизистон вазъи хатмкунандагони мактабҳои олии динӣ низ тағйир хоҳад кард. Ба онҳо низ дипломи маълумоти олӣ дода шуда, давлат ба ёфтани ҷойи кор барои онҳо, аз ҷумла дар сохторҳои идорӣ, мусоидат хоҳад кард.

Аммо яке аз нукоти баҳсбарангези тарҳи нав ба таъмини молии муассисаҳои таълими динӣ бастагӣ дорад. Дар пешнависи қонун омадааст, ки ин муассисаҳо аз тарафи шахсони ҷудогона, спонсорҳои хориҷӣ ва ниҳодҳои давлатии Қирғизистон сармоягузорӣ хоҳанд шуд. Қисме аз вакилон розӣ нест, ки харҷи ин мактабҳо бар дӯши давлат афтад ва бархи дигар ибораи «спонсорҳои хориҷӣ»-ро хуш надоранд.

Яке аз онҳо, узви ҷиноҳи сотсиал-демкрат дар пaрлумон Исмоил Исҳоқов мегӯяд: «Банде, ки ба сармоягузории хориҷиён иҷоза медиҳад, бояд муҷиби эҳтиёт ва диққати мо бошад. Албатта, дар вазъи феълӣ сармоягузорӣ аз хориҷа шояд бад ҳам набошад, аммо фаромӯш накунем, ки ҳар спонсори хориҷӣ ҳадафҳои худро дорад. Онҳо беҳуда пули худро харҷ намекунанд. Онҳо дар иваз дар оянда чизеро мунтазир хоҳанд буд.»

Тарҳи қонуни таҳсилоти динӣ дар Қирғизистон танҳо ба наврасоне иҷозаи таҳсили динӣ медиҳад, ки синфи ҳашти мактаби миёнаро хатм карда бошанд. Он ҳамчунин назорати давлатро ба таҳсили динии шаҳрвандон дар хориҷа талаб мекунад. Эҳтимол меравад, ки таҳрири ниҳоии қонун дигаргуниҳоеро дар матни он ба миён орад, вале коршиносони қирғиз бештар ба он мутаваҷҷеҳ шудаанд, ки вокуниши худи муассисаҳои таълимӣ ба ин тарҳ чӣ гуна хоҳад буд.


Мадрасаи Хуҷанд

Дар Тоҷикистон таҳсилоти динӣ танҳо зери назари вазорати маориф ва бо иҷозати ин вазорат ба роҳ монда мешавад.Бар асоси қонуни дине, ки дар соли 2011 тасвиб шуд, таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар мадрасаҳои хориҷӣ низ танҳо бо иҷозати вазорати маориф ва кумитаи дин бояд сурат бигирад. Дар соли 2010 мақомоти Тоҷикистон бо даъвати раиси ин ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмoн ба хотири "ҷилавгирӣ аз гароиши ҷавонони тоҷик ба равияҳои динии бегона" ҳудуди 2000 толибилми тоҷикро аз мадориси кишварҳои хориҷӣ ба ватан баргардонданд.

Дар ҳоли ҳозир, дар худи Тоҷикистон як донишкадаи исломӣ, 19 мадрасаи миёна, ду мактаби омехтаи динию дунявӣ ва як гимназияи исломӣ фаъолият дошта, дар маҷмӯъ то 6 000 нафарро ба таҳсили динӣ фаро мегиранд. Аммо мунтақидон мақомоти давлатии Тоҷикистонро ба эҷоди мавонеъ дар роҳи таъсиси мактабҳои бештари исломӣ айбдор мекунанд ва мегӯянд, ин шумори мактабҳои динӣ барои кишваре,ки 97 дарсад аз 8 миллион ҷамъияташ мусалмон аст, хеле ночиз мебошад.