Мансур Маҳмудов, маъруф ба Шайх Мансур дар деҳаи Дучанораи ноҳияи Ҳисор зиндагӣ мекунад. Ӯ 72 сол умр дорад ва яке афроди дар миёни мардум маъруфи ин қаламрав ба ҳисоб меравад, аммо як шахси расонаӣ нест, балки мегӯяд, умуман ба телевизиону радио ва нашрияҳо майл надорад.
Номи Шайх Мансур рӯзи 14 июн, дар як иттилоияи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон замоне зикр шуд, ки ҳарфи боздошт шудани Абдусалом Раҷабов, як муттаҳам ба кӯдакдуздӣ ва дар пайи он ошкор шудани ду мактаби ғайриқонунии динӣ дар навоҳии Ҳисору Шаҳринав ба миён омад. Яке аз ин мактабҳо ҳам, бино ба иттилои вазорати корҳои дохилӣ, ба Шайх Мансур тааллуқ доштааст.
Шайх Мансур дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Озодӣ дар бораи ин ба истилоҳ “мадраса”-аш чунин нақл кард:
Шайх Мансур: Он бачаҳоро ба назди мо оварданд, ки ҳам дар мактаби давлатӣ хонанду ҳам дар назди мо таҳсил кунанд. Чизе ҳам ёд дода бошем, ҳамон «Ҳафтяк» ҳасту «Чоркитоб» ва «Фарзи айн». Яке аз ноҳияи Ҷомӣ, дуввумӣ аз Қубодиён ва саввумӣ аз Регар буданд.
Озодӣ: Ин бачаҳо киҳо буданд, мешинохтед онҳоро?
Шайх Мансур: Бале. Ҳама хешу табори худамон ҳастанд. Оне ки аз Қубодиён аст, аз хешовандони хонаводаам аст. Дуи дигар аз хешовандони худам. Онҳо инҷо дар мактаби давлатӣ мехонданд. Ҳамон рӯзе ки онҳоро ба шӯъбаи милиса бурданд, ман набудам. Банда ба аёдати Шайх Абулҳай ба Норак рафта будам.
Озодӣ: Чанд сол аст, ки ба таълими наврасон машғулед?
Шайх Мансур: Аз даҳсолагӣ номи муллогиро доштам ва аз ҳамон даврон ба таълим машғул будам. Худ дар деҳаи Кӯлҳои ноҳияи Тоҷикобод таваллуд шуда, аз муридон ва шогирдони Шайх Абдураҳмонҷони Файзободӣ ҳастам. Солҳои ҳафтодум ба Ҳисор омада, ин ҷо иқомат дорам ва даҳҳо шогирдро таълим додаам. Аммо ҳадафи асосии мо адаб аст.
Озодӣ: Оё хабар доред, ки таълими улуми динӣ дар хона ва бидуни иҷозатнома ғайриқонунӣ аст?
Шайх Мансур: Ростӣ, чун телевизор надорам, нашрия намехонам, он қадар хабар надорам. Тавре гуфтам, аз даҳсолагӣ машғули тадрис ҳастам. Аммо ягон таваққӯъе аз ин кор надорам, ягон подош ҳам намегирам. Ҳамин қадар доғе ҳастам, ки мардум адаб гирад ва дигар, фақат дар ҷамоат намоз бигзорад. Лекин аз он вақте ки ин гапу корҳо ба сари мо омад, ба масҷид ҳам намеравам, ки мабодо барои имоматӣ бошад.
Озодӣ: Яъне Шумо дар масҷиди деҳа имом будед?
Шайх Мансур: Гоҳ-гоҳ дар гузашта имоматӣ мекардем. Дар моҳи Рамазон дар хонаи ҳамсояамон имом будем. Баъд як масҷид рост карданд, он ҷо имоматӣ мекардам. Ҳозир ҳамаро бас кардаем. Агар шумо ҳам оед, мекӯшем, ки меҳмон имом шавад ва аз паси ӯ намоз хонем.
Озодӣ: Пас сарнавишти бачаҳо чӣ шуд? Онҳоро озод карданд?
Шайх Мансур: Бале, вақте бармегаштам аз сафар, як сари роҳ ба шӯъбаи милиса даромада, хоҳиш кардем, ки онҳоро озод кунанд. Худо хайрашонро диҳад, озод карданд. Лекин ҳамаи ҷаримаҳоеро, ки қонун гуфтааст, супоридем.
Озодӣ: Абдусалом Раҷабовро мешинохтед?
Шайх Мансур: Не, аслан намедонам, ки ӯ кист. Шояд ягон ҳилаҳои замона бошад, ки худатон бештар мефаҳмед. Инро ҳодисоти ҳозира мегӯянду фитнаҳои охируззамон. Дигар чизе нест. Фитнаҳои охируззамон асосан ба одамҳои мефаҳмидагӣ меоянд.
Озодӣ: Худи Шумо бо чӣ кор машғулед, аз куҷо таъмини зиндагӣ мекунед?
Шайх Мансур: Бо деҳқонӣ машғул ҳастам. Дар адиру назди ҳавлӣ замин дорам, бо фарзандонам кор мекунему рӯзӣ меёбем. Агар ягон луқма ҳамсояҳо оварданд, қабул мекунем. Сабру тақворо пеша кардаем.
Озодӣ: Мегӯянд, ки хеле одами тақводор ҳастед, хоксорона зиндагӣ мекунед, майл ба сарват надоред ва дар як кулбаи вайрона ба сар мебаред. Аммо ҳоло замонаест, ки аҳли дин ҳам мекӯшанд, хонаҳои барҳаво дошта бошанд, сарват дошта бошанд. Роҳи Шумо чӣ аст?
Шайх Мансур: Роҳи мо – роҳи аҳли суннату ҷамоат аст. Аз ин беш чизе намегӯям. Таърифро дӯст намедорам.
Амалиёти зидди мадрасаҳо дар Ҳисору Шаҳринав
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 14 июн аз ошкор шудани ду мактаби ғайриқонунии динӣ дар ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав хабар дод. Дафтари матбуоти ин вазорат ба Озодӣ гуфт, дар мадрасае ки Мансур Маҳмудов, маъруф ба Шайх Мансур, дар манзилаш дар ҷамоати «Сомон»-и ноҳияи Ҳисор боз карда буд, даҳҳо ноболиғ дар як шароити «ғайрисанитариву ғайригигиенӣ» таълим мегирифтанд.
Вазорати дохила гуфт, ҳамчунин бо нишондоди сокини ноҳияи Шаҳринав Абдусалом Раҷабов дар манзили сокини ноҳияи Шаҳринав Мӯбинхон Шодиев, маъруф ба Қорӣ Мӯбин, 6 толибилми ноболиғро пайдо ва аз фаъолияти мадрасаи ӯ, ки низ бидуни иҷозат амал мекард, пешгирӣ кардаанд.
Абдусалом Раҷабов нафарест, ки ба гуфтаи мақомот, маризи рӯҳист ва дар рабудани Муҳамадҷон Тоштемирови 5-сола аз маҳаллаи Испечак дар таърихи 9 июн айбдор мешавад.
Ҳамин нукта, яъне нишондоди Абдусалом Раҷабов боис шуда, ки бархе расонаҳои умдатан русӣ дар бораи пайдо шудани 10 кӯдаки гумшуда дар баробари кашфи мадрасаҳо хабар диҳанд. Чунин тарзи тақдими хабар таассуротеро ҳосил мекард, ки Абдусалом Раҷабов, ки дар чанд мавриди дигари талоши рабудани атфол низ гумонбар мешавад, шояд кӯдаконро барои таълим дар мадрасаҳо мерабуд.
Аммо рӯзи 17 июн мушовири вазири умури дохилаи Тоҷикистон Ҷумъаназар Раҳматов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гузоришҳо дар бораи кашфи атфоли гумшуда дар ин ду мадрасаро радд кард ва гуфт, толибилмони ин ду мактаб дар ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав дар ғарби Душанбе таҳти ҷустуҷӯи мақомот қарор надоштанд. Оқои Раҳматов гуфт, ин наврасон сокинони рустоҳои атроф буда, дар ин мактабҳои динӣ бо ризоияти волидони худ сабақ мегирифтанд.