Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамоаи Таблиғ ҷавононро ба мадрасаи Бангладеш мебарад


Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, даҳҳо навраси ин кишвар аз тарафи Ҷамоаи Таблиғ барои таҳсил ба Бангладеш фиристода шудаанд.

Ҷамоаи Таблиғ, ки фаъолияти он тақрибан дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва Эрон мамнӯъ аст, даҳҳо навраси қирғизро ба мадрасаҳои динии Бангладеш интиқол додааст.

Ин созмон гурӯҳҳои таблиғотии худро деҳа ба деҳа фиристода, ба наврасон пешниҳоди таҳсил дар мактабҳои динии Бангладешро мекардааст. Аксари кӯдакон аз оилаҳои камбизоатанд, ки натавонистаанд, пешниҳоди таҳсили ройгони фарзандонашонро дар хориҷа рад кунанд.

Раиси Кумитаи маориф, илм, фарҳанг ва варзиш дар порлумони Қирғизистон Канибек Осмоналиев, мегӯяд, ҳукумат бояд роҳ надиҳад, ки Ҷамоаи Таблиғ Қирғизистонро ба пойгоҳи худ дар минтақа табдил диҳад. Вай афзуд, ҳукумат бояд иҷрои қонунеро назорат кунад, ки тибқи он ба мактабҳои динии хориҷӣ фиристодани кӯдакони то 16-сола манъ аст.

Шумораи умумии наврасони қирғиз, ки дар мактабҳои динии Бангладеш таҳсил мекунанд, маълум нест, аммо Бахши қирғизии Радиои Озодӣ муайян намуд, ки танҳо дар мадрасаи Таблиғии Какрайл Марказ дар Дака 55 навраси қирғиз таҳсил мекунанд.

Яке аз онҳо, ки бо шомил шудан ба ин мактаб худро Аҳмад ном кард мегӯяд, вақте ӯро аз деҳае дар Қирғизистон барои таҳсил ба Дака фиристоданд, 17 сол дошт. Ҳоло, пас аз шаш соли таҳсил Аҳмад ба хатми мадраса омодагӣ мегирад. Вай дар ин байн забони арабиро омӯхт ва Қуръонро азёд кард. Акнун метавонад, сафареро барои ҷалби шогирдони нави мадраса, ки “хуруҷ” номида мешавад, анҷом диҳад.

Чунин сафари ӯ қарор аст 120 рӯз идома кунад. Аммо мадраса ё мақомоти Бангладеш дар бораи хатми таҳсил ба Аҳмад санаде надодаанд: "Ҳифзи Қуръон худ дипломи шумост. Ин далел аст. Касе ки Қуръонро аз аввал то охир азёд кардааст, ин дипломи ӯст. Ҳукумати Бангладеш ягон хел ҳуҷҷат намедиҳад. Дипломи моро Оллоҳ медиҳад.”

Ҷамоаи Таблиғ як равише дар мазҳаби ҳанафист ва ба ҳаракати эҳёгаронаи Девбандӣ рабт дорад. Он дар соли 1926 дар шимоли Ҳиндустон таъсис ёфт ва ҳадафаш ҳифзу таҳкими ҳувияти динии ва фарҳангии мусулмонон дар қораи Ҳинд аст. Ҷамоа гурӯҳҳои иборат аз 10 нафарро ба деҳаҳои дурафтода мефиристад ва ҷавононро ба таҳсили дин даъват мекунад. Он ҳоло дар 200 кишвар фаъол буда, дар саросари ҷаҳон зиёда аз 100 миллион тарафдору пайрав дорад.

Шабеҳи Толибони Афғонистону Покистон, пайравони Ҷамоаи Таблиғ тарафдори ҷорӣ шудани қоидаҳои шариатанд. Аммо ба фарқ аз пайравони Исломи сиёсӣ онҳо нисбати ҳукумат мавқеи бетарафона дошта, хушунату зӯроварӣ аз номи динро маҳкум мекунанд. Чунин мавзеъгирӣ ба онҳо имкон дод, дар бисёр кишварҳо ҷойи пой пайдо кунанд, аммо сабаби танқид аз тарафи Ал-Қоида ва созмонҳои динии ситезаҷӯй шуд. Ин созмонҳо Ҷамоаи Таблиғро айбдор мекунанд, ки аз ҷиҳод даст кашидааст.

Баъзе аз уламои суннӣ ва ваҳҳобии Арабистони Саудӣ фатво додаанд, ки мусулмонон ба таблиғиён гӯш надиҳанд ва адабиёти онҳо ба мамлакат роҳ дода нашавад. Мудири бахши омӯзиши сулҳ ва низоъ дар Донишгоҳи Дака, Рафиқул Ислом дар бораи вазъи мадрасаҳои Бангладеш ва ситезаҷӯӣ пажӯҳишҳои зиёд кардааст ва мегӯяд, рабте байни Ҷамоаи Таблиғ ва ситезаҷӯӣ вуҷуд надорад:

"Агар таърихи Бангадешро таҳлил кунем, ман метавонам бигӯям, ки на ҳамаи донишҷӯёни мадрасаҳои Бангладеш ба ситезаҷӯё пайванд доранд. Таърих ва шароити иқтисдию иҷтимоии кишвар ба ин имкон намедиҳад. Аммо онҳое, ки зери таъсири ваҳҳобиён ва мавдудиён мондаанд, дар ҷанги Афғонистон ширкат ва мадрасаҳои Покистон таҳсил мекунанд. Агар бархе аз чунин афрод ҷавононро аз Осиёи Марказӣ ба Бангладеш оварда бошанд ва бозпас ба Осиёи Марказӣ фиристанд, он гоҳ ин хатар вуҷуд дорад.”

Аммо таҳлилгарони амниятии Маркази Стратфор мегӯянд, миёни Ҷамоаи Таблиғ ва ситезаҷӯён “хатти ғайримустақим” мавҷуд аст. Шабакаи он метавонед, ҷое бошад, ки нохоста, барои ҷиҳодиён пойгоҳ фароҳам орад. Намунаҳое ҳастанд, ки шогирдону пайравони Ҷамоаи Таблиғ баъд аз нокомиҳо ба гурӯҳҳои тундрав пайваста ва дар Афғонистону Покистон меҷанганд. Ва ду нафаре, ки дар ҳамлаҳои террористии 7 июли Лондон даст доштанд, Муҳаммад Сиддиқхон ва Шаҳзод Танвир аз шогирдони Ҷамоаи Таблиғ буданд.
XS
SM
MD
LG