Вазорати маорифи Қирғизистон ва Анҷумани тоҷикони ин кишвар ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ барои мактабҳои тоҷикии Қирғизистон ҳамкорӣ хоҳанд кард. Раиси анҷумани тоҷикони Қирғизистон, вакил ва вазири пешини ин кишвар, Равшан Собиров мегӯяд, ин китобҳоро асосан аз забони қирғизӣ ба тоҷикӣ тарҷума хоҳанд шуд. Дар ду соли охир дар ин кишвар "Алифбо" ва баъзе аз китобҳои таълимӣ то синфи севвум ба нашр расидаанд. Ин китобҳо ба ҳамаи мактабҳои тоҷикзабони Қирғизистон тақсим шудаанд ва дарсҳо аз рӯи онҳо мегузаранд. Вале баъд аз синфи 3 китобҳои таълимӣ ба нашр нарасидаанд ва то ҳол аз китобҳои таълими тоҷикии замони Шӯравӣ истифода мебаранд, бо вуҷуди он ки нусхаҳои онҳо низ сол то сол камтар мешаванд ва дар як синф 2-3 китоб аз даст ба даст меравад. Шояд баъзе шогирдони мактабҳо бо ташаббуси худ китобҳои дарсии мактабҳои Тоҷикистонро дастрас карда бошанд, вале таълим аз рӯи ин китобҳо ба таври расмӣ иҷоза дода намешавад.
Ду сол пеш порлумони Қирғизистон таълими шогирдон аз рӯи китобҳои дарсии чопи Узбакистон ва Тоҷикистонро мамнуъ эълон кард ва ба вазорати маориф тавсия дод, ки китобҳои дарсӣ ба забонҳои тоҷикиву узбакӣ ва ё қазоқии мактабҳои Қирғизистонро бо назардошти вижагиҳои миллии худи давлати Қирғизистон таҳия кунанд. Бо назардошти ин дар ин китобҳои дарсии мактабҳои тоҷикӣ матни суруд, нишон ва парчами миллии ин кишвар ҷойгоҳи асосӣ хоҳанд дошт, аммо дар идома дар бораи Тоҷикистон ва рамзҳои давлатии он низ иттилоъ дода мешавад.
Ҳукумати Қирғизистон ба рушди мактабҳои тоҷикӣ дар ин кишвар таваҷҷӯҳ медиҳад, аммо бо вуҷуди ин, Равшан Собиров мегӯяд, то ҳол мушкилиҳо барои боз кардани мактабҳои таҳсили тоҷикӣ вуҷуд дорад, зеро дар ҳамаи минтақаҳои тоҷикнишин фарзандони тоҷиктабор имкони таҳсил ба забони модарии худро надоранд, он гуна, ки масалан, барои қирғизтаборони Тоҷикистон шароити таҳсил фароҳам оварда шудааст. Дар баъзе минтақаҳо забони тоҷикӣ фақат дар гуфтугӯҳои хонаводаӣ ба кор меравад ва барои таҳсил синфҳо вуҷуд надоранд.
Бори аввал дар соли 2012 Анҷумани тоҷикони Қирғизистон масъалаи табъу нашри китобҳои таълимӣ барои мактабҳои тоҷикиро ба вазорати маорифи ин кишвар пешниҳод кард ва дар ин бора мувофиқат ҳосил шуд. Дар ин кор сафорати Тоҷикистон дар Бишкек низ кӯмак кард.
Ҳоло як гурӯҳи ташаббускори донишмандону коршиносон Истадой Турсунова, Ҳурматой Аҳмадалиева, Қодиршоҳи Мурувват ва Мирасрори Фарғонӣ таҳияи китобҳои таълимии забони тоҷикиро бар ӯҳда гирифтаанд.
Ин намунаҳо низ зиёд аст, ки баъд аз хатми синфи 3 шогирдони мактаб ба сабаби набуди китоби таълимӣ ба забони модарӣ аз ночорӣ ба синфҳои қирғизӣ мегузаранд ва дар ҷараёни таълим дучори душвориҳои забонӣ мешаванд. Дар чунин ҳолат равнақи маънавии онҳо кунд мегардад ва дилбастаии онҳо ба таълим кам мешавад.
Мушкили дигари фарзандони тоҷикзабон ин аст, ки онҳо баъд аз хатми мактаби миёна наметавонанд ба забони модарӣ дар донишгоҳҳои Қирғизистон касб омӯзанд. Бо мувофиқати вазорати маорифи Тоҷикистону Қирғизистон шумораи хеле ками онҳо ҳар сол ба донишгоҳҳои Тоҷикистон дохил мешаванд. Вале бахши бузурги онҳо аз таҳсилоти олӣ берун мемонанд.
Равшан Собиров мегӯяд, бо назардошти ин мушкил вай дар раъси ҳайати намояндагони Анҷумани тоҷикони Қирғизистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон 27 июни соли ҷорӣ дар Рӯзи Ваҳдати Тоҷикистон дар вилояти Суғд мулоқот ва масъалаи таҳсили баъдии фарзандони тоҷикзабони Қирғизистонро матраҳ кардааст. Раиси ҷумҳур дар ин мулоқот ба муовини нахуствазир ва вазири маориф дастур додааст, ки шароити қабули хатмкунандагони мактабҳои тоҷикии Қирғизистон дар донишгоҳҳои муҳими Тоҷикистонро фароҳам оранд.
Бар асоси саҳм дар давоми 5-6 соли охир дар донишгоҳҳои мухталифи шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе бештар аз 250 нафар аз тоҷиктаборони Қирғизистон таҳсил мекунанд.
Дар Қирғизистон таҳсил дар 3 мактаби миёна пурра ба забони тоҷикист. Дар онҳо шогирдон аз синфи як то синфи 11 ба забони тоҷикӣ таҳсил мекунанд. 6 мактаби дигар низ ҳаст, ки дар дар баробари синфҳои қирғизӣ синфҳои тоҷикӣ низ доранд.
Дар Қирғизистон бештар аз 50 000 тоҷик зиндагӣ мекунанд. Анҷумани тоҷикони Қирғизистон дар ҳамаи деҳоти тоҷикнишин шӯъбаҳои худро ташкил додааст. Ин анҷуман нашрияи худро низ дорад ва он бо номи “Паёми Алатоо” ба нашр мерасад. Китобҳоеро бо номҳои “Нури гарми дӯстии тоҷикони Қирғизистон», осори Чингиз Айтматов ва китобу дастурулмалҳоро аз нуқтаи назари таҳлилгарон роҷеъ ба сулҳи тоҷикон чоп кардааст. Аъзои фаъоли анҷумани тоҷикон дар чопи китобҳо ва нашрияи “Паёми Алатоо” ва ҳамчунин баргузории тадбирҳои фарҳангӣ кӯмаки молӣ мекунанд.