Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти Мӯҳсин Умарзода, муаллифи "Маънои тоҷик"


Ин акси ягонаи Мӯҳсин Умарзода аст, ки аз идораи рӯзномаи "Овози тоҷик" дастрас шудааст. Ношири акс: хабарнигор Мирасрори Фарғонӣ, Facebook
Ин акси ягонаи Мӯҳсин Умарзода аст, ки аз идораи рӯзномаи "Овози тоҷик" дастрас шудааст. Ношири акс: хабарнигор Мирасрори Фарғонӣ, Facebook

Ҷанозаи донишманди тоҷики муқими Тошканд Мӯҳсин Умарозодаро рӯзи якшанбеи 4 август дар оромгоҳи Минори пойтахти Узбакистон ба хок супурданд.

Мӯҳсин Умарзода, яке аз барҷастатарин намояндагони равшанфикрони тоҷики муқими Узбакистон, шаби 3 ба 4 август дар синни 83 даргузашт.

Мирасрори Фарғонӣ, хабарнигори собиқи Радиои Озодӣ дар Тошканд, ки дар маросими дафни Мӯҳсин Умарзода ширкат дошт, дар як тамоси телефонӣ ба Озодӣ гуфт, дар ин маросим ҷамъи бузурге аз дӯстону пайвандон, шогирдон ва собиқ ҳамкоронаш дар “Овози Тоҷик” – танҳо нашрияи тоҷикии саросарӣ дар Узбакистон – гирди ҳам омада буд.


Мирасрори Фарғонӣ: Чанори фарҳанги тоҷикӣ даргузашт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:10 0:00
Линки мустақим


Собитхон Қурбонов – вазири хориҷаи Узбакистон дар аҳди Шӯравӣ ва раҳбари собиқи ҷамъияти тоҷикони Тошканд қабл аз бурдани ҷаноза ба оромгоҳ дар саҳни манзили Умарзода суханронӣ кард. Собитхон Қурбонов, ки худ аз тоҷикони шаҳри Чусти вилояти Намангон аст, Мӯҳсин Умарзодаро як журналисти забардаст ва яке аз чанорҳои бузургу пуразшохубарги тоҷикони Тошканд ва Узбакистон ба қалам дод. Ӯ аз ҷумла гуфт: "Имрӯз устоди забардаст ва қаламкаши моҳир, фарҳангдӯсту фарҳангшиноси асил, олими шинохтаро бо ашки шашқатор ба роҳи охират гусел мекунем. Устод барои ҳамаи қаламкашони тоҷику ӯзбеки муқими Тошканд ҳаққи устодӣ доштанд.Ин ҷудоӣ барои ҳамаи мо мушкил аст, вале корҳои он касро мо ҳаргиз фаромӯш нахоҳем кард."

Ба бовари бисёриҳо, бо даргузашти Умарзода забони тоҷикӣ дар Узбакистон аз як такягоҳи бузургаш маҳрум ва амалан бе болу пар мемонад. Соҳибназарон мегӯянд, марде аз дори дунё рафт, ки шояд кам касе мисли ӯ барои таблиғу ҳимоят аз забони тоҷикӣ ва аз ҳуқуқи мардуми тоҷикони бурунмарзӣ ин қадар истодагарӣ кардааст.

Аз Қадамҷо то "Овози Тоҷик"


Овози Тоҷик", шумораи солҳои 30
Овози Тоҷик", шумораи солҳои 30
Мӯҳсин Умарзода соли 1930 дар рустои тоҷикнишини Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷои Қирғизистон ба дунё омада, мактаби олиро дар Тошканд хатм кардаву дар ҳамин ҷо монд. Ӯ то замони бознишаста шуданаш дар рӯзномаи “Ҳақиқати Узбакистон” кор кард ва то мақоми муовини сардабири ин танҳо нашрияи саросарии тоҷикии Узбакистон расид. Эҳёи номи таърихии ин нашрия - “Овози тоҷик” – дар поёни солҳои 80 низ меваи муборизаҳое буд, ки дар саргаҳаш аз ҷумла Мӯҳсини Умарзода меистод.

Мӯҳсини Умарзода бавижа бо мақолаҳояш дар бораи таърихи мардуми тоҷик ва забони тоҷикӣ маъруфият ва маҳбубият ба даст оварда буд. Тақрибан ҳамаи мақолаҳои ӯ дар поёни солҳои 80 дар пайи “Овози Тоҷик” нашрияҳои Тоҷикистон низ чоп мешуд ва сарусадои зиёд ба по мекард.

“Маънои тоҷик” ва “Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст” унвони танҳо ду мақолаи ӯст, ки то ҳол дар ёди равшанфикрони тоҷик нақш бастааст ва Умарзода дар ин матолиб бо далелҳои мустанад аз ҳаққи тоҷикони муқими Узбакистон ба худшиносии миллӣ ва омӯхтани забони худ ҳимоят мекард.

Баъди суқути Шӯравӣ зиёиёни тоҷик дигар маҷоли чунин муборизаро аз даст доданд ва Мӯҳсин Умарзода низ маҷбур шуд, аз кор канор рафта, бознишаста шавад. Вале ӯ ҳамчунон ба навиштани мақолаҳо дар мавзӯъи таъриху забони мардуми тоҷик идома медод. “Калимаҳои форсӣ-тоҷикӣ дар Қуръон” ва “Бохтарӣ - номи забон ва алифбои ниёкон” аз ҷумла охирин таровидаҳои қалами Умарзода буд, ки дар матбуот нашр шуд.

"Расули акрам форсиро медонист"

Дар матлаби аввал, ки соли 2008-ум дар се шумораи “Овози Тоҷик” нашр шуд, Мӯҳсин Умарзода вожаҳои зиёди форсиро, ки ба забони арабӣ омехта, ҳатто дар “Қуръон” истифода шудааст, мисол меорад ва тавре баъдан дар як сӯҳбат бо Озодӣ эътироф кард, ба хулосае меояд ки: “Расули ислом забони форсиро медонист. Дар бораи забони форсӣ-тоҷикӣ донистани Муҳаммади пайғомбар(с) дар сарчашмаҳои торихӣ на як бору ду бор навиштаанд. Дар «Форснома»-и Ибни Балхӣ низ чунин фикр баён шудааст. Ибни Балхӣ навиштааст, ки «Пайғамбар бисёр лафзи форсӣ донистӣ ва чанд лафз гуфтааст, ки маъруф аст ва дар ситоиши форсиён хабари машҳур аст аз пайғамбар алайҳиссалом. Лавкан ал алами муаллақан бис-Сурайё лано лаҳу риҷоли мин Форс». Муҳаммади пайғомбар (с) гуфта буд, ки овозаи ба қавми форс тааллуқ доштани илму дониш дар гӯшаву канорҳо шунида мешавад. Бесабаб набуд, ки пайғамбар аз Салмони форс, ки номи аслиаш Рӯзбеҳ буд, пайваста ба некӣ ёд мекард ва мегуфт, “Салмон дарёест, ки интиҳо надорад, Салмон як узви хонаводаи ман аст.”

Дӯстону шогирдонаш тасмим гирифтаанд, тамоми китобҳои нодиреро, ки аз Мӯҳсин Умарзода ба ёдгор мондааст, ҷамъ оварда, дар идораи “Овози Тоҷик” як осорхонаи хурд ё китобхонаи ӯро бино кунанд.

Ки марги чунин хоҷа на корест хурд...

Нахустин вокунишҳо ба даргузашти Мӯҳсин Умарзода дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук низ ҳокист, “ки марги чунин хоҷа на корест хурд.”

Марямбонуи Фарғонӣ аз ҷумла навиштааст: “Устод Мӯҳсин Умарзодаро ба ҳайси як ҷонсӯзи забони тоҷикӣ дар Узбакистон ва журналисти соҳибқалам хуб мешинохтам. Хизматҳояшонро миллати мо набояд фаромӯш кунад.”

Зафари Сӯфӣ бо андӯҳ меафзояд: “Аз шумори вопасинхо аз табори Офтоб дар он сарзамини аздастрафта боз яке кам шуд! Худоё, сахт метарсам, ки фардо дигар он ҷо муҳити тоҷикиро пурра торикӣ фаро мегирад... Марги бузурге мисли устод Умарзода фоҷеае азим барои ҳар инсони миллатдӯсту худогоҳ ва ҳар миллати худшинос бояд бошад. Аммо... Оё чунин аст?”

Ба ақидаи Аъзами Хуҷаста, “Миллат боз як ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ ХУДРО АЗ ДАСТ ДОД. Миллате ки ханӯз фарҳанги шинохт ва арзишгузории чунин фарзандонро наомӯхтааст...”

Марги зебо

Мирасрори Фарғонӣ мегӯяд, Мӯҳсин Умарзода ва ҳамсараш Роза фарзанд надоштанд, вале муҳаббаташон чунон бузург буд, ки вақте субҳи шанбеи 3 август ҳамсарашро ба хок супурданд, дили Мӯҳсин Умарзода ба ин азоби ҳиҷрон зиёд тоб наовард ва худи ҳамон шаб ба ин дунё падруд гуфт ва пеши ишқи ягонаи зиндагиаш рафт. Ба гуфтаи Мирасрори Фарғонӣ, дар маросими видоъ бо Мӯҳсин Умарзода ҳамагӣ аз чунин марги зебои ин ҷуфт гиребон мегирифтанд.
XS
SM
MD
LG