Як вакили парлумони Қирғизистон хостори "қадрдонии расмӣ"-и раиси кушташудаи кони Назарайлоқи Тоҷикистон барои хидматҳояш дар ҳалли низоъи Бодканд шудааст.
Турсунбой Боқир-уулу, вакили парлумони Қирғизистон аз ҳизби Оруномус рӯзи 5 сентябр дар иҷлосияи Жогорку Кенеш хостори дар садтҳи давлатӣ қадрдонӣ кардани шаҳрванди Тоҷикистон Нуриддин Темиров шуд. Бино ба гузориши сомонаи “Вечерний Бишкек”, Боқир-уулу гуфтааст, Темиров, ки шаби 1 ба 2 сентябр дар ноҳияи Рашти Тоҷикистон кушта шуд, “чанд сол пеш дар ҳалли низоъи Бодканд талоши зиёд ба харҷ дода буд.” Ба гуфтаи ӯ, Нуриддин Темиров “ба Афғонистон рафта, бо толибон музокирот кард ва дар озод кардани 4 гаравгони ҷопонӣ ширкат дошт. Бо вуҷуди инки ӯ шаҳрванди Тоҷикистон аст, хидматҳояш дар назди Қирғизистон хеле бузургтанд.“ Турсунбой Боқир-уулу пешниҳод кардааст, ки “биёед, ба ӯ мукофоти давлатӣ диҳем, ӯ сазовори чунин мукофот ҳаст.”
Нуриддин Темиров, ки аз соли 2007 раҳбарии кони ангишти Назарайлоқ дар кӯҳистони Раштро бар ӯҳда дошт, шабона дар утоқи истироҳатиаш кушта шуд.
Дар хабари расмии нашршуда дар сомонаи вазорати умури дохила ҳамчунин омадааст: "Тахминан соати 00:30 дақиқаи шаби 2-юм ба 3-юми сентябри соли равон шахсони номаълум ба утоқи истироҳатии директори кони ангишти “Назар-Айлоқ”-и ноҳияи Рашт, шаҳрванд Темиров Нуриддин, соли таваллудаш 1958, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе даромада, бо истифода аз силоҳи оташфишони таппончаи тамғаи “Макаров” ӯро паронда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд, ки дар натиҷа охирин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳияи мазкур ба ҳалокат расидааст."
Гуфта мешавад, барои таҳқиқи ин куштор "аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи раёсатҳои оперативии вазорати корҳои дохилӣ ва раёсати корҳои дохилӣ дар ноҳия ва минтақаи Рашт гурӯҳи фаврӣ-ҷустуҷӯӣ созмон дода шуда, тафтишоти ин ҷиноят идома дорад."
Аммо бо вуҷуди бозпурсии даҳҳо коргари кон, таҳқиқи ин қазия то имрӯз натиҷае надодааст. Коргарони бозпурсишуда гуфтаанд, ки Нуриддин Темировро шабона куштаанд ва дар он соатҳо тақрибан касе дар ҷои кор набуд.
Ба қавли баъзе аз сокинони ноҳияи Рашт, Ҳоҷӣ Нуриддин зодаи шаҳри Қурғонтеппа буда, ӯро Ҳасан Асадуллозода, раиси "Ориёнбонк" 6 сол қабл ба вазифаи раиси кони Назарайлоқ мансуб карда буд.
Вале ба гуфтаи ин сокинон, бахше дигаре аз ин кон таҳти назорати Шоҳ Искандаров, собиқ фармондеҳи нерӯҳои мухолифин ва ҳоло яке аз масъулони шӯъбаи корҳои дохилии минтақаи Рашт қарор дорад.
Сокинони минтақаи Рашт аз Нуриддин Темиров ба некӣ ёд мекунанд ва мегӯянд, вай шахси саховатпеша буда, дар корҳои хайри мардум дасти ёрӣ дароз мекард ва ба масҷидҳо низ кумак мерасонд.
Хабарнигори Озодӣ аз Қӯрғонтеппа хабар дод, ки Нуриддин Темиров зодаи деҳаи "Ҳаёти нав" (маъруф ба Куйбешак)-и ноҳияи Бохтар буда, 4 фарзанд доштааст. Ӯ солҳои охир дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекард. Гуфта мешавад, маросими дафни ӯ рӯзи 2 сентябр, баъд аз аз намози пешин доир шудааст.
Кони ангиши Назарайлоқ дар 300-километрии шарқи Душанбе, 90-километрии маркази ноҳияи Рашт ва 10- километрии Ҳоит воқеъ буда, захираи ангишташ беш аз 300 миллион тонна баровард мешавад.
Ангишти Назарайлоқ аз навъи нодири антрацит аст, ки метавонад ба ҷои ангишти кокс истифода шавад. Ҳукумати Тоҷикистон дар пайи мушкил ва дар ин авохир комилан қатъ шудани воридоти газ аз Узбакистон барои таъмини фаъолияти корхонаҳои бузурги саноатиаш, аз ҷумла ТАЛКО, ба захираҳои ангишти дохилӣ, аз ҷумла ба кони Назарайлоқ дидаи таваҷҷӯҳ дӯхтааст. Вале ба иллати набуди зербино, ба хусус роҳҳои муносиби мошингард ва шароити сахти кӯҳистониаш, кони Назарайлоқ танҳо дар фасли гармо кор мекунад.
То чанд соли пеш кони Назарайлоқ як майдони рақобати гурӯҳҳои маҳаллии мусаллаҳ ва ҷиноӣ буд. Дар соли 2007 дар натиҷаи як ҳамлаи мусаллаҳона хазинаи ин конро ғорат ҳам карда буданд. Вале дар пайи амалиёти ду сол пеши нирӯҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳҳои худсари мусаллаҳ дар водии Рашт фаъолияти гурӯҳҳои худсар дар ин минтақа хунсо гардида, иншооти муҳими иқтисодӣ, аз ҷумла кони Назарайлоқ, таҳти контроли гурӯҳҳои молии наздик ба раҳбарони аввали кишвар қарор гирифтанд.
Ба бовари бисёриҳо, қатли Ҳоҷӣ Нуриддин Темиров метавонад аломати оғози марҳалаи нави тақсими қаламрави нуфуз дар атрофи ин кони муҳим бошад.