Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рашт: Нигаронии мардум аз қимати ангишт


Нархи як тонна ангишти Назарайлоқ дар як соли ахир аз 300 сомонӣ то ба 800 сомонӣ боло рафтааст
Нархи як тонна ангишти Назарайлоқ дар як соли ахир аз 300 сомонӣ то ба 800 сомонӣ боло рафтааст

Болоравии бесобиқаи нархи ангишти кони Назарайлоқ сокинони водии Раштро сахт нигарон сохтааст.

Феълан қимати як тонна ангишти Назарайлоқ аз 300 сомонии як сол пеш ба 700-800 сомонӣ, яъне беш аз 200 доллар, афзоиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки нархи як тонна ангишт дар маҳалли ин кон ҳамагӣ 123 сомонӣ муайян шудааст. Сокинони ноҳияи Рашт мегӯнд, ронандагону тоҷирон бо тай намудани ҳамагӣ масофаи 70-80 километр болои ҳар як тонна ангишт аз 400 то 500 сомонӣ фоидаи соф мегузоранд ва мардум бо ҳарос аз сардиҳову беберқиҳои зимистон ва аз ноилоқӣ онро харидорӣ мекунанд.

Неъматуллоҳи Ҷура, корманди шӯъбаи фарҳанги ҳукумати ноҳияи Рашт, мегӯяд, бо маоше, ки ӯ аз давлат мегирад, ҳатто ба сад кило ангишт намерасад. Вай меафзояд, аз хонаводаи ӯ касе дар Русия мардикорӣ намекунад, ки ба мисли дигарон бо пули Русия аз ангишти гаронбаҳо харидорӣ кунад. Вай мегӯяд, ҳамагӣ дар 60-70 километр дурӣ аз кони ангишт бо қимати қариб даҳ баробар аз нархи аслӣ фурухтани ангишт ин беинсофист.

Дар ҳамин ҳол коршинос Нозими Қосим мегӯяд, боло рафтани нархи маҳсулоти воридотиро масъулин ба болоравии нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ маънидод мекунанд, аммо ангишти Назарайлоқ тавлидоти ватанӣ буда, бидуни хароҷоти зиёдатӣ истеҳсол мешавад.

Вале бо таҷриба аз солҳои пешин иддае аз сокинони минтақа пешбинӣ мекунанд, ки бо сардтар шудани ҳаво шояд нархи тоннаи ангишти Назарайлоқ аз 900 сомонӣ ҳам бештар шавад. Зеро, гуфта мешавад, чун ҳамасола бархе ашхос бо захира кардани ангишт дар поёнтари кони ангишт бо омадани фасли сармо онро бо нархи хеле гарон ба савдо мегузоранд.

Ҳарчанд соҳибназарон ташкили бозорҳои ангишт, зарурати басташавии созишнома миёни маъмурияти кони Назарайлоқ ва муассисоти нақлиётии ҷумҳуриро аз роҳҳои поёнбарии нархи ангишт арзёбӣ мекунанд, аммо тайи солҳои ахир қимати ангишти Назарайлоқ башиддат боло меравад ва гаронтарин ангишт дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

XS
SM
MD
LG