Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозпурсии даҳҳо коргари кони Назарайлоқ


Даҳҳо коргари кони ангишти Назарайлоқ дар иртибот ба ҳодисаи қатли Нуриддин Темиров, раиси ин кон бозпурсӣ шуданд.

Як масъули шӯъбаи минтақавии корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рашт рӯзи чоршанбеи 4 сентябр зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "рӯзи гузашта даҳҳо тан аз коргарони кони Назарайлоқ, бо шумули масъулони он ба шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ин минтақа оварда ва бозпурсӣ шуданд."

Ба гуфтаи ин манбаъ "пурсидашудагон аз вуқӯъи ҳодисаи қатли Нуриддин Темиров изҳори бехабарӣ карданд. Зеро ба таъкиди онҳо куштор шаб рух додааст ва коргарон дар он соатҳо дар маҳалли кор набуданд."

Ба таъйиди ин манбаъ, аз шумори пурсидашудагон 10 нафар дар шӯъбаи корҳои дохилии минтақаи Рашт мондаанд. Аммо то кунун гурӯҳи тафтишот ҳеҷ далелеро дар иртибот ба ин куштор ошкор накарданд.

Ин дар ҳолест, ки дар маҳали ҳодиса гурӯҳе аз мақомоти вазорати корҳои дохилӣ ҳамроҳ бо мақомоти аминяти минтақа ва додситонӣ қарор доранд ва ҷанбаҳои қатли Нуриддин Темировро таҳқиқ мекунад. Ба гуфтаи манбаъи Озодӣ, онҳо намунаҳое аз нишонаҳои амали кушторро ба маркази ташхисии вазорати корҳои дохила фиристодаанд.

Тибқи иттилои вазорати корҳои дохилӣ, "тахминан соати 00:30 дақиқаи шаби 1-ум ба 2-уми сентябри соли равон шахсони номаълум ба утоқи истироҳатии директори кони ангишти Назарайлоқи ноҳияи Рашт, Нуриддин Темиров, соли таваллудаш 1958, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе даромада, бо истифода аз силоҳи оташфишони таппончаи тамғаи “Макаров” ӯро паронда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд, ки дар натиҷа ба ҳалокат расидааст."


Як масъули шӯъбаи минтақавии корҳои дохилӣ дар Рашт, ки аз овардани номаш худдорӣ кард, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки афроди ношинос шабона ба утоқи Нуриддин Темирови 55-сола ворид шуда, ба сараш 3 тир ва 4 тири дигар ба баданаш задаанд.

Нуриддин Темиров, маъруф ба Ҳоҷӣ Нуриддин дар шаш соли пеш ба мақоми раиси кони ангишти Назарайлоқ таъин шуда буд. Ӯ аз афроди наздик ба Ҳасани Асадуллоҳзода, додарарӯси раисиҷумҳури Тоҷикистон ва раиси "Ориёнбонк" шумурда мешавад, ки ба манзури истифодаи захираҳои кони Назарайлоқ барои таъмини корхонаи ТАЛКО ба ин мақом мансуб шуда буд.

Вале ба гуфтаи сокинон, бахше дигаре аз ин кон таҳти назорати Шоҳ Искандаров, собиқ фармондеҳи нерӯҳои мухолифин ва ҳоло яке аз масъулони шӯъбаи корҳои дохилии минтақаи Рашт қарор дорад.

Сокинони минтақаи Рашт аз Нуриддин Темиров ба некӣ ёд мекунанд ва мегӯянд, вай шахси саховатпеша буда, дар корҳои хайри мардум дасти ёрӣ дароз мекард ва ба масҷидҳо низ кумак мерасонд.

Хабарнигори Озодӣ аз Қӯрғонтеппа хабар дод, ки Нуриддин Темиров зодаи деҳаи "Ҳаёти нав" (маъруф ба Куйбешак)-и ноҳияи Бохтар буда, 4 фарзанд доштааст. Ӯ солҳои охир дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекард.

Кони ангиши Назарайлоқ дар 300-километрии шарқи Душанбе, 90-километрии маркази ноҳияи Рашт ва 10- километрии Ҳоит воқеъ буда, захираи ангишташ беш аз 300 миллион тонна баровард мешавад.

Ба гуфтаи заминшиносон, ангишти Назарайлоқ аз навъи нодири антраcит аст, ки метавонад ба ҷои ангишти кокс истифода шавад. Ҳукумати Тоҷикистон дар пайи мушкил ва дар ин авохир комилан қатъ шудани воридоти газ аз Узбакистон барои таъмини фаъолияти корхонаҳои бузурги саноатиаш, аз ҷумла ТАЛКО, ба захираҳои ангишти дохилӣ, аз ҷумла ба кони Назарайлоқ дидаи таваҷҷӯҳ дӯхтааст. Вале ба иллати набуди зербино, ба хусус роҳҳои муносиби мошингард ва шароити сахти кӯҳистониаш, кони Назарайлоқ танҳо дар фасли гармо кор мекунад.

То чанд соли пеш кони Назарайлоқ як майдони рақобати гурӯҳҳои маҳаллии мусаллаҳ ва ҷиноӣ буд. Дар соли 2007 дар натиҷаи як ҳамлаи мусаллаҳона хазинаи ин конро ғорат ҳам карда буданд. Вале дар пайи амалиёти ду сол пеши нирӯҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳҳои худсари мусаллаҳ дар водии Рашт фаъолияти гурӯҳҳои худсар дар ин минтақа хунсо гардида, иншооти муҳими иқтисодӣ, аз ҷумла кони Назарайлоқ, таҳти контроли гурӯҳҳои молии наздик ба раҳбарони аввали кишвар қарор гирифтанд.

Ба бовари бисёриҳо, қатли Ҳоҷӣ Нуриддин Темиров метавонад аломати оғози марҳалаи нави тақсими қаламрави нуфуз дар атрофи ин кони муҳим бошад.
XS
SM
MD
LG