Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо байни навҷавонон дар шаҳри Салоникии Юнон медали тилло ба даст овард.
Комроншоҳ дар рақобатҳо дар вазни то 90 килограмм дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Теймураз Хачидзе аз Гурҷистон пирӯз шуд ва ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Ба рақибаш медали нуқра супурда шуд. Александр Дарилл (Молдова) ва Давид Оганисян (Русия) бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гардиданд.
Дарвоқеъ, Комроншоҳи Устопириён, чанд рӯз пеш дар мусобиқоти байналмилалии дзюдо, даврҳои Гран-при дар Алмаатои Қазоқистон ва Тошканди Узбакистон барандаи медалҳои биринҷӣ гардида буд.
Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбо байни наврасон дар Салоникии Юнон ду медал ба даст оварданд.
Дар рӯзи аввали ин мусобиқот, 11-уми октябр, паҳлавони тоҷик Ҷомии Ҳасан дар сабқати наврасон дар вазни то 48 килограмм мақоми севумро касб кард ва бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Дар ин вазн Энхтаиван Гантогтох (Муғулистон) ғолиб шуд. Марат Неъматуллоев (Қазоқистон) ҷойи дувумро гирифт. Ҷомии Ҳасан ва Николае Фока (Молдова) ҷойҳои севумро азони худ карданд.
Намояндаи дигари Тоҷикистон Суруш Каримов низ дар рақобатҳо дар вазни то 75 килограмм бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Дар ин вазн Михаил Водовсков (Русия) ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Аполон Зурабиани (Гурҷистон) дар ҷойи дувум қарор гирифт. Суруш Каримов ва Денис Павлюков (Украина) ҷойҳои севумро соҳиб шуданд.
Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасону духтарону навҷавонон дар Салоникии Юнон 13-уми октябр ба охир мерасад.