“928 километр хати марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон маълум шуд”

Ориф Хоҷазода

Раиси Кумитаи замини Тоҷикистон гуфт, 928 километр (94%) хати марзи ҷумҳурӣ бо Қирғизистон маълум шуда, музокирот барои ҳалли қитъаҳои баҳсӣ ҳамчунон идома дорад. Вале Ориф Хоҷазода ҳозир нашуд, ки ҷузъиёти суҳбатҳои ду тарафро ошкор кунад. Маълум нест, кадом бахши сарҳад ҳалношуда мондааст.

“Гурӯҳҳои маконнигорӣ (топографӣ)-и Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаш моҳи аввали соли 2024 дувоздаҳ бор мулоқот карданд. Пешравии чашмрас ҳосил шуд. Дар ин муддат тавсифи 82,3 километр хати сарҳад иҷро шуд,” – гуфт Ориф Хоҷазода рӯзи 29-уми июл ба хабарнигорон дар Душанбе.

Вай ҳамзамон раванди музокиротро аз мушкилӣ орӣ надонист, вале ба гуфтаи худаш “барои пеш наомадани нофаҳмӣ” тафсилот надод.

“Баъзе аз минтақаҳои баҳснок ҳастанд, ки дар бораи онҳо гуфтушунид идома дорад. Барои ёфтани роҳҳои ҳалли барои ҳарду тараф қобили қабул ва пешгирӣ аз ихтилоф кор карда истодаем. Ҳарду тараф барои бо роҳи осоишта ҳал кардани маъсала кӯшиш доранд,” – ба таври умумӣ шарҳ дод ӯ.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"928 километр марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон маълум шуд"

Ҷузъиёти музокираҳои ҳайатҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон аз матбуот пинҳон мемонад ва маълум нест, то ҳол мувофиқаҳои бадастомада бар асоси кадом шарт ҳосил шудааст. Мақомоти Қирғизистон низ бархилофи солҳои гузашта тафсилотро намегӯянд.

Ориф Хоҷазода рӯзи душанбе гуфт, “ин маълумот махфист” ва “бо ҳадафи таъмини бехатарӣ ва муваффақона анҷом додани таъйину нишонагузории сарҳад аст”. Махфӣ мондани ҷузъиёти вохӯрии намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон нигарониҳоро бахусус дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ба миён овардааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Музокира ё муомила? Чаро созиши марзиро бояд мардум надонанд?

Тоҷикистон бо Қирғзистон беш аз 987 километр сарҳад дорад. Номуайян мондани бахше аз он дар солҳои 2021 ва 2022 сабаби муноқишаи хунин шуд ва аз ду тараф даҳҳо куштаву маҷрӯҳ боқӣ гузошт.

Ҳоло сарҳади Қирғизистон ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон бастааст ва мардуми ду тараф баръакси солҳои пешин дигар тиҷорату равуо надоранд.