Ҳалокати ду фармондеҳи тоҷики ДИИШ дар Афғонистон тасдиқ шуд

Қавитарин бомбаи ғайриҳастаӣ, маъруф бо номи "модари ҳамаи бомбаҳо" шоми 13 апрел аз тарафи нирӯҳои амрикоӣ дар вилояти нагарҳор истифода шуд. Артиши Амрико гуфт, туннелу ғорҳои ҷангҷӯёнро ҳадаф қарор додааст

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, дар пайи партоби қавитарин бомбаи ғайриҳастаӣ дар минтақаи Очини вилояти Нангарҳор ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз онҳо фармондеҳи аршади гурӯҳи “Давлати исломӣ” ном бурда мешавад, кушта шудаанд. Муҳаммад Родманиш – муовини сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон – рӯзи 19 апрел гуфт, ки дар маҷмуъ, дар ин ҳамла 13 тан аз қумондонҳои аршади ДИИШ ба ҳалокат расидаанд.

Дар натиҷаи ин зарба ба гуфтаи мақомоти Афғонистон, 100 ҷангҷӯ ва аз ҷумла тундравони хориҷӣ кушта шуданд.

Ӯ гуфт, “аз миёни 13 тан, ду нафар аз Ҳинд, ду нафар аз Тоҷикистон, чаҳор тан аз Афғонистон ва боқӣ аз Покистон ҳастанд. Собит шуд, ин сездаҳ қумондони дасти аввали ДИИШ буданд, ки дар ҳамла аз байн рафтанд.”

Муҳаммад Родманиш

​Аммо Родманиш номи ин афродро ифшо накард ва ҳам ҳуввияти кушташудаҳои дигарро ошкор нанамуд. Қаблан Вазорати дифои Афғонистон бо нашри хабарномаи расмӣ аз кушта шудани танҳо чаҳор фармондеҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” хабар дода, номи онҳоро Абубакр, Ҳамза, Шоҳид Умар ва Вулкон Усома гуфта буд.

Ҳамзамон як мақоми ҳукумати Афғонистон дар мулоқоти бо масъулони расонаҳо номҳои ҳамин чаҳор тан ва 14 фармондеҳи дигари ДИИШ-ро, ки ба гуфтаи вай дар ин ҳамла кушта шудаанд, эълон кардааст. Ин манбаъ, ки нахостааст номаш ифшо шавад, аз яке аз фармондеҳони кушташудаи тоҷик дар ин ҳамла, Сиддиқ ном бурдааст.

Тасдиқи ҳалокати ду тоҷики фармондеҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” аз сӯи мақомоти Афғонистон дар ҳолест, ки дар оғози ҳафтаи ҷорӣ манобеи расмии Тоҷикистон аз ҳалокати фармондеҳи ҷангҷӯёни тоҷик ва 11 зердасташ хабар доданд.

Як мақоми огоҳ аз масъала ба Радиои Озодӣ гуфт, Шермаҳмад Сафаров, ки ӯро дар миёни ҷангҷӯёни ДИИШ дар Афғонистон бо номи “Шери Язғулом” мешинохтанд, эҳтимолан барои машварат бо дигар аъзои гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” ба вилояти Нангарҳор рафтааст. Мақомот мегӯянд, ӯ то охири соли 2016 дар Бадахшон паноҳгоҳ доштааст.

Шермаҳмад Сафаров

Ба гуфтаи ин мақом, Шермаҳмад Сафаров, як сол пеш раҳбари тоҷиконе интихоб шудааст, ки дар Афғонистон ба сафи гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастаанд. Ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон рӯзи 17 апрел гуфта буд, ки хабари кушта шудани Шермаҳмад Сафаров, раҳбари тоҷикони ДИИШ тасдиқ шудааст ва ҳуввияти 11 нафари дигар низ таҳқиқ мешавад, ки онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон меноманд.

Шермаҳмад Сафарови 48-сола бародари Назармуҳаммад Сафаров, полковники Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аст, ки моҳи сентябри соли 2015 бо гумони даст доштан дар “ошӯб”-и гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода боздошт шуда буд. Ӯ то замони ин ҳодиса дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе зиндагӣ мекард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Рустое ки шоҳиди таркиши "модари тамоми бомбҳо" шуд

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, Шермаҳмад моҳи октябри соли 2015 аз Ванҷ ба Афғонистон рафта, он ҷо ба гурӯҳи “Толибон” мепайвандад. Соли 2016 бо нишони эътироз аз ин гурӯҳ ҷудо мешавад ва ба гурӯҳи ДИИШ пайваста, ба ҷалби тоҷикон ба ин гурӯҳи тундрав машғул мешавад.

Барои маҳви паноҳгоҳи ҷангҷӯёни гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ”, Амрико рӯзи 13 апрел дар ноҳияи Очини вилояти Нангарҳор бомбаи GBU-43/B-ро ба кор бурд, ки бузургтарин бомбаи ғайриҳастаӣ аст ва онро “модари ҳамаи бомбаҳо” меноманд. Дар натиҷаи ин зарба ба гуфтаи мақомоти Афғонистон, 100 ҷангҷӯ ва аз ҷумла тундравони хориҷӣ кушта шуданд.