Тибқи фармони Ашраф Ғанӣ -- президенти Афғонистон, Аҳмад Зиё Масъуд -- намояндаи фавқулоддаи раиси ҷумҳури он кишвар дар умури "ислоҳот ва ҳукуматдории хуб", рӯзи 17 апрел аз вазифааш барканор шудааст. Аҳмад Зиё Масъуд дар интихоботи ахири президентии Афғонистон дар баробари ҳамсангарони пешини худ, ки аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ пуштибонӣ мекарданд, қарор гирифт ва аз Ашраф Ғанӣ пуштибонӣ карда буд.
Арги раёсати ҷумҳури Афғонистон дар шарҳи сабаби барканории Аҳмад Зиё Масъуд мегӯяд, ки ӯ дар фаъолияти худ ба ҳайси мушовир дар умури ислоҳот ва ҳукуматдории хуб муваффақ набудааст.
Давохон Минапол, сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон рӯзи 18 апрел дар сӯҳбат ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, аз он, ки Аҳмад Зиё Масъуд дар расидан ба ҳадафе, ки ба хотири он ба ин вазифа таъйин шуда буд, муваффақ набуд, бо амри президент аз мақомаш барканор шуд: "Раиси ҷумҳур Аҳмад Зиё Масъудро барои ислоҳот ва ҳукуматдории хуб гумошта буд, мутаассифона вай дар расидан ба ҳадафе, ки гумошта шуда буд, муваффақ набуд ва аз вазифааш барканор шуд."
Аҳмад Зиё Масъуд аз ҳудуди ду сол ба ин тараф ба ҳайси намояндаи фавқулоддаи раиси ҷумҳури Афғонистон кор мекард. Ба гуфтаи сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон, оқои Ашраф Ғанӣ фаъолиятҳои масъулонро арзёбӣ мекунад ва баъд аз баррасӣ барои онҳо фурсати дубора медиҳад. Аммо ба бовари сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон, Аҳмад Зиё Масъуд гӯё дар ин замина дастовардҳои хос ва ошкор надоштааст.
Аҳмад Зиё Масъуд аз чанд вақт ба ин тараф амалкардҳои ҳукумати Афғонистон ва шахси раиси ҷумҳури он кишварро ба боди интиқод кашида ва дар мавриди раванди сулҳ дар он кишвар нуқта назарҳои худро доштааст. Вале ин нуқта назарҳо дар барканории Аҳмад Зиё Масъуд нақше доштааст ё на?
Cухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон мегӯяд, ки "ин як низоми демократӣ аст. Мо як ҷомеаи демократӣ ва озод дорем. Дар низоми Афғонистон афроде зиёданд, ки дар мавриди масъалаҳои мухталиф ибрози назар мекунанд ва ҳеҷ кас ба хотири ироаи назари мустақил аз кор барканор намешавад. Мутаассифона вай дар расидан ба ҳадафи ислоҳот ва ҳукуматдории хуб, ки барои он таъйин шуда буд, муваффақ набуд". Вай дар посух ба ин суол, ки оё шахси дигар ба ҷои Аҳмад Зиё Масъуд таъйин хоҳад шуд ё на гуфт, ки то ба ҳол дар ин робита тасмиме гирифта нашудааст.
Аҳмад Зиё Масъуд ба барканории худ аз сӯи раиси ҷумҳур вокуниши тунд нишон дод. Вай гуфт, ки ин иқдоми Ашраф Ғанӣ заминаро барои бесуботии сиёсӣ ва ҷанги дохилӣ фароҳам мекунад. Аҳмадзиё Масъуд ҳамчунин гуфт, ки тибқи тааҳҳудоти навишташуда ва вижагиҳое, ки дар ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ вуҷуд дорад, раиси ҷумҳур ҳаққ надорад, ки ӯро барканор кунад. Ба гуфтаи вай, "ҳар кас ин корро кунад, чӣ раиси ҷумҳур ё каси дигаре, заминаро барои бесуботии сиёсӣ ва Худое нахоста барои ҷангӣ дохилӣ омода мекунад."
Дар ҳамин ҳол як узви сенати Афғонистон дар нишасти рӯзи сешанбеи гуфтааст, ки президент бояд бо дарназардошти вазъияти ҷории он кишвар, тасмим бигиранд. Муҳаммадаълам Эзидёр, муовини аввали Cенати Афғонистон афзуд, ҳарчанд бо ин тасмими раиси ҷумҳур мухолиф аст, аммо аз Аҳмад Зиё Масъуд ва ҳомиёнаш мехоҳад, ки аз хештандорӣ ва сабр кор бигиранд.
Аҳмад Зиё Масъуд -- бародари фармондеҳи номдори муҷоҳиддин Аҳмадшоҳи Масъуд ва домоди раиси ҷумҳури пешини он кишвар Бурҳониддин Раббонӣ мебошад. Ӯ дар солҳои ишғоли Афғонистон аз сӯи Шӯравии пешин, намояндаи бародараш Аҳмадшоҳи Масъуд ва Ҳизби ҷамъияти исломӣ дар Покистон буд. Баъд аз пирӯзии муҷоҳиддин дар соли 1992, ӯ ба Кобул баргашт ва мушовири раиси ҷумҳур Бурҳониддин Раббонӣ шуд.
Дар нахустин интихоботи президентӣ дар Афғонистон, ки соли 2004 баргузор шуд, Аҳмад Зиё Масъуд ҳамчун муовини аввали Ҳомид Карзай ширкат кард. Дар интихоботи соли 2014 вай ба унвони муовини аввали Залмай Расул -- яке аз номзадҳои матраҳ вориди рақобатҳои интихоботӣ шуд, вале ба даври баъдӣ роҳ наёфт. Дар даврӣ ниҳоӣ ӯ дар канори Ашраф Ғанӣ қарор гирифт ва дар тақсими қудрат вазифаи нави "мушовири раиси ҷумҳур дар умури ислоҳот ва ҳукуматдории хуб", ба ӯ расид.