Ҳалокати 4 нафар дар Ишкошим бар асари таркиш ва сӯхтор

Чор узви як оила дар ноҳияи Ишкошими Бадахшон бар асари як таркиши балони гази моеъ дар манзили зисташон, ки сӯхтор ба амал омадааст ба ҳалокат расидаанд.

Дар пайи инфҷори балони газ, чор нафар аз як хонавода дар ноҳияи Ишкошим кушта ва ду тани дигар ҷароҳат бардошта дар бемористон бистарӣ ҳастанд.

Дафтари матбуоти Хадамоти оташнишонии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зимни тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, ки "ҳодиса соати 16:27 дақиқаи рӯзи гузаштаи 26-уми июн дар деҳаи Набиеви ноҳияи Ишкошим рух додааст. Аввал таркиш шуда ва баъдан сӯхтор низ ба амал омадааст, ки хисороте дар пай доштааст." Бархе манобеи дигар мегӯянд, маҳалли ҳодиса кӯчаи ба номи Нафасбеки Раҳмонӣ ном дорад.

Ин манбаъ афзуд, балони гази моъе, ки барои пухту паз дар хонаводаи Руслан Маҳмадасанов, соли таваллудаш 1975 таркида, ки дар натиҷа чор нафар, як зани солхӯрда ва се кӯдак кушта шуда ва ду кӯдаки дигар бо ҷароҳатҳои мухталиф дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Ба таъкиди масъулони Хадамоти оташнишонии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад ва сабабҳои таркиш ва хисороти ворида аз ин ҳодиса мушаххас карда мешаванд.

Гуфта мешавад, ҳангоми таркиш ва сӯхтор Руслан Мамадасанов, соҳибхона дар манзилаш набудааст.