Мақомоти Тоҷикистон як сокини Душанберо боздошт карданд, ки ба нашри овозаи бардурӯғ дар мавриди ҷойгузорӣ шудани бомб дар масҷиди маҳаллаи Яккачинори пойтахт муттаҳҳам мешавад. Амрулло Азимов, сокини кучаи Саъдии Шерозӣ бо ирсоли паёмаке ба як нафар аз ҳузури як бомбгузори маргталаб дар намози масҷиди ҷомеаи маҳаллаи Яккачинор хабар дода ва мардумро ба таҳлука андохтааст.
Навори боздошти ин ҷавонро шаби шанбе тавассути Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон намоиш доданд ва худи ӯ дар шарҳи амалкардаш чунин гуфт: «Тавассути телефон смс равон кардам ва ин як шухӣ буд.»
Ба асоси ин хабар , "Амрулло рузи 7-уми феврали соли равон, ба мақсади халал ворид кардан ба фазои озод ва ороми ҷомеа, ба хусус намозгузороне, ки дар масҷиди маҳаллаи Яккачинори ноҳияи Сино намози ҷумъа мехонданд, халали ҷиддӣ расонид."
Ҷавоне, ки паёмакро аз Амрулло Азимов гирифтааст, бидуни бурдани номаш дар ин навор гуфт: «Дар телефони ман як паёмак омад, ки масҷиди Яккачинорро метарконанд.»
Аммо ба таъкиди мақомот, Амрулло ҳангоми навиштани паёмак на танҳо рақами телефонашро махфӣ, балки шахсияти худро ошкор накардааст. Мақомоти корҳои дохилӣ бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, ки онҳо дар пайи пахши ин овоза, маъмурони пулиси ноҳияи Синоро ба масҷиди маҳаллаи Яккачинор сафарбар карданд. Ба гуфтаи мақомот ҳарчанд ин ҷавон амали худро ҳазлу шӯхӣ маънидод мекунад, аммо «моддаи 180-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои иттиллооти бардурӯғ оид ба кирдори террористӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ бо маҳрум намудан аз озодӣ ба муддати ду солро пешбинӣ менамояд.»
Вазорати корҳои дохилӣ мегуяд, Амрулло Азимов қаблан низ барои содир кардани ҷинояти ғоратгарӣ боздошт шуда, бинобар ноболиғ буданаш бо ҳукми додгоҳ ба корҳои ислоҳӣ фаро гирифта шуда буд.
Бо вуҷуди он ки бархе аз афроди намозгузор дар ин масҷид аз пахши ин хабар изҳори беитиллоӣ карда, баъзеи дигар аз суҳбат худдорӣ карданд, аммо чанд нафар гуфтанд, ки баъд аз намози ҷумъа дар рӯзи 7 феврал ҳузури пулис дар масҷид ва берун кардани намозгузорони боқимонда аз дохили ибодатгоҳро мушоҳида карданд.
Бархе аз намозгузорони масҷиди маҳаллаи Яккачинор ба радиои "Озодӣ" гуфтанд, ки баъд аз намози ҷумъаи гузашта шоҳиди ҳузури пулис дар масҷид ва берун кардани намозгузорони боқимонда аз дохили ибодатгоҳ буданд.
Ин барои аввалин бор нест, ки овозаҳои бардурӯғ боиси безобитагии аҳолӣ мешавад. Моҳи январи соли 2009 дар пайи овозаи зилзилаи шадид, даҳҳо ҳазор аз сокинон ба шумули занону кӯдакон ва солмандон манозили зистро тарк ва шабро зери ваҳшату даҳшат дар хиёбонҳо рӯз карда буданд. Аксари онҳое, ки аз тарсу ваҳшати заминҷунбии шадид субҳро дар хиёбон ва дуртар аз биноҳои баландошёна истиқбол карданд, дар пайи зангҳои телефони нафарони шинос ба чунин вазъ рӯбарӯ шудаанд.
Ба дунболи ин ҳодиса, ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон гуфта буданд, ки ба таҳқиқи сарчашмаи овозаи зизлизилаи шадид пардохтаанд ва ба муҷарради боздошти омилини овозаи бардурӯғи зилзила ва равшан кардани ҳадафи ангехтани ин шоеъа, ҷомеъаро огаҳ хоҳанд кард. Аммо бо гузашти панҷ сол то кунун омилони ин овозаи бардурӯғ ошкор нашудаанд.