Улфатхонум Маҳмадшоева, узви кумиссиюни муштараки таҳқиқи нооромиҳои рӯзҳои 21-24 майи Хоруғ рӯзи 21 август ба Радиои Озодӣ гуфт, раиси ин кумиссиюн ва мушовири раисиҷумҳури Тоҷкистон Шералӣ Хайруллоев ба далели баргузории нишасти сарони созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки қарор аст, моҳи сентябр дар Душанбе доир шавад, барои дастикам ду ҳафта дар кори кумиссиюни муштарак танаффус эълон кард ва ҳайати ҷониби ҳукумат ба пойтахт рафтанд.
Улфатхонум Маҳмадшоева гуфт, феълан кумиссиюн тафтиши қазияро қатъ карда, мунтазири бозгашти ҳайати ҷониби ҳукумат мебошад. Ӯ афзуд, «Шералӣ Хайруллоев сабаби танафусро шарҳ дода, ба ҳайати Кумиссиюн гуфтааст, ки то анҷоми ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанҳай, ки 11-12 сентябри соли 2014 дар Душанбе баргузор хоҳад шуд, кори Кумиссиюн мавқуф гузошта хоҳад шуд.»
Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, қарор буд, натиҷаи кори кумиссиюни муштарак рӯзи 23 сентябр нашр шавад, вале ҳанӯз маълум нест, ки оё ин ду ҳафта таъхир дар кори кумиссиюн боиси ба таъхир уфтодани натиҷаҳои ниҳоии кори кумиссиюни муштарак ҳам хоҳад шуд ё хайр?
Кумиссиюни муштараки таҳқиқи ҳаводиси Хоруғ бо намояндагии баробари ҷониби ҳукумат ва ҷомиаи шаҳрвандии Бадахшон рӯзи 31 май дар натиҷаи чанд рӯзи музокироти тарафҳо таъсис ёфт. Таъсиси ин кумиссиюни аз ҷумлаи талабҳои умдаи эътирозгароне буд, ки чанд рӯз дар маркази Бадахшон гирдиҳамоӣ карданд. Дар ин се моҳе ки аз он нооромиҳо мегузарад, раиси раёсати умури дохилаи ҳам вилояти Бадахшон ва ҳам шаҳри Хоруғро иваз карданд.
Эътирозҳои Хоруғ рӯзи 21 май, дар пайи як тирандозӣ дар маркази шаҳр оғоз ёфт. Дар ҷараёни як амалиёт, ки ба гуфтаи пулис, алайҳи қочоқбарони маводи мухаддир сурат мегирифт, 3 нафар, бо шумули як афсари ОМОН, кушта ва 4 тани дигар захмӣ шуданд.
Ба дунболи тирпарронӣ, ҷамъе аз сокинони Хоруғ бо талаби раҳоии боздоштшудаҳо ва муҷозоти ходимони ОМОН ба назди бинои идораи умури дохилаи вилояти Бадахшон рехтанд ва бинои пулису додситонӣ ва ҳамчунин ду мошини пулису як мошини марбут ба як корманди додситонӣ ва ҳам манзили сардори идораи умури дохилаи Хоруғ полковник Бахтдавлат Бахтдавлатовро дар маҳаллаи Бархоруғ оташ заданд. Шаби 23 май дар як ҳодисаи дигар, ки мақомот талоши ҳамла ба бинои раёсати амнияти миллии вилояти Бадахшон унвонаш карданд, боз як нафар куштаву дуи дигар захмӣ шуданд.
Вилояти мухтори Бадахшон бо 220 000 аҳолиаш, ки аксарашро пайравони равияи исмоилияи мазҳаби шиа ташкил медиҳанд, аз ҳалқаҳои заифи занҷири амниятии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар тобистони соли 2012 дар пайи қатли раиси идораи амнияти ин вилоят генерал Абдулло Назаров нирӯҳои давлатӣ дар Хоруғ амалиёти вижаеро алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи худсар ба роҳ андохтанд, ки мунҷар ба ҳалокати зери 70 нафар аз ҳарду тараф шуд.