Дар ҳоле ки Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, ба Хоруғ ҳеч гуна нерӯи иловагӣ ворид накардааст ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз бозгашти шумори хурди кормандони эъзомияш аз Бадахшон хабар медиҳад, Улфатхоним Мамадшоева, яке аз фаъолони ҷомеаи маданӣ дар шаҳри Хоруғ рӯзи ҷумъаи 8 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шаби гузашта телевизиони Бадахшон манзараи берун шудани нерӯҳои иловагӣ аз шаҳри Хоруғро нишон дод. Ба гуфтаи вай, аз намоиш бармеомад, ки зиёда аз 50 сарбозу афсар, ки ҳамчун нерӯи иловагӣ муаррифӣ шуданд, аз шаҳри Хоруғ берун гардиданд.
Хонум Мамадшоева гуфт, ки оғози берун шудани неруҳои иловагӣ аз шаҳри Хоруғ дар пайи дархости намояндагони ҷомеаи маданӣ аз вакилони маҷлиси шаҳрӣ, ки рӯзи 6 август баргузор шуд, сурат гирифтааст. Ба гуфтаи хонум Мамадшоева, пешниҳоди намояндагони ҷомеаи маданӣ дар ин маҷлис аз сӯи вакилон ва Шералӣ Хайрулло, ёрдамчии раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар умури дифоъ ва амният "якдилона" пазируфта шуд ва умед аст, ки ин амр дар ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва оромӣ дар Бадахшон мусоидат хоҳад кард.
Аммо Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, ки ин ниҳод ба Бадахшон, аз ҷумла ба Хоруғ нерӯи иловагӣ ворид накардааст, ки онро берун кашад. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 8 август дар иртибот ба масъалаи кашидани нерӯҳои иловагии ниҳодҳои қудратӣ аз Хоруғ гуфт, ки вазорати дифоъ дар Бадахшон қисми ҳарбии худро дорад, вале ҳеҷ гуна нерӯи иловагӣ ворид накардааст, ки онҳоро берун кашад. Вай афзуд, ки дар ҳодисаи нооромииҳои моҳи май низ, вазорати дифоъ ҳеҷ неруи иловагӣ ворид накарда буд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар моҳи май бо сар задани бетартибиҳо дар Хоруғ, гурӯҳи иловагӣ барои назорати тартиботи ҷамъиятӣ ворид карда шуда буд ва бо мӯътадил шудани вазъият, онҳо ба қисмҳои доимии худ баргаштанд. Як мақоми вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки гурӯҳи милисаҳое, ки ба Хоруғ эъзом шуда буданд, бузург набуд ва онҳо ба ҷойҳои пешини хизмати худ дар шаҳри Душанбе баргардонида шуданд.
Хабарҳо дар мавриди берун кашидани нерӯҳои интизомӣ аз Бадахшон дар ҳолест, ки ҳафтаи ҷорӣ дар маҳалле бо номи Ниводак 3-километрии Хоруғ дар даруни як мошини сабукрав ҷасади ду сокини ин шаҳр кашф шуд, ки ҳарду аз сар тир хӯрда буданд. Онҳо сокинони Хоруғ Сайёд Охонқадамов ва Далер Хушдилов ва ҳарду 26-сола будаанд. Ин ду ҷавон хатмкунандагони Донишгоҳи Алмаато буда ва ба гуфтаи наздикони онҳо, ба ҳеҷ гурӯҳе пайванд надоштаанд ва ба ягон амали хилофи қонун гумонбар нашудаанд.
Бо кашф шудани ҷасадҳо муовини Вазири корҳои дохилӣ, Абдулло Навҷувонов, додситони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Муҳаммад Арбобов, сардори тозатаъини Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Хоруғ Қиёмиддин Низомиддинов аз ҷойи ҳодиса дидан карданд. Таҳқиқи парвандаи мазкурро вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зери назорат гирифтааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳанӯз рӯйдодҳои 21-уми майи соли равон дар Хоруғ, ки дар пайи як тирандозӣ дар маркази шаҳр ва ҳалокати 4 нафар, бо шумули як афсари полис чандин бинои маъмурӣ ба оташ кашида шуданд, пажӯҳиш нашудаанд. Барои таҳқиқи онҳо як кумиссюни муштараки мақомоти интизомӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис шуда буд.
Ҳамчунин хабарнигорони мардумии Хоруғ охири ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки ба камияш дар ду чархбол бо нерӯҳои иловагӣ дар Хоруғ фуруд омадаанд.