"Хонаро холӣ кунед." Баҳси сокинон ва мақомот дар як ҷамоати канори Хуҷанд

Иззатой Исломова ва Икром Азизов, сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Гурӯҳе аз сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз қарори раиси ноҳия барои сохтмони бинои баландошёна изҳори норозигӣ доранд. Барои ин сохтмон, мегӯянд онҳо, бояд ҳавлию хонаашонро тарк кунанд ва дар сармо саргардон шаванд. Мақомоти маҳаллӣ тасмимро қонунӣ донистанд. Ҷонибҳо ба додгоҳ муроҷиат кардаанд.

"Огоҳ накарданд, ки..."

Хонаводаи Исломовҳо дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зиндагӣ доранд. Дар ҳавлии онҳо, ки бояд ба зудӣ тахриб шавад, гармхона ҳаст. Он барояшон даромад меорад. Ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мехоҳад, дар ҷойи ҳавлӣ ва гармхонаи онҳо бинои баландошёна сохта шавад.

Иззатой Исломова, соҳиби хона, гуфт, "ҳамроҳи биносозон аз наздик суҳбат накардаем. Онҳо як бор омада, одамонро ба Суд (Додгоҳ) доданд. Як рӯз марду зани маҳалла ба Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафтем, каме мубоҳиса карда омадем."

Ба иттилои дарёфтӣ, Нусратулло Салимзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар моҳи июли соли равон қарор кардааст, ки ширкати “Тоҷик муосир сохтмон” дар тақрибан 33 садяки замини ҷамоати Ёва бинои нав созад. Барои ин, бояд ҳафт ҳавлӣ вайрон карда шавад. Моликони ширкат маълум нест.

Икром Азизов, сокини ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мегӯяд, "ягон бор ба мо нфаҳмонданд. Огоҳ накарданд, ки хона насозед. Тахминан моҳи июн омада гуфтанд, ки дар ҷои хонаи шумо баландошёна мешавад. Аз ҳамон вақт ин тараф кор кашмакаш."

Ҷамоати Ёва

Дар ин ҳавлиҳо даҳҳо оила бо пайвандонашон зиндагӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, дар ин рӯзҳои сард аз мақомоти маҳаллӣ ҳушдор гирифтаанд, ки хонаҳояшонро холӣ кунанд. Танҳо дар як оилаи Шарифовҳо 15 кас зиндагӣ мекунад.

Ҳабиба Шарифова, соҳиби яке аз хонаҳои баҳсӣ, мегӯяд, "ба куҷо меравем? Як ваҷаб ҳам ҷойи иловагӣ надорем. Ё дар баландошёна манзил надорам. Дар 28-солагӣ бо чор фарзанд танҳо мондаам."

"Хонаи тайёрро дода, сарсон шавем?"

Бо дарназардошти ҳамин вазъ, Икром Азизови 70-сола низ чунин суол мегузорад: "Мегӯянд, ба шумо пули иҷора медиҳем. Мо хонаи тайёрро дода, сарсон шавем? Дар вақти пиронсолӣ мисли кӯчманчӣ аз ин тараф ба он тараф гардем?”

Иддае аз сокинон дар назди ҳавлияшон ба тиҷорат машғуланд. Бим аз он доранд, ки на танҳо аз хонаҳояшон маҳрум мешаванд, балки аз ягона манбаи даромадашон маҳрум мешаванд. Оилаи Пӯлодовҳо дар инҷо ба соҳибкории хурд машғуланд.

“Бе ҷойи кор мемонем, одам сарсон мешавад. Агар илоҷаш шавад, бинои баландошёна насозанд, беҳтар. Ҷойҳои холӣ бисёр аст. Худам ба танҳоӣ 4 оиларо мехӯронам. Агар тиҷорати мо аз байн равад, намедонам, чӣ хоҳад шуд,” – гуфт Бобоҷон Пӯлодов.

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Нусратулло Салимзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар суҳбати ҳузурӣ бо хабарнигори Радиои Озодӣ нахост ин масъаларо шарҳ диҳад. Далер Қаҳҳорзода, раиси ҷамоати Ёва, мегӯяд, амали онҳо қонунӣ ва бар асоси нақшаи куллист.

Кӯшиши бунёди биноҳои баландошёна дар ин минтақа дар ҳолест, ки лӯлаи обу ташноб надорад ва барқаш маҳдуд аст. Назари бинокорон дар ин бора то нашри ин гузориш маълум нашуд. Масъалаи сохтмони баландошёнаҳо дар манотиқи Тоҷикистон аксаран баҳсбарангез будааст. Ҳоло ширкатҳои бинокор ба заминҳои наздишаҳрӣ низ таваҷҷуҳ кардаанд. Ҷамоати Ёва дар канораи шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст.

Гузориши видеоӣ дар ин ҷо:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Суғд баҳси хонасозону соҳибхонаҳо ба додгоҳ рафт