Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарти хонасозиро дар Душанбе дигар карданд. Ба нафъу ба зарари кист? ВИДЕО


Дар Душанбе, ки дар ҳар гӯшааш бунёди биноҳои истиқоматӣ ва маъмурӣ ҷараён дорад, вале ҳамзамон шикоятҳо аз кори ширкатҳои сохтмонӣ зиёд аст, шарти хонасозиро сахттар кардаанд.

Мақомоти Душанбе бо қабули қароре гуфтаанд, минбаъд ширкатҳое ба сохтмони биноҳо ҳақ доранд, ки гардиши солонаи молиашон аз 10 миллион сомонӣ кам набошад. Барои силсилаи сохтмонҳо доштани панҷоҳ миллион сомонӣ талаб мешавад.

Иддае бовар доранд, тасмими мақомот ба нафъи мардум аст, то биноҳо дар вақташ сохтаву ба истифода дода шаванд. Дигарон фикр мекунанд, хонасозӣ дар Душанбе ба монополияи чанд ширкат табдил хоҳад ёфт.

"Аз мардум пулро мегиранду мераванд"

Раиси Иттиҳоди меъморони Тоҷикистон тасмими шаҳрдориро дурусту “деринтизор” номид. Баҳром Юсупов бовар дорад, чунин талабот имкон хоҳад дод, ки сокинон бе дарди сар соҳиби хонаву дар шаванд.

“Ҳозир духтур ҳам сохтмончӣ шудааст ва муаллиму тоҷир ҳам. Пул надоранд, аз уҳдаи кор намебароянд. Барои зербино чуқурӣ мекобанд ва аз мардум ғарам-ғарам пул мегиранд ва баромада мераванд. Пул надошта бошанд, ҳунар надошта бошанд, кор накунанд,” – гуфт ӯ рӯзи 5-уми июл дар суҳбат ба Радиои Озодӣ.

Наворро дар инҷо бинед:

Дар Душанбе дигар ҳама ҳаққи хонасозиро надоранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:02 0:00

Кӯшиши мо барои суҳбат бо моликони чанд ширкат то ин дам бенатиҷа буд. Онҳо нахостанд, дар ин бора ошкоро гап зананд, ҳарчанд пинҳонӣ мегуфтанд, ки мушкили зиёд доранд.

Ҳукумати Душанбе тасмимро шарҳ надодааст. Танҳо дар матни қарор гуфтаанд, ҳадаф “шаффофият дар интихоби дурусти шахси ҳуқуқӣ ва ҳимояи манфиати ҳиссагузорон” аст.

Фозилҷон Фатуллоев
Фозилҷон Фатуллоев

Фозилҷон Фатуллоев, шореҳи иқтисодӣ, мегӯяд, тасмим метавонад, ба баланд шудани сифати кори ширкатҳои сохтмонӣ таъсир гузорад. “Лекин аз тарафи дигар ширкатҳоро маҷбур мекунад, ба ҳам биоянд ва талаботро якҷоя иҷро кунанд,” – гуфт ӯ.

"Монополия"

Ба қавли баъзе аз коршиносони дигар, тартиби нави додани иҷозат ба сохтмони биноҳо ин бахши сердаромадро дар Душанбе ба монополия ё инҳисори чанд ширкат табдил хоҳад дод.

“Ҳимояи ҳуқуқи харидорон кори хуб аст, аммо ба назари ман, ин тасмим бо мадади сохтмончиёни бузурге, ки дасташон дароз аст, гирифта шудааст. Ин соҳа низ ба монополия табдил мешавад. Ва ширкатҳои хурди сохтмониро аз бозор хориҷ мекунанд ва хеле нафаронро аз кор маҳрум,” – шарҳ дод Абдуманнон Шералиев, коршиноси тоҷик.

Абдуманнон Шералиев
Абдуманнон Шералиев

Айни замон ҳамсуҳбати мо роҳҳои ҳалли масъаларо чунин баён кард: “Масалан, ширкатҳои суғуртавиро вориди кор кард. Ё маблағи кафолати 10 миллион муқарраршударо каме поинтар бурд. Ҷараёни гирифтани пули муштариёнро низ зери назорати шадид гирифт.”

Ҳукумати Душанбе соли гузашта аз тарзи сохтмони биноҳо дар пойтахт танқид карда, гуфта буд, баъзе аз биноҳо роҳҳои зарурӣ, майдони бозии кӯдакон ва шароити равуо барои маъюбону таваққуфгоҳ надоранд.

Сокинон мегӯянд, мақомот солҳо боз аз ин вазъ хабар доранд, ваде дар амал коре накардаанд. Онҳо асосан аз таъхир дар сохтмони биноҳо, фурӯхтани як манзил ба чанд нафар ва пули муштариёнро гирифтани ғайб задани моликони ширкатҳо шикоят доранд.

Оҷонси омор хабар дод, ки аз аввали имсол бунёди манзил дар Тоҷикистон дар муқоиса ба соли гузашта тақрибан ним дарсад кам шудааст. Соле пеш ба тақрибан 15 миллиард сомонӣ 1 миллиону 430 ҳазор метри муррабаъ манзил сохта буданд.

XS
SM
MD
LG