М.Ходорковский: Маҳбусони сиёсӣ дар зиндонҳои Русия ҳанӯз зиёданд (2 ВИДЕО)

Михаил Ходорковский дар нишасти хабариаш дар Берлин гуфт, ба сиёсат машғул шуданӣ нест, вале барои раҳоии маҳбусони сиёсие, ки дар зиндонҳои Русия мондаанд, мубориза хоҳад бурд.
Михаил Ходорковский, миллиардери собиқи рус мегӯяд, ҳанӯз ҳам дар кишвараш зиндониёни бисёри сиёсӣ паси панҷаранд. Ӯ дар нишасти хабарие дар шаҳри Берлин пойтахти Олмон гуфт, ки баъди раҳоии ӯ набояд фикр кунанд, ки дигар дар Русия зиндониёни сиёсӣ боқӣ намондаанд.

Ходорковский ду рӯз баъд аз он сӯҳбат кард, ки Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ӯро авф кард. Михаил Ходорковский, ки баъди раҳоияш билофосила ба Олмон омад, мегӯяд, раводиди яксолаи Олмонро гирифтааст, вале намедонад, ки то кай дар ин кишвар мемонад.

Ходорковский дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, агар ба Русия баргардад, шояд дигар ба кишварҳои дигар рафта натавонад, зеро ҳанӯз ҳам парвандаҳои ҷиноии ҳалношуда алайҳи ӯ боқӣ мондаанд. Вай афзуд, ки қасди фаъолиятҳои сиёсиро ҳам надорад: “Ман нияти машғул шудан ба фаъолиятҳои сиёсиро надорам. Ва ончиро ки дар номаам ба Владимир Путин гуфтам, борҳо такрор кардам. Ман қасд дорам, ба фаъолияти ҷамъиятӣ машғул шавам, мубориза барои қудрат кори ман нест. “

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ходорковский: Маҳбусони сиёсӣ дар зиндонҳои Русия ҳанӯз зиёданд


Аз Ходорковский пурсиданд, ки агар ба сиёсат машғул шуданӣ нест, оё тиҷоратро идома медиҳад? Ӯ дар посух гуфт, ки ба қадри кофӣ барои зиндагиаш пул дорад ва мехоҳад ба дигар корҳо машғул бошад: “Ман мехостам, ба хотири зиндагии инсонҳое, кор кунам, ки вазъи онҳо аз ман бадтар аст. Яъне барои онҳое, ки то ҳол дар зиндон ҳастанд ва мехоҳам, барои ҷомеаи Русия кор кунам, ки муҳим аст, то андаке тағйир ёбад ва зиндагии мо дар Русия беҳтар шавад. “

Миллиардери собиқи рус дар робита ба Бозиҳои олимпии Сочӣ, ки баъзе аз раҳбарони кишварҳои ҷаҳон аз ширкат дар расми ифтитоҳи он даст кашидаанд, гуфт, набояд ин бозиҳоро ба сиёсат омехта кунанд: “Ман ба ин ақида ҳастам, ки бозиҳои Сочӣ ҷашни варзиш аст, ҷашни миллионҳо нафар аст ва барои ҳамин набояд онро халалдор кард. Дигар ин ки онро набояд ба ҷашни хусусии раиси ҷумҳур Владимир Путин табдил дод, зеро ин ҳам кори дурусте нест. Вале ман намехостам, ки ҷашни миллионҳо нафарро халалдор кунам. “

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ходорковский ба матбуот ва тарафдоронаш сипос гуфт


Ходорковский ҳамин тавр, изҳори умед кард, ки раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович ба пайравӣ аз Путин сарвазири собиқи ин кишвар Юлия Тимошенкоро ҳарчӣ зудтар аз маҳбас раҳо кунад.

Ходорковскийи 50-сола рӯзи 20 декабр бо фармони раисиҷумҳури Русия Владимир Путин “ба далоили инсондӯстона” афв шуд ва билофосила ба Олмон рафт. Ӯ рӯзи шанбе дар меҳмонсарои “Алдон”-и Берлин барои бори аввал баъди раҳоияш бо аъзои хонаводаи худ - падару модараш Борис ва Марина ва писараш Павел вохӯрд. Раҳбари собиқи ширкати нафтии “Юкос”-ро соли 2003 бо гуноҳи дуздӣ, сарпечӣ аз пардохти молиёт ва тақаллуби молӣ ба зиндон маҳкум карданд, вале ӯ худро бегуноҳ медонад ва мегӯяд, ки ҳамаи иттиҳомот ангезаҳои сиёсӣ дорад. Михаил Ходорковский яке аз мунтақидони ҳукумати Русия буд ва баъзе аз аҳзоби сиёсии мухолифи давлатро ҳам сармоягузорӣ кардааст.

Қабл аз нишаст...

Нахустин нишасти хабарии олигархи собиқи рус баъди раҳоияш аз зиндон дар назди гузаргоҳи Чарлӣ – яке аз рамзҳои даврони Ҷанги сард, ки дар он аҳд аз маъдуд роҳҳои гузар байни Берлини ғарбӣ ва Берлини коммунистӣ буд, баргузор шуд.

Ходорковский баъди раҳоӣ билофосила ба хориҷ рафтанашро натиҷаи фишорҳои ғайриалании мақомоти Русия номид, ки ба гуфтаи ӯ, агарчанд ошкор намегуфтанд, вале мехостанд, ки ӯ дар Русия набошад.

Раҳбари собиқи ширкати нафтии “Юкос” аз соли 2003 бо ҷароими иқтисодӣ дар маҳбас ба сар мебурд, вале ҳомиёни ҳуқуқ ӯро маҳбуси сиёсӣ мехонданд ва худи ӯ ҳам дар ду гоҳе ки алайҳаш жоир шуд, ҳеҷ яке аз иттиҳомотро напазируфтааст.

Ходорковский бо модараш дар Берлин

Ходорковский то кунун нақшаҳояш барои оянда, аз ҷумла инро ки оё ба Русия бар хоҳад гашт ё на? эълон накарда аст. То ҳол ин ҳам маълум нест, ки оё раҳоии ӯ аз маҳбас аз сӯи мақомоти Кремл таҳти кадом шарту шуруте сурат гирифтаву Маскав барои бозгшати ӯ ба кишвар боз чӣ шартҳое пеши Ходорковский гузоштааст?

Ходорковский тайи 10 соле ки дар зиндон ба сар бурд, ягон иттиҳоми ба зиддаш эълоншударо эътироф накард ва дар нахустин паёми катбиаш баъди раҳоӣ дар Олмон ҳам гуфт, ки ҳангоми афви ӯ талаби эътирофи гуноҳ матраҳ нашудааст. Тарафдорони Ходорковский таъқибу боздошт ва муҳокимаи Ходорковский ва ёронашро ҳомили ангезаҳои сиёсӣ медонанд ва мегӯянд, ки ӯ барои пуштибониаш аз аҳзоби мухолиф ва ба чолиш кашидани Кремлин муҷозот шудааст.

Ходорковский дар нахустин мусоҳиба баъди раҳоияш ба нашрияи “Новое время”-и чопи Маскав гуфтааст, дар замони боздошт ӯ бо ҳамсараш Инна танҳо чанд мулоқоти ангуштшумор доштааст. Ӯ гуфтааст, ки ҳоло”як эҳсоси боварнокардании озодӣ” фарояш гирифтааст.

Раҳоии Михаил Ходорковский тавассути миёнҷигии дипломати собиқадори немис Ҳанс- Дитрих Геншер, ки дар замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ вазири хориҷаи Олмон буд, сурат гирифтааст. Гуфта мешавад, ки интиқоли Ходорковский аз зиндон ба Берлин дар таърихи 20 декабрро ӯ бо мақомоти Русия ӯ маслиҳат кардааст.

Александер Рар, сиёсатшиноси немис, ки Геншерро дар ин музокирот, аз ҷумла ба ҳайси тарҷумон кумак кардааст, ба шабакаи русизабони RTVi гуфт, дар раҳоии Ходорковский нақши калидиро дипломатияи “махфӣ”-и Олмон бозӣ кард: "Тамоми ин қазия – озодии Ходорковский ва тамоми қазияи Ходорковский кори дипломатияи махфии немисӣ буд. Ва шукри Худо, ки Олмон ҳанӯз каналҳои махфиву нимамахфии тамос бо Русияро, ки Амрикову кишварҳои дигар шояд дигар надоранд, ҳифз кардааст. Дар чунин вазъ ҳамин гуна каналҳо метавонанд ба кор биоянд.”

Александер Рар, ки бо Ходорковский баъди интиқолаш ба Берлин низ муддате тамос доштааст, мегӯяд, ки “табъи ӯ хеле болида асту чашмонаш медурахшанд ва мехоҳад беист сӯҳбат кунад. Ва чизи зиёде барои гуфтан ҳам дорад.”