Ҳамзамон дар қарори додгоҳ гуфта шудааст, ки ҳангоми бозрасии парванда ҳуқуқҳои Михаил Ходорковский ва Платон Лебедев поймол шуданд ва на дар маҳалли зист, балки дар вилояти Чита ва минтақаи Ямалу Ненетс зиндонӣ кардани онҳо ғайри қобили қабул аст. Дар қарор гуфта шудааст, “иттиҳом алайҳи тоҷирони рус бепояву бунёд нест, аммо бозрасии парвандаи онҳо ноодилона буд”. Додгоҳ ҳамчунин ба натиҷае расид, ки ба вакилони дифои Ходорковский барои шикоят бурдан ба Додгоҳи аврупоӣ фишор овардаанд ва аз Маскав талаб кард, ки ба онҳо ба маблағи 10 ҳазор евро ҷубронпулӣ пардохт намояд.
Ин дуввумин аризаи раҳбарони пешини ширкати ЮКОС ба Додгоҳи аврупоӣ
оид ба ҳуқуқи башар буд. Ду сол пеш ҳам ин додгоҳ аз эътирофи ангезаи сиёсӣ доштани парванда сарпечӣ карда ва аммо ба нақз шудани ҳуқуқҳои Михаил Ходорковский ва Михаил Лебедев таъкид намуда буд.
Марина Ходорковская, модари раҳбари пешини ЮКОС, дар сӯҳбат бо Би-Би-Си қарори додгоҳи Страсбургро “тарсуёна” ва ҳатто “ғайриҳирфаӣ” номидааст. Ба гуфтаи ӯ, "фақат шахси кӯру кару гунг ангезаи сиёсӣ доштани ҳама он чиро бо ЮКОС гузаштааст, наметавонад бубинад". Аммо Карина Москаленко, вакили дифоъи Михаил Ходорковский, аз қарори Додгоҳи Аврупоӣ оид ба ҳуқуқи башар қаноатманд аст, зеро он “далелҳои зиёди нақзи ҳуқуқ ҳангоми бозрасии парванда ошкор шудааст”. Элана Липтсер, вакили диофи Платон Лебедев гуфтааст, ки қарори Додгоҳи Аврупоӣ аҳамияти бузург дорад – он собит мекунад, ки Ходорковский ва Лебедев ғайриқонунӣ маҳкум ба зиндон шудаанд”.
Сергей Никитин, раиси дафтари созмони Афви Байнулмилал дар Русия, дар ташреҳи қарори Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар оид ба парвандаи Михаил Ходорковский ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, “мо ҳамеша таъкид
мекардем, ки ҳам дар парвандаи аввал ва ҳам дар парвандаи дуюм дар баробари Ходорковский ва Лебедев қонуншиканиҳои зиёди меъёрҳои протсесуалӣ мушоҳида шуд ва ин баёнгари он буд, ки дар парванда ангезаи сиёсӣ мавҷуд аст”. Ӯ афзуд, “қарори Додгоҳи Аврупоӣ хело муҳим аст, зеро он дар асл бисёр талабҳои Ходороковский, аз ҷумла, дар мавриди ҷуброни молиявиро, қонеъ кард. Додгоҳ бори дигар таъкид кард, ки чун гап сари парвандаи аввал меравад, ба меъёрҳои протсесуалӣ беэътиноӣ шудааст ва барои мушкил кардани мавқеъи вакилони дифоъ талошҳое сурат гирифтааст. Аз ин пеш Афви Байнулмилал ба ин нуктаҳо ишора карда буд ва қарори Додгоҳи Аврупо фақат дуруст будани хуосаҳои моро тасдиқ мекунад”.
Михаил Ходорковский ва Платон Лебедев аз соли 2003 ба ин сӯ дар маҳбасанд ва бояд соли оянда чаҳордевори зиндонро тарк намоянд. Моҳи майи соли 2005 додгоҳи ноҳияи Мешани шаҳри Маскав ҳарду онҳоро бо иттиҳоми сарпечӣ аз пардохти андоз ба 9 солии маҳбас маҳкум кард. Моҳи декабри соли 2010 додгоҳи Хамовникии Маскав онҳоро дар яғмои нафти тавлидкардаи ширкати ЮКОС айбдор хонд ва барои ҳар кадомашон 14 солии маҳбасро лоиқ донист. Моҳи декабри соли 2012 додгоҳи шаҳри Маскав ҳукми онҳоро то 11 солӣ коҳиш дод.