Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев гуфт, "ҳукми Ходорковский бозбинӣ шавад"


Дмитрий Медведев ба бозбинии қонунмандии ҳукми зиндони раҳбари собиқи ширкати нафти ЮКОС амр додааст.

Михаил Ходорковскийи 48-сола, ки аз мунтақидони Кремл аст, аз соли 2003 ба ин сӯ дар боздошт ба сар мебарад ва ду сол пеш замони ҳукми зиндони ӯро то соли 2017 тамдид карданд. Ходорковскийро гурӯҳҳои байналмилалии ҳуқуқи башар маҳбуси ақидатӣ мешиносанд.

Кремл тасмими бозбинии ҳукми Михаил Ходорковскийро ҳамагӣ як рӯз баъд аз интихоботи раёсатҷумҳурии Русия ва ба даври севум ва инбор шашсолаи раёсат даст ёфтани Владимир Путин эълон кард. Ходорковский дар соли 2003, дар аҳди раҳбарии Путин бо иттиҳоми тахаллуф ва сарпечӣ аз пардохти молиёт боздошт шуд ва Путин ҳамеша аз таъқиби ҷиноии ин марди дар гузашта бойтарини Русия пуштибонӣ мекард.

Дар баёнияи Кремл омадааст, ки бозбинии парвандаи Ходорковсий аз ҷониби Додситони кулл Юрий Чайка бояд то 1 апрел такмил шавад. Кремл дар маҷмӯъ, бознигарии ҳукми 32 нафар, аз ҷумла шарики тиҷории Ходорковский – Платон Лебедевро низ дархост кардааст.

Вокуниши вакилони мудофеъи Ходорковский ба ин тасмим ҳанӯз мӯҳтотона аст. Юрий Шмидт гуфт: “Ин шояд як тасмими расмист, ки шояд ягон ҳадаф надошта бошад. Ваё ин метавонад аломат аз боло бошад, ки онҳо алакай дар мавриди қатъи парвандаи Ходорковский ва Лебедев тасмим гирифтаанд.”

Вадим Клюгант, вакили дигари Ходорковский ба Ройтерс гуфт, аҳамияти воқеъии ибтикори Медведевро танҳо дар пайи маълум шудани натоиҷи тафтишот метавон қазоват кард.

Қарори Медведев дар пайи мулоқоти рӯзи 20 феврали ӯ бо раҳбарони мухолифин аст, ки дар он ба раисиҷумҳур рӯйхати маҳбусони сиёсиеро супурданд, ки мухолифин раҳоии онҳо аз зиндонҳоро талаб мекунанд.

Ходорковский дар соли 2005 ба 8 соли зиндон ва дар соли 2010 боз ба 6 соли дигар маҳкум шуд ва ҳукмаш танҳо дар соли 2017 адо хоҳад шуд. Аммо тарафдорони ӯ, ҳомиёни ҳуқуқ ва давлатҳои Ғарб мегӯянд, ин парвандаҳо тобиши сиёсӣ дошта, Кремл аз ӯву шариконаш барои ҳимояти молӣ аз аҳзоби мухолифи раҳбарии Путинро интиқом гирифтааст.

Худи Ходорковский 2 сол пеш дар додгоҳи Маскав чунин гуфт: “Ин тортанаки заҳрдори сталиниро аз кадом таҳхона кофта, ёфтаанд, ки ин ҳарзаро навиштааст? Бо чунин низоми адлия чигуна метавон дар бораи сармоягузориҳои дарозмуддат ба ин Русия фикр кард?”

Ходорковский феълан дар маҳбасе дар Карелия адои ҳукм мекунад. Афви байналмилалӣ ӯро маҳбуси сиёсӣ мешиносад. Ходорковский дар интихоботи ахир аз мардум даъват карда буд, ки ба ягон номзади дигар раъй диҳанд, на ба Путин.
XS
SM
MD
LG