Додситонии кул Файзи Олиро бо гумони "дурӯғгӯӣ" нисбат ба кормандонаш ба додгоҳ кашидааст.
Ин вакили мудофеъ рӯзи 25-уми ноябр дар Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе даъворо беасос хонд. Ӯ гуфт: "Ман бо розигии зерҳимояам ба прокурори генералӣ (додситони кул) муроҷиат кардам. На ба воситаи ахбор, на ба Интернет. Ба ҷойи он ки дар бораи мактуби ман санҷиш баранд, гуфтаҳои моро гирифтанду нисбат ба ман парванда кушоданд."
Ба қавли Файзи Олӣ, шахси зери ҳимояташ ҳоло дар ҳабс аст: "Вайро маҷбур кардаанд, ки аз баёноташ даст кашад. Гӯяд, ки мо ба Файзи Олӣ ин хел ваколат надодаем. Ҳамин мактубҳоро прокуратура гирифта, дар даруни парванда гузоштааст, ки ман гуё аз пеши худам мактуб навиштаам. Шамсуллоҳ Ҳамроҳзода ба сабаби он ки фарзандашро таъқиб накунанду ба ҷиноят накашанд, гуфтааст, ман имзо накардам. Набошад, ваколатномаро барои чӣ додӣ?"
Баҳси додгоҳии Файзи Олӣ бо мақомоти Додситонии кул наздик ба панҷ моҳ идома дорад. Додситонӣ шикояташро шарҳ надодааст. Тамосҳои мо низ ба ин идора бепосух монд.
Додгоҳи ноҳияи Сино парвандаи Файзи Олиро бар асоси моддаи 346, банди 3-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "Дидаю дониста расонидани хабари дурӯғ нисбат ба прокурор" баррасӣ мекунад. Ин банди Кодекси ҷиноӣ аз панҷ то ҳафт сол ҷазо пешбинӣ кардааст.
Файзи Олӣ дар гузашта дар чанд қазияи пурсарусадои додгоҳӣ, аз ҷумла боздошту ҳукми зиндони Саиднуриддин Шамсиддинов (судиҷрочии собиқ) ва марги Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами яки Душанбе ба ҳайси вакили мудофеъ баромад кардааст.
Гузориши видеоӣ дар ин ҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад