Ҳайати нави порлумони Тоҷикистон тарҳи ислоҳи "Қонун дар бораи адвокатура"-ро баррасӣ карданд, ки вакилони мудофеъро вазифадор мекунад, бо даъвати муфаттиш ё додситон фавран ба назди онҳо ҳозир шаванд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон, ки дар оғози моҳи март интихоб шуданд, ҳафтаи гузашта дар ҷаласаи нахустини шӯрои маҷлис тарҳи қонун “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” ва лоиҳаи тағйиру илова ба қонун “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ”- ро баррасӣ карданд. Ташаббуси мақомот барои ислоҳи ин қонунҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон Тоҷикистонро барои душвор кардани кори вакилони дифоъ сахт танқид кардаанд.
Ба иттилои Маҷлиси намояндагон, мувофиқи қонуни дуввум адвокат бо Маркази ёрии ҳуқуқӣ созишнома баста, уҳдадор мешавад бо даъвати ин марказ "ба назди муфаттиш, прокурор ё судя фавран ҳозир шавад". Маркази ёрии ҳуқуқӣ муассисаи давлатӣ ва тобеи вазорати адлия аст ва дар 32 шаҳру ноҳия намояндагӣ дорад.
Баъди баррасии ҳар тарҳи қонун дар шӯро вакилон онро дар ҷаласаи палатаи поёнии порлумон баррасӣ ва аксаран қабул мекунанд. Файзи Олӣ, вакили мудофеи тоҷик, рӯзи 26-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, то кунун ҳолатҳое пеш омадааст, ки шахс боздошту бозпурсӣ мешавад ва нисбат ба ӯ айб эълон мегардад, аммо вакили дифоъ надорад. Аз гумонбар ариза мегиранд, ки ӯ довталабона аз кумаки адвокат даст кашид. Ӯ афзуд: "Ҳол он ки аз лаҳзаи оғози тафтишоту бозпурсӣ гумонбаршуда бояд адвокат дошта бошад ва зери фишор ба зидди худ нишондод надиҳад".
Файзи Олӣ афзуд бо қабул шудани қонуни нав, бо даъвати муфаттиш ва ё додситон адвокат ҳозир мешавад, ки барои ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои гумонбар ниҳоят муҳим аст. Ӯ гуфт: "Қабул шудани ин қонун ба фоидаи кор аст. Дар сурати ҳузур доштани адвокат ҳангоми бозпурсӣ шиканҷа, зӯроварӣ нисбат ба гумонбаршуда аз байн меравад. Адолати иҷтимоӣ ва баробарӣ дар назди қонун, адолати судӣ таъмин мешавад".
Бо зӯр "довталабона" аз вакили дифоъ даст мекашанд
Чанде аз ваклони дифоъ ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар суҳбатҳои ҷудогона ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар Тоҷикистон дар аксари ҳолат гумонбарон дар соатҳои аввали тафтишот, ки тақдири минбаъдаашон ҳал мешавад, бо адвокат таъмин нестанд. Дар аксар ҳолат онҳо зери фишори тафтишот гӯё довталабона аз ёрии адвокат даст мекашанд. Ин нукта боис ба танқиди созмонҳои ҳуқуқи байналмилалӣ шуд ва се сол пеш бо кумаки Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” таъсис ёфт. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, бо воситаи қабули ин қонун ва “фавран ҳозир шудани адвокат” бо даъвати муфаттиш ва ё додситон мақомот мехоҳанд, нишон бидиҳанд, ки ҳуқуқи гумонбаронро риоя мекунанд.
Як вакили мудофеи ботаҷриба, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт қонунан “уҳдадор кардани адвокат, ки бо даъвати муфаттиш ва ё покурор бояд фавран ҳозир шавад, эътибори институти адвокатураро поин мебарад. Адвокат бояд бо хоҳиши шахси таъқибшаванда ва ё наздикони ӯ интихоб шавад. Он гоҳ дар бораи ёрии ҳуқуқии воқеӣ сухан гуфтан мумкин аст. Адвокате, ки бо фармони муфаттиш ҳозир карда мешавад, чӣ гуна аз ҳуқуқи касе дифоъ мекунад? Ин як чизи расмӣ мешавад, ки адвокат ҳаст? Ҳаст! Ин гуна адвокатҳо чизе, ки тафтишот гуфт, зери ҳамон имзо мегузоранд".
Абдуқаюм Юсуфов, ҳуқуқшиноси варзидаи тоҷик ва яке аз муаллифони тарҳи қонун “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” мегӯяд, то ба ҳол “ғайр аз Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ва қонун “Дар бораи адвокатура” дигар қонуне шакли ройгони ёрии ҳуқуқиро танзим намекунад ва адвокатхо бепул ёрӣ мерасонанд”.
Дар сурати қабули ин қонун вакилони дифоъ бо имзои созишнома бо Маркази ёрии ҳуқуқӣ барои ин гуна кумакҳо ҳаққи заҳмат хоҳанд гирифт. Айни замон Маркази ёрии ҳуқуқӣ бо маблағи созмонҳои донор ва ё кумакрасон фаъолият дорад. Юсуфов мегӯяд, “баъди тамом шудани пули лоиҳаи созмонҳои байналмилалӣ қарор аст, марказ аз буҷаи давлат сармоягузорӣ шавад” .
Вакили дифоъ касби "хатарнок" дар Тоҷикистон
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, солҳои охир дар Тоҷикистон фаъолияти вакилони мудофеъ мушкил шудааст. Соли 2017 Тоҷикистон қарор кард, ки танҳо шахсоне ҳаққи фаъолияти адвокатӣ доранд, ки иҷозатнома бигиранд. Иҷозаи кор ба вакилони дифоъ пас аз супурдани имтиҳон дода мешавад. Ду соли пеш баъд аз имтиҳони вазорати адлия тақрибан якуним ҳазор вакили дифоъ ҳаққи фаъолиятро аз даст доданд. Ҳоло 800 нафар мақоми вакили мудофеъро соҳиб шудаанд.
Тоҷикистон баъди чунин "аттестатсия" зери танқиди сахти созмонҳои ҳомии ҳуқуқ қарор гирифт, ки гуфтанд, мақомот бо ҳамин баҳона хостанд, аз вакилони дигарандеш халос шаванд. Чанд вакили дифоъ, ки аз ҳаққи мухолифони давлат ҳимоят мекарданд, ё ҳукуматро ошкоро танқид кардаанд, паси панҷара рафтаанд ва бархеи дигар кишварро тарк намуда, дар хориҷа паноҳанда шудаанд. Созмони Афви Байналмилал дар як гузориши хос дар бораи адвокатҳои тоҷик дар соли 2017 гуфт, “вакилони дифоъ зимни иҷрои вазифаи касбии худ ба монеаҳои бузург дучор мешаванд.”
Ба гуфтаи Афви Байналмилал, “дар Тоҷикистони имрӯза адвокат, хусусан адвокати ҳуқуқи инсон будан, маънои ба хатарҳои бемисл рӯ ба рӯ шуданро дорад”. Аз соли 2014 чандин вакили дифоъ дар Тоҷикистон, ки бо иттиҳоми "қаллобӣ" муҳокима ва ё маҳкум шуданд, дорои ангезаҳои сиёсӣ буд. Аз ҷумлаи онҳо Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов ҳастанд, ки солҳои тӯлонӣ ба зиндон маҳкум шудаанд.