Бо қарори додгоҳи Басманнии шаҳри Маскав 27-уми апрел Ҷумъахон Қурбонов бо гумони “маблағгузорӣ барои омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ” ба ҳабс гирифта шуд. Маълум нест то куҷо ин иттиҳом воқеан ҳам дуруст аст ва мавқеи Қурбонови 21-сола дар ин бора чӣ аст, вале додгоҳ гуфт: “Вазифаи Қурбонов ин буд, ки барои омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ маблағ фароҳам мекард, аз ҷумла, иштирокчиёни гурӯҳро бо васоили алоқа таъмин карда сари вақт пулашро пардохт мекард”. Қурбоновро, ки зодаи ноҳияи Фархор гуфта мешавад, то 22 май ба ҳабс гирифтанд.
Дар маҷмӯъ мақомоти рус аз боздошти 13 нафар, аз ҷумла 12 шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми ҳамла ба толори консертӣ дар таърихи 22 март хабар доданд. Дар миёни боздоштшудаҳо инчунин чор нафаре ҳам мебошанд, ки мақомот онҳоро иҷрокунандаи ҳамла меноманд, вале дуруст будани ин иттиҳомро собит кардан мушкил аст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Навори бозпурсии 4 гумонбари ҳамла ба "Крокус" дар РусияМақомоти ҳифзи қонун, ки ба ҳангоми боздошти чор шаҳрванди Тоҷикистон ба қонуншиканиҳои фаровон, ба вижа шиканҷаи бераҳмона даст задаанд, иддао мекунанд, ки маҳз ҳамин муҳоҷирони тоҷик ташкил ва иҷрокунандаи ҳамлаи маргбор мебошанд, ки 145 нафарро куштаву садҳо тани дигарро маҷрӯҳ бар ҷой гузошт. Вале созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, эътирофи таҳти шиканҷа бадастомада худ ҷиноят аст ва наметавонад чун далел эътироф шавад.
Ҳоло маълум нест гумонбари навбатӣ Ҷумъахон Қурбонов дар чӣ шароит боздошт шудааст ва то куҷо воқеан ҳам дар ин ҳодисаҳо шарик буд, маблағе, ки тафтишон мегӯяд, аз куҷо метавонист дар ихтиёри ӯ бошад.
Мақомот дар Тоҷикистон дар бораи ҳодисаҳои “Крокус” ваё вазъи боздоштшудаҳо дар Маскав иттилое нашр намекунанд ва маълум нест то куҷо муфаттишони тоҷик ҳам дар ҷараёни таҳқиқи ин ҷиноят дар Русия иштирок мекунанду аз ҳоли боздоштшудаҳо хабар доранд. Қаблан мақомоти вазорати корҳои хориҷии Русия ба Душанбе барои кӯмак дар таҳқиқи ҳамлаи террористӣ изҳори сипос карда буд.
Мунаққидон, ки шуморашон кам нест, ба номувофиқатҳои зиёде дар тафсири ҳодисаҳои Крокус, иттиҳоми аз забони тафтишоти Русия садодода ва даст доштани гумонбарони тоҷики боздоштшуда ишора мекунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Рӯзгори Муҳоҷир: “Мехоҳам вазири гурҷӣ аз ман узр пурсад!”Боздошти боз як шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони ҳамла ба КрокусНигаронии Тоҷикистон аз манъи беасоси вуруди шаҳрвандонаш ба қаламрави РусияМушкили визаи Туркия? Тайёраҳо нимахолӣ мераванду нимахолӣ меоянд