Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзгори Муҳоҷир:  “Мехоҳам вазири гурҷӣ аз ман узр пурсад!”


"Мехоҳам, вазири гурҷӣ аз ман узр хоҳад!" (Рӯзгори муҳоҷир #20)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:21:58 0:00

"Мехоҳам, вазири гурҷӣ аз ман узр хоҳад!" (Рӯзгори муҳоҷир #20)

Дар чанд ҳафтаи гузашта хабарҳо дар бораи ба хоки Гурҷистон роҳ надодани шаҳрвандони Тоҷикистон расонаӣ мешавад.

Мусофирони ҷудогона ваё гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистонро дар нуқтаҳои мухталифи сарҳади Гурҷистон нигоҳ дошта, баъди санҷиши санадҳо нагузоштаанд, ки вориди хоки ин кишвар шаванд.

Шарофиддин Холиқови 49-сола яке аз онҳо мебошад. Ӯро баъди расидан ба фурудгоҳ ду соат баъдаш бозпас ба Узбекистон фиристоданд. Бисёр мусоҳибони Радиои Озодӣ мегӯянд, чунин бархӯрд бо шаҳрвандони Тоҷикистон баъди ҳамла ба “Крокус сити ҳолл” мушоҳида мешавад.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Гурҷистон - кишвари воқеъ дар қалби Қафқоз аз соли 1994 ба роҳ монда шудааст. Аз он дам то имрӯз равобити ду давлат дар асоси заминаи хоси ҳамкориҳои пасошӯравӣ рушд меёбад ва Тоҷикистон ин кишварро ҳамчун шарики муҳими тиҷоративу иқтисодӣ арзёбӣ мекунад.

Айни замон дар шаш соли охир Гурҷистон роҳи асосии интиқоли мошинҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон шудааст. Ҷое, ки ба Тоҷикистон роҳи заминии наздиктар дорад ва барои соҳибкорону ронандагон раводид лозим намешавад.

Тавре аз сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Гурҷистон бармеояд, ин кишвар барои сайёҳон низоми осону дӯстона дорад. Тоҷикистон дар шумори кишварҳое дохил аст, ки шаҳрвандонаш метавонанд ба Гурҷистон бидуни виза сафар карда, муддати 1 сол он ҷо буду бош кунанд.

Аммо Анӯшервон Орипов, хабарнигори тоҷик мегӯяд, ӯро ки бо оилааш бо мақсади саёҳат мехостанд ба Гурҷистон тариқи роҳи заминӣ ворид шаванд, рӯзи 26-уми марти имсол барои вуруд ба ин кишвар иҷозат надоданд. Ӯ дар муддати сеюним соат шоҳиди ба Гурҷистон роҳ наёфтани 8 шаҳрванди Тоҷикистон шуд.

Ҳанӯз мақомот дар Тоҷикистон дар ин замина изҳори назар накардаанд ва маълум нест, оё дар бораи чунин шеваи бархӯрд бо шаҳрвандонашон бо дипломатҳои Гурҷистон ҳамсӯҳбат шудаанд ё на.

Рӯзи 26 апрел дар як иқдоми камсобиқа вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Русия дар Душанберо ба сӯҳбат даъват карда, аз ҳолатҳои эҷоди мушкил ва манъи вуруд барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хусусияти оммавӣ касб кардааст, изҳори нигаронӣ намуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG