“Ҷойи танг”, 350 мубталои ВИЧ ва марги 53 кас дар зиндонҳои Тоҷикистон

Яке аз зиндонҳои Тоҷикистон

Омбудсмени Тоҷикистон, ки пайваста барои хомӯшӣ дар баробари нақзи озодӣ ва ҳуқуқи мардум танқид мешавад, баъзе аз мушкилотро дар зиндонҳои кишвар ошкор кардааст.

Аз ҷумла, ин ниҳод дар гузориши наваш (2024) дастикам се зиндони вобаста ба Вазорати адлияро барои аз меъёр зиёд нигоҳ доштани маҳкумшудаҳо танқид намуд.

“Чунин вазъ ба вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ оварда мерасонад, ки меъёри майдони истиқоматиро ба ҳар шахс на кам аз чаҳор метри мураббаъ муқаррар кардааст,” – гуфта шудааст дар гузориши Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон.

Санҷиши ин ниҳод дар соли 2023 нишон дода, ки мақомот дар зиндони рақами 3/4 дар Душанбе 300 нафарро барзиёдӣ ҷой додаанд. “Дар муассисаи ислоҳии “ЯС 3/7” – 162 нафар ва дар муассисаи ислоҳии “ЯС 3/3” – 136 маҳкумшуда аз меъёр зиёд нигоҳ дошта мешаванд,” – хулоса кардааст Омбудсмен.

Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар моҳи апрели имсол “аз ҳад зиёд будани зиндониҳоро дар маҳбасҳои Тоҷикистон” мушкили ҷиддӣ номида буд.

Аз он пеш рӯзноманигори зиндонӣ Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ба наздиконаш шикоят кардааст, ки танҳо дар як утоқ то 60 нафарро бе дастрасии кофӣ ба об нигаҳ медоранд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон ҳар дафъа дар нишастҳои байнулмилалӣ мегӯянд, баъзе аз зиндонҳо нав ва шароити нигаҳдории маҳбусон ба талаботи байнулмилалӣ наздик шудааст. Омбудсмен ҳам дар бахше аз гузориши худ аз беҳтар шудани шароити зиндониён дар баъзе аз маҳбасҳо ситоиш карда, аз ҷумла гуфтааст, барои маҳбусони якумрӣ “шаш ҳуҷраи иловагӣ... шароит барои шустушӯ бо оби гарм таъмин гардид”.

То моҳи январи соли 2024 дар зиндонҳои Тоҷикистон беш аз 13 ҳазору 500 нафар ва дар боздоштгоҳҳо зиёда аз 1300 кас сабт шудааст. Беш аз 14 ҳазор мард, тақрибан панҷсад зан, 134 ноболиғ ва 244 хориҷӣ.

Дар ҳоле ки мақомот бовар доранд, гуноҳи ҳамаи зиндониён собит шудааст, созмону кишварҳои ғарбӣ ҳукми бархе, аз ҷумла хабарнигорону ҳуқуқдонҳо ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аъзои ҳизбу гурӯҳҳои сиёсиро беасос дониста, раҳоии онҳоро талаб кардаанд.

Тибқи омори наве, ки Омбудсмен дар гузориши солонааш овардааст ва онро “душворӣ” дар маҳбасҳои Тоҷикистон меномад, 350 зиндонӣ мубталои вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ) ва беш аз 100 нафари бемори сил будаанд

“Мушкили дигар фавти маҳкумшудаҳо мебошад, ки то ҳол нигаронкунанда боқӣ мемонад. Шумораи онҳо дар соли 2023 ба 53 нафар расидааст,” -- гуфта шудааст дар гузориши Омбудсмен. Дар соли 2022 марги 61 нафар сабт шуда буд.

Мақомот сабаби асосии марги зиндониёнро “бемориҳои дилу раг ва диабету саратон медонанд”. Вале эътилофи чаҳор созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа моҳи августи соли 2023 марги Ҷалолиддин Маҳмудов, узви пешини ҲНИТ-ро дар маҳбас "баёнгари муносибати ғайриқонунӣ ва зиддиинсонӣ нисбат ба зиндониёни сиёсӣ" номида буд.

Бар асоси омори расмӣ, дар Тоҷикистон 19 боздоштгоҳ ва зиндон мавҷуд аст. Дар ошӯбҳо дар зиндонҳои Хуҷанд ва Ваҳдат, ки солҳои 2018 ва 2019 рух дод, дар маҷмуъ 50 нафар кушта шуданд. Мақомот гуфтанд, ки ошӯб кори дасти ифротгароёни исломӣ буд, аммо ҳомиёни ҳуқуқ, бадрафторӣ бо маҳбусон, аз ҷумла тамаъҷӯиро низ аз омилҳои эҳтимолии ангезандаи исёни маҳбусон ном бурданд.