Ҷаннат Валиева (Ҳамзаева) - ҳамсари Собир Валиев - аз фаъолони "Гурӯҳи 24" баъди як рӯзи боздошт аз тарафи нерӯҳои амниятии Қирғизистон раҳо шудааст. Собир Валиев, ки феълан дар яке аз кишварҳои аврупоӣ ба сар мебарад, рӯзи 3 октябр гуфт, "воқеан, нерӯҳои амниятӣ шаби гузашта Ҷаннатро озод карда, аммо тамоми ҳуҷҷатҳояшро бо худ гирифтаанд".
Тамоми умр дар ҳамин ҷо зиндагӣ карда, фарзандонро ба дунё овардам ва кор кардам. Ин амали онҳо паст задани шаъну эътибори ман буд.Лилиана Ким
Ба қавли ин фаъоли "Гурӯҳи 24", мақомоти амниятии Қирғизистон ба ҳамсараш гуфтаанд, ки Собир Валиев таҳти пайгард аст ва ӯ ба ҳайси нафари наздиктаринаш боздошту бозпурсӣ шудааст. Ӯ иддао кард, ки "аз ҳамсарам хостаанд, зидди ман изҳорот диҳад. Вай қабул накардааст ва имзо нагузоштааст. Чунки бо вакили дифоъ таъмин набуд. Имрӯз барои гирифтани ҳуҷҷатҳо мераванд ва иттилои бештарро шояд дертар дастрас кунем", - афзуд ӯ.
Тафсилоти боздошти Ҷаннат Ҳамзаева инҷост
Собир Валиев гуфт, шаби гузашта бо ҳамсараш суҳбат дошт ва қазияи боздошти мармузи ӯро бо ҳомиёни ҳуқуқ ҷиддан пайгирӣ хоҳанд кард. Хонаводаи Ҷаннат Валиева (Ҳамзаева) низ дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ дар Бишкек тасдиқ карданд, ки ӯ дар хонаи модараш қарор дорад ва соати 2 барои суҳбат ба Кумитаи амният даъват шудааст. Онҳо гуфтанд, Ҷаннат соати 12-и шаби гузашта ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зисташ озод шудааст ва имрӯз бо вакилони дифои "Килим шами" барои суҳбат хоҳад рафт.
Ҷаннат Ҳамзаева шаби 1 ба 2 октябр, баъди парвозаш аз Истанбул ба Бишкек, аз тарафи нерӯҳои амниятии Қирғизистон дар фурудгоҳи Манас боздошт шуд ва то кунун мақомоти амниятӣ расман далели боздошти ӯро ба расонаҳо шарҳ надодаанд.
Нерӯҳои амниятии Қирғизистон рӯзи якшанбе хонаи хушдомани Собир Валиев Лилиана Кимро дар Бишкек низ кофтукоб карда, ба хабарнигорон иҷоза надоданд, то ин саҳнаро ба навор гиранд. Дертар Лилиана Кими 58-сола ва маъюби гуруҳи дувум дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, аз чунин бархӯрди мақомоти амниятии кишвараш сахт нигарон аст.
"Тамоми умр дар ҳамин ҷо зиндагӣ карда, фарзандонро ба дунё овардам ва кор кардам. Ин амали онҳо паст задани шаъну эътибори ман буд. Онҳо се нафар буданд ва ҳеҷ санад нагузоштанд. Фақат баъди тагурӯ кардани хона имзои маро гирифтанду рафтанд", - гуфт ӯ.
Қаблан созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ба мисли Ҳюман Райтс Вотч гуфта буданд, ки дастгир шудани Ҷаннат Ҳамзаева ба эҳтмоли қавӣ ба фаъолиятҳои сиёсии Собир Валиев рабт дорад. Собир Валиев ахиран дар ҳамоиши Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Варшава иштирок карда буд. Худи Валиев гуфт, ҳамсараш шаҳрванди Қирғизистон буда, аслан ба корҳои сиёсӣ дахолат надошт ва танҳо барои нигоҳубини модараш ба Бишкек рафта буд.
Собир Валиеви 28-сола як соли қабл ба ҳайси яке аз фаъолони созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24" муаррифӣ шуда, дар моҳи августи соли 2015 бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Кишинёв боздошт шуд. Ӯ тақрибан як моҳро дар боздоштгоҳи пойтахти Молдова паси сар кард ва баъдан бо қарори Додгоҳи ин кишвар озод гардид. Собир Валиев дар чанд гирдиҳамоии тарафдорони ин созмон дар Истанбул ва кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла нишасти Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Варшава иштирок ва суханронӣ кардааст.
"Гурӯҳи 24" як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон аст, ки бо қарори Додгоҳи олии ин кишвар аз 9 октябри соли 2014 фаъолияташ мамнӯъ ва бо ҳукми дигари ҳамин додгоҳ аз моҳи декабр созмони экстремистӣ эълон шудааст. Ин созмонро соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватов таъсис додааст, ки моҳи марти соли гузашта дар Истанбул кушта шуд.
Дар тобистон ва тирамоҳи соли 2014 “Гурӯҳи 24” ва созмонҳои шарикаш дар шаҳрҳои Русия як силсила гирдиҳамоиҳои муҳоҷирони тоҷик алайҳи ҳукумати кунунии Тоҷикистонро ташкил дода, аз мардум хостанд, то рӯзи 10 октябр дар як эътироз дар майдони марказии Душанбе ҷамъ шаванд. Ин гирдиҳамоӣ дар ниҳоят доир нашуд, вале ба таъқиби фаъолон ва тарафдорони “Гурӯҳи 24” оғоз гузошт.